ДАСТОВАРДИ НОДИР ВА ЭҲТИРОМУ ЭЪТИРОФИ ҶАҲОНИЁН БА ПЕШВОИ ХИРАДОИНИ МИЛЛАТ

Дар остонаи бузургтарин рӯйдоди бузурги миллӣ – 35-умин солгарди Истиқлолият дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Донишгоҳи Пекин – яке аз бонуфузтарин марказҳои илмию таълимии Осиё ва ҷаҳон боздид намуда, соҳиби унвони баланди профессори фахрӣ гардиданд. Ин рӯйдоди фараҳбахш ва эҳтирому эътирофи ҷаҳониён боиси ифтихори бузурги ҳар як ватандори асил ва миллати тамаддунофари тоҷик мебошад.

Таърих бо ҳарфҳои тиллоӣ дарҷ кардааст, ки дар солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии хирадмандонаю дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист сиёсати хориҷии «дарҳои кушода»-ро амалӣ карда, бо беш 186 давлати ҷаҳон робитаҳои устувори дипломатиро ба роҳ монад. Дар ин миён, Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамчун ҳамсояи боэътимод ҷойгоҳи вижаеро соҳиб мебошад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Донишгоҳи Пекин чунин изҳор доштанд: “Кишвари мо бо як қатор давлатҳои наздику ҳамҷавор робитаҳои шарикиашро то ба сатҳи стратегӣ баровардааст. Боиси қаноатмандист, ки дар ин қатор ҳамсояи наздику боэътимоди мо – Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷойгоҳи хос дорад. Нигоҳе ба таърихи муосири муносиботи ду кишвар аз он дарак медиҳад, ки робитаҳои Тоҷикистону Чин аз ибтидо масири рушди устуворро тай намуда, имрӯз дар сатҳи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ қарор доранд”.

Густариши муносибатҳои байналмилалӣ, ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонӣ ва корҳои бузургу мондагори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти сиёсати хориҷӣ шоистаи зикру ифтихори бузург ва намунаи беҳтарини пайравӣ ба ҷаҳониён мебошад.

Пешвои хирадоини миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ғамхорӣ нисбат ба соҳаи маорифро “сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан” номидаанд, аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ то имрӯз ин соҳа ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи хоссашон қарор дошт. Роҳбари давлат барои баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забонҳои хориҷӣ ва фароҳам овардани шароити беҳтарин ба омӯзгорону муҳассилин иқдомоти бузургу арзишмандро дар амал татбиқ кардаанд.

Бинобар ин, унвони профессори ифтихории яке аз донишгоҳҳои пешсафу маъруфи Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самараи заҳматҳои бисёрсола, ташаббусҳои сатҳи баланд ва ғамхории ҳамешагии ин абармарди миллат нисбат ба соҳаи маорифу илм мебошад.

Хулоса, қадрдонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони профессори фахрии Донишгоҳи Пекин дастоварди нодири миллати тоҷик дар соҳаи илму маориф ба ҳисоб рафта, он бори дигар исбот менамояд, ки сиёсати ояндасози Сарвари давлат дар бахши илму маориф ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи вижаи ҷаҳониён қарор дорад.

Зиҳӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Доро НАВРӮЗЗОДА, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, мудири кафедраи журналистика ва иттилооти рақамӣ.