МАҲФИЛИ КИТОБХОНӢ ДАР БАЙНИ ОМӮЗГОРОН

Дар факултети равияи омӯзгории забони англисии Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бо ибтикори кафедраи филологияи англис маҳфили китобхонӣ бо иштироки омӯзгорон доир гардид, ки дар он китобҳои мутолиашуда, байни ҳам мавриди муҳокима ва саволу ҷавоб қарор гирифт.Дар маҳфил муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Абдурраҳимзода Бахтиёр, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Наврасов Абдурауф ва дигар кормандону омӯзгорон, инчунин омӯзгорони хориҷӣ ширкат намуданд.Мақсад ва ҳадаф аз баргузории маҳфили китобхонӣ дар байни омӯзгорон, пеш аз ҳама, рушти тафаккури зеҳнӣ, омӯзишу пажуҳиш, баланд бардоштани савияи нутқ, донишу малака мебошад. Чунин маҳфили китобхонӣ дар байни омӯзгорони кафедраи филологияи англис мунтаззам роҳандозӣ мегардад. Омӯзгорони кафедра дар муддати кутоҳ китобҳои бадеиро мутолиа менамоянд ва дар маҳфил он асари мутоилашударо, тариқи саволу ҷавоб ва виктаринаҳо мавриди музокира қарор медиҳанд.Муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Абдурраҳимзода Бахтиёр зимни суханронӣ, ба баргузории маҳфили китобхонӣ баҳои баланд дода, иброз дошт, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ яке аз самтҳои асосии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, омӯзгоронро мебояд, ки ба насли наврас забонҳои хориҷиро бо тарҳу усулҳои нав омӯзонанд. Дар ин замина донишу маҳорати омӯзгорон низ хеле муҳим арзёбӣ мегардад.