Дар шароити ҷаҳонишавии босуръат, ки бо буҳрони арзишҳои маънавӣ, фишори идеологияҳои рақобаткунанда, рақамигардонии фазои иттилоотӣ ва тағйирёбии сохторҳои иҷтимоӣ тавсиф мешавад, масъалаи нигоҳдорӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ ба яке аз масъалаҳои калидии стратегӣ табдил ёфтааст. Ин раванд масъалаи ҳастишиносии ҷомеа мебошад, зеро ҳувият ҳамчун пояи худшиносии инсон ва суботи иҷтимоӣ баромад мекунад.
Дар чунин фазои мураккаб ва мутазод, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ санаи 16.12.2025 ҳамчун як падидаи нодири сиёсӣ, маънавӣ зуҳур намуда, ба ташаккули шуури миллӣ, худшиносии шаҳрвандон ва низоми арзишии ҷомеа таъсир мерасонад. Паём дар ин маъно матни роҳнамо амал мекунад, ки дар он фалсафаи давлатдорӣ таҷассум меёбад.
Паём дар ин замина низоми мукаммали идоракунии маъно ва шуури ҷамъиятӣ мебошад, ки дорои хусусиятҳои барномаи стратегӣ барои рушди дарозмуддат, ки ба консепсияи рушди устувор такя мекунад, манбаи маънавӣ барои таҳкими арзишҳои миллӣ ва ахлоқӣ, модели танзими шуури ҷамъиятӣ тавассути ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамчун категорияи марказии иҷтимоӣ аст.
Паёмро метавон ҳамчун зоҳиршавии ҳастии маънавии инсон мураккаби сиёсӣ ва қудрат арзёбӣ кард, ки дар он се сатҳи бунёдӣ дониш, қудрат ва ахлоқ дар як низоми ягонаи маъносозӣ ҳамгиро мегарданд. Ин ҳамгироӣ тавлиди маъно, қарорҳои стратегӣ ва ташаккули уфуқи интизории иҷтимоиро таъмин мекунад.Дар ин замина, Паём ҳамчун механизми истеҳсоли зоҳиршавии ҳастии маънавии инсон амал карда:воқеиятро аз нав рамзгузорӣ ва маъносозӣ менамояд, шуури ҷамъиятиро тавассути қолабҳои арзишӣ ва забони сиёсӣ шакл медиҳад, меъёрҳои рафтори иҷтимоиро институционалӣ ва норматсия мекунад. Бо ин тарз, Паём ба як матни табдил меёбад, ки воқеиятро меофарад ва ба он таъсир мерасонад.
Аз нуқтаи назари герменевтикаи фалсафӣ, Паём матнест, ки дорои сохтори бисёрқабатаи маъноӣ ва уфуқҳои тафсирӣ мебошад, ки он дар худ ҳамзамон маъноҳои зоҳирӣ ва ботиниро нигоҳ дошта, фаҳмиши комили он танҳо тавассути раванди доимии таъвил ва ҳамгироии уфуқҳо имконпазир мегардад.Дар ин раванд, хонанда ҳаммуаллифи маъно мешавад, зеро маъно дар ҳамкории матн ва шуури тафсиркунанда ба вуҷуд меояд.
Аз ин рӯ, Паём ҳамчун матни зинда ҳар дафъа дар шароити нави таърихӣ ва иҷтимоӣ бозтаъсир ва бозтафсир мегардад.Ин хусусият ба Паём имконият медиҳад, ки аз доираи санади маъмулӣ берун рафта, ба як падидаи динамикии фарҳангӣ ва маънавӣ табдил ёбад, ки дар ташаккули худшиносӣ, ҳувият ва низоми арзишҳои ҷомеа нақши муайянкунанда дорад. Паёмро метавон ҳамчун механизми мураккаби тартиб додани худшиносии миллӣ арзёбӣ кард, ки дар он ҳувият раванди маъносозӣ ва худтаъйинкунӣ ташаккул меёбад. Дар ин замина, Паём онҳоро ба як низоми маънавӣ табдил медиҳад, ки тавассути он ҷомеа худро мешиносад ва муайян месозад.
Дар сохтори зоҳиршавии ҳастии маънавии инсон амал Паём таърих ҳамчун манбаи ҳастӣ ва пайвастагии наслҳо муаррифӣ мегардад, фарҳанг ҳамчун пояи онтологии худшиносӣ ва рамзи давомияти маънавӣ баромад мекунад ва давлат ҳамчун шакли таҷассумёбии иродаи миллӣ маънидод мешавад. Ин раванд боиси ташаккули “субъекти миллӣ” мегардад, ки дар он шаҳрванд на танҳо узви ҷомеа, балки интиқолдиҳандаи маъно, арзиш ва масъулияти таърихӣ мегардад.
Ҳамин тавр, Паём ба як воситаи трансформатсияи шуур табдил ёфта, ҳисси мансубият, масъулият ва худогоҳиро дар сатҳи ҷамъиятӣ таҳким мебахшад. Дар сатҳи назариявӣ, Паём модели муосири миллисозиро пешниҳод мекунад, ки онро метавон ҳамчун синтези арзишҳои анъанавӣ ва талаботи замони муосир тавсиф намуд. Ин модел на танҳо бар пояи ҳифзи мероси фарҳангӣ, балки бар асоси мутобиқсозии он ба шароити ҷаҳонишавӣ ва рақобати глобалӣ бунёд меёбад.
Дар ин раванд арзишҳои анъанавӣ ҳамчун манбаи устувории маънавӣ хизмат мекунанд, арзишҳои муосир ҳамчун воситаи мутобиқшавӣ ба ҷаҳони тағйирёбанда баромад мекунанд ва сиёсати давлатӣ ҳамчун механизми ҳамоҳангсозии ин ду унсур амал менамояд. Паём дар ин ҷо ҳамчун зоҳиршавии ҳастии маънавии инсон амал амал карда, ваҳдати миллӣ, суботи иҷтимоӣ ва манфиатҳои давлатиро ба як низоми ягонаи стратегӣ муттаҳид месозад. Ин равандро метавон ҳамчун шакли миллисозии шуур арзёбӣ кард, ки дар он миллат ҳамчун лоиҳаи маънавӣ ва сиёсӣ ташаккул меёбад.
Паём онҳоро фаъолона ташаккул дода, ба як воситаи идоракунии стратегӣ ва маънавии ҷомеа табдил меёбад. Паёми имсола самтҳои асосии рушди кишварро муайян мекунад, рушди миллиро ташаккул медиҳад, ки дар он иқтисод, технология, амният ва арзишҳои иҷтимоӣ ҳамчун унсурҳои ба ҳам вобаста баррасӣ мегарданд. Дар ин замина, иқтисоди рақобатпазир ҳамчун шарти асосии истиқлолияти воқеии давлат маънидод гардида, саноатикунонии босуръат ҳамчун механизми асосии тавлиди арзиши миллӣ ва коҳиши вобастагӣ ба омилҳои беруна арзёбӣ мешавад. Рушди энергетика бошад, омили геостратегии таъмини амнияти миллӣ ва тақвияти мавқеи кишвар дар низоми байналмилалӣ баррасӣ мегардад.
Амнияти озуқаворӣ низ ҳамчун пояи суботи иҷтимоӣ ва кафолати истиқлоли иқтисодӣ маънидод шуда, дар маркази сиёсати давлатӣ қарор мегирад. Ин равандро метавон ҳамчун ташаккули рушди миллӣ тавсиф намуд, ки дар он рушд такомули сифати ҳаёт, шуур ва имкониятҳои инсонро дар бар мегирад. Пешвои миллат цайд карданд: «Ҳукумати мамлакат бояд самтҳои афзалиятноки рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, саноатикунонии босуръат бо технологияҳои муосир, истифодаи имкониятҳои транзитӣ ва сайёҳӣ, идомаи ислоҳоти идоракунии давлатӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар гардонидани фазои сармоягузориро тақвият бахшад».
Дар Паём илм ва технология ҳамчун нерӯи марказии трансформатсияи ҷомеа ва муҳаррики асосии пешрафт арзёбӣ мегарданд. Илм дар ин ҷо низоми тавлиди маъно, инноватсия ва ҳалли масъалаҳои стратегӣ баромад мекунад.Технология дар ин раванд ҳамчун абзори татбиқи амалии дониш ва воситаи тағйирдиҳандаи сохторҳои иҷтимоӣ баромад намуда, ба рақамигардонӣ ва равандҳои истеҳсолӣ ва идоракунӣ мусоидат мекунад. Аз нуқтаи назари маърифатшиносӣ, ҳамгироии илм ва сиёсат дар Паём ба ташаккули як модели нави идоракунии дониш ишора мекунад, ки дар он қарорҳои стратегӣ бар пояи таҳлил, далел ва инноватсия қабул мегарданд.
Ҳамин тавр, илм ва технология дар Паём пояи рушди устувор ва ташаккули ояндаи рақобатпазири давлат ба шумор мераванд. Дар шароити ҷаҳони муосир, ки бо буҳронҳои глобалӣ, номуайянии геополитикӣ, рақобати идеологияҳо ва шиддатёбии таъсири фазои рақамӣ тавсиф мегардад, ҷомеаи башарӣ ба як марҳилаи нави таърихӣ ворид шудааст. Ин марҳила бо афзоиши ҳолатҳои беэътимодӣ, парокандагии маънавӣ ва тағйирёбии низоми арзишҳо хос аст.
Паёми имсола ҳамчун падидаи мураккаби сиёсӣ низоми интегралии идоракунии маъно, шуур ва арзишҳои ҷомеа мебошад. Дар он давлатдорӣ аз доираи идоракунӣ гузашта, ба сатҳи фалсафаи амал ва ахлоқи масъулият табдил меёбад, ки дар он инсон, ҷомеа ва давлат дар як уфуқи ягонаи маънавӣ ҳамгиро мегарданд. Паёмро метавон ҳамчун матни стратегӣ арзёбӣ кард, ки дар он сиёсат (қудрат), маърифат (дониш) механизми ташаккули тартиботи маъно ҷомеаро ташкил медиҳанд. Дар ин замина, аҳамияти Паём дар се сатҳи асоси фаҳмиши ҳастии иҷтимоӣ ва худшиносии миллӣ, чаҳорчӯбаи маъносозӣ ва тавлиди дониш дар бораи воқеияти иҷтимоӣ ва низоми арзишӣ, ки рафтор ва интихоби инсонро танзим менамояд.
Ҳамин тавр, Паём ҳамчун як модели мукаммали ҳамгироии сиёсат, маърифат ва ахлоқ баромад намуда, ба як абзори калидии ташаккули ояндаи устувор ва маънавии ҷомеа табдил меёбад.
Ҳомидова Тутихон, мудири кафедраи назария ва таърихи адабиёти рус