ФУТБОЛ ДАР БАЙНИ БОНУВОНИ ТОҶИК МАЪРУФИЯТ ПАЙДО МЕКУНАД

(бахшида ба 25 – май – Рӯзи ҷаҳонии футбол)

Одамон ҳама рӯз ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш машғуланд. Варзиш як ҷаҳони аҷиб, ҷолиб, аммо дар айни замон пурасрор ва пешгӯинашаванда аст. Омӯзиши шаклҳои қадимаи варзиш нишон медиҳад, ки варзиш ҳамчун қисми ҷудонашавандаи фаъолияти меҳнатӣ ва талаботи худмуҳофизаткунии халқ тараққӣ кардааст. Одамон ба ин соҳа аз давраи кӯдакиву наврасӣ аҳамият медодагӣ шуданд, ки ин бевосита ба анъанаву суннатҳои миллии мо ворид гардида, мақоми устувор пайдо намудааст.

Дар ин ҷо ҳар як варзиш ибтидои худро дорад, новобаста аз он ки он чанд вақт пеш ё ба наздикӣ пайдо шудааст. Фаъолияти варзишӣ ба шахсияти варзигар таъсири калон мерасонад. Зеро варзишгар мубориза мебарад, то натиҷаҳои баланд ва ғолибият ба даст орад.

Варзишгарон бо якдигар хушмуомилаанд ва муоширатро меписанданд. Дар онҳо мустақилияти бештар пайдо мешавад. Онҳо нуқтаи назари худро доранд, талаботи дар маркази диққати ҷамъият ва дӯстон буданро доранд. Мехоҳанд аз шуҳрат қаноатмандиро ҳис намоянд. Варзишгарон бе дастгириҳои мурабби ва давлат варзишгари соҳибмаърифат шуда наметавонанд.

Ба шарофати Истиқлоли давлатӣ ва сулҳу оромӣ дар кишвар соҳаи варзиш рушд ёфта, ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат табдил ёфтааст. Пешравӣ ва дастовардҳое, ки дар ин муддат соҳаи варзиш ба даст овардааст, дар таърихи ҷумҳурӣ беназир маҳсуб меёбанд. Дар ин раванд, ба истифода додани як қатор маҷмааҳо ва толорҳо ва майдончаҳои варзишӣ дастоварди бузургест.

Солҳои охир таваҷҷуҳи ҷавонон ба тарбияи ҷисмонӣ зиёд шуда, ба ҳамаи намуди варзиш майл менамоянд, пайваста ба ин низ духтарони варзишгар зиёд ба назар мерасанд. Асри ХХ1 замони дастовардҳои нав занон дар ҷодаи варзиши хоҳад буд, зеро имкониятҳои бештари нав барои амалӣ намудани орзую мақсади бонувон замина мегузорад. Ҳоло занон аз рӯйи намудхои гуногуни варзиш дар ҳадафҳои олӣ ноил гардидаанд. Бо дарназардошти урфу одат ва шароити зисту муҳити фикрронии шарқиёна бисёр варзишгарзанони тоҷик мавриди баррасиҳои нигаронкунанда қарор мегиранд.

Масалан, интихоби онҳо дар аксар намудҳои варзишӣ ҷомеаи муосири Тоҷикистонро, ки ғолибан, дар истиқбол аз андешаҳои бартарӣ додани мардон бар занон иборат аст, қонеъ нагардонида, боиси пайдо шудани баҳсҳои хонаводагӣ мегардад.

Имрӯз яке аз варзиши дӯстдоштатарини мардум футбол ба ҳисоб меравад, ки фаъолияти бонувон дар ин намуди варзиш дар ҷумҳури назаррас мебошад. Дар бозии футбол байни бонувону мардон ягон тафовут нест. Дар кишвар дастаҳои футбол байни бонувон ташкил гаштааст, ки бонувони тоҷик дар рушди он саҳми босазое гузошта истодаанд.

Ҳоло ба ифтихори духтарони тоҷик дар арсаҳои байналмилалӣ Парчами давлатии Тоҷикистон боло мешавад ва Суруди миллии Тоҷикистон садо медиҳад. Дастгирии волидон ва таваҷҷуҳи онҳо ба духтарон нерӯву қувват бахшида, сабаби комёбиҳои онҳо мегарданд. Падару модарон худашон духтаронашонро ба тамрингоҳ оварда, ба варзиш ҷалб менамоянд, ки ин ҳам як ҳисси муҳаббат ба Ватан ва саҳми арзишманди онҳо ба шумор меравад.

Ҳукумати кишвар ба хотири рушди соҳаи варзиш барои наврасону ҷавонон, ташвиқу тарғиб ва тарзи ҳаёти солим шароити мусоид фароҳам меорад, зеро варзиш воситаи беҳтарини нигоҳдории саломатии инсон ба шумор меравад. Дар замони соҳибистиқлолӣ на танҳо дар пойтахти мамлакат, балки дар тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ пешравиҳои зиёд ва ободиву созандагӣ ба назар мерасанд, ки ҳамаи онҳо аз сулҳу суботу ягонагӣ сарчашма мегиранд.

Инак, чунин варзишгарбонувон ба саҳна зиёд ворид гардида, парчамбардори миллат дар арсаи ҷаҳон ва шарафи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар майдонҳои мусобиқа дифоъ менамоянд. Бо дидани маҳорати варзишгарбонувони тоҷик дар майдони рақобат, ки дар намудҳои мухталифи варзиш ҳунарнамоии онҳо миллати мо рӯҳану ҷисман бедор гардида бо ҳунарнамоии хеш ҳамватанон шод мегарданд. Бояд тазаккур дод, ки ҳунарнамоии варзишгаре оқибат дар ҳунари дигар бонувон таъсиргузорӣ карда, варзиши занонаро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият бахшид.

Хушоянд аст, ки даврони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бонувони тоҷик ҳамаҷониба дастгирӣ меёбанд. Маҳз эълон гардидани Рӯзи ҷаҳонии футбол рӯйдоди муҳим барои тамоми тоҷикистониён ба ҳисоб меравад.

Имрӯз бонувони мамлакат, дар баробари касбу кори гуногун, ҳамчун варзишгарони шинохта низ ном баровардаанд. Бонувон, дарвоқеъ нерӯи бузурги ҷомеа буда, иззату икроми онҳо вазифаи аввалиндараҷаи мост. Мақсади тадқиқот гузаронидани таҳлили таърихии пеш аз таърих ва оғози рушди бонувони тоҷик дар ин намуди варзиш мебошад.

Камилова Фазилат, устоди варзиш, муаллими калони кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи шаҳрвандӣ