Правовое просвещение надежная основа процветания…..

Previous slide
Next slide
Бо ташаббуси кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқ, имрӯз, 12 – уми март бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ дар мавзуи “Маърифати ҳуқуқӣ – кафили рушди ҷомеаи муосир” мизи мудаввар барпо шуд. Дар нишасти мазкур омӯзгорону донишҷӯёни фаъол ширкат намуданд.
Дар оғози ҳамоиш муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Илҳом Камолзода иброз дошт, ки бо ташаббуси Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024 Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардид. Бояд ифтихор кард, ки мо дар муҳити орому осуда умр ба сар мебарем ва ин аз ваҳдату ягонагӣ ва пойдории Истиқлоли кишвар гувоҳӣ медиҳад. Зери сиёсати оқилонаи Пешвои муаззами миллат дастовардҳои бузург ба даст омадаанд. Моро зарур аст, ки неъматҳои пурарзишро пос дорем ва баҳри ҳифзашон ҳамеша камари ҳиммат бубандем.
Дар идома муаллими калони кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқ Ш.Авизова дар мавзуи “Роль Основателя националного мира и единства, Лидера нации, Президента Республики Таджикистан, уважаемого Эмомали Рахмон в развитии правового просвещения населения” баромад намуд. Инчунин, ассистенти ҳамин кафедра Н.Муродова дар мавзуи “Пешгирии зӯроварӣ дар оила дар иртибот ба Соли маърифати ҳуқуқӣ” маърӯза ироа кард.
Ф.Халифаев — ассистенти кафедраи мазкур, дар мавзуи “Вазъ ва дурнамои қонунгузории миллӣ дар раванди ташаккули маърифати ҳуқуқии ҷомеа” сухан ронд. Дар заминаи маърӯзаҳо миёни иштирокдорон музокира сурат гирифт.
Дар анҷоми мизи мудаввар мудири кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқ, профессор Назир Азимзода оид ба нақши Пешвои миллат дар бунёди ҷомеаи ҳуқуқмеҳвар, барқарории сулҳу ваҳдат ва таърихи давлатдории навини тоҷикон ибрози андеша кард.
Муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Илҳом Камолзода ба мизи мудаввар ҳусни анҷом бахшид.