Field of study

МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ РАЁСАТИ КАДРҲО ВА КОРҲОИ МАХСУС

        Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус 21.02.2023 ташкил гардидааст. Раёсат аз сардор, сармутахассис ва мутахассис иборат буда, сардори раёсат Юсупова Бибиҷон Ғаниҷоновна, сармутахассис Даминова Соҷидамо Азимовна ва мутахассис Мирзоева Фарзона Назаровна мебошанд.

        Бояд қайд намуд, ки фаъолияти раёсат аз интихоб ва љобаљогузории кадрњои маъмурӣ-идоракунӣ, илмӣ- педагогӣ, муҳандисӣ-техникӣ, ҳайати ёрирасону хизматрасонии таълимӣ ва хоҷагидорӣ, назорат ва ба танзим даровардани риояи интизоми меҳнат аз ҷониби масъулини раёсат, ҳайати профессорон, омӯзгорон ва дигар кормандони Донишгоҳ, ба расмият даровардани (қабул, ҷойивазкунӣ ва озод намудани кормандони сохторҳои Донишгоҳ) фармоишҳои ректор, инчунин омода ва пешниҳод намудани кормандони Донишгоҳ ба вазифаҳое, ки дар ваколати мақомоти роҳбарикунанда қарор доранд ва аз тарафи онҳо тасдиқ мешаванд, ба низом даровардани парвандаҳои шахсии омўзгорон ва кормандон, омода намудани њисоботи омории ҳайати кадрии Донишгоҳ ва такмили ихтисоси онҳо, иштирок дар кори комиссияи тарификатсионї ва дар асоси меъёрии ҳуқуқӣ таҳия намудани лоиҳаҳои фармоишҳо дар бораи муқаррар намудани моҳонаи кормандони Донишгоҳ, иштирок дар кори комиссияи аттестатсионии Донишгоҳ, тайёр намудани зарурӣ барои кормандоне, ки ба сафари хизматӣ фиристода мешаванд, омода сохтани парвандаҳои шахсии кормандон ва маълумотномаҳои зарурӣ дар бораи онњо, ба ҳисоб гирифтани уҳдадории ҳарбии ҳайати кормандон ва ба хизмати ҳарбӣ омода сохтани  онҳое, ки ба синни хизмати ҳарббӣ расидаанд (дар ҳолати набудани сохтор ва ё шахси барои ин кор таъингардида), тайёр намудани  зарурӣ барои муқаррар намудани нафақаи ҳайати омўзгорон ва кормандон дар якқоягӣ бо иттифоқи касабаи Донишгоҳ, омода ва пешниҳод намудани  омўзгорон ва кормандони Донишгоҳ барои сарфароз гардонидан бо мукофотҳои соҳавӣ ва давлатӣ иборат аст.

        Зерсохторҳои раёсати кадрҳо ва корҳои махсусро шуъбаи умумӣ, шуъбаи дуюм, бахши бойгонӣ, таъминоти ҳуқуқӣ, бақайдгирии шиносномаҳо  ташкил медиҳад.