Фарорасии Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсилро, ки дар замони соҳибистиқлолӣ ба яке аз рӯйдодҳои муҳими ҳаёти маънавии ҷомеаи мо табдил ёфтааст, ба ҳамаи Шумо, хосатан, устодону омӯзгорон, донишҷӯёну хонандагон, волидайн ва аҳли маорифи кишвар самимона табрику таҳният мегӯям.
Мо соли нави таҳсилро бо шукргузорӣ аз фазои орому осуда ва сулҳу суботи пойдор, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардидааст, оғоз менамоем.
Маврид ба зикри хос аст, ки раванди таълим ва тарбияи насли наврас, таҳкими пояҳои илму маърифат ва фароҳам овардани шароити муосири таҳсил яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад ва он аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии миллӣ мавриди таваҷҷуҳи доимӣ қарор дорад.
Бо назардошти рушди бесобиқаи илму техника, инноватсия ва зеҳни сунъӣ моро зарур аст, ки ба масъалаҳои таҳсили босифат, азхудкунии донишҳои замонавӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва пайвастани илму истеҳсолот аҳаммияти аввалиндараҷа диҳем.
Дар ин робита, тарбияи насли босавод, соҳибмаърифат ва дорои донишу малакаҳои рақобатпазир, ки дар оянда ҳамчун шахсиятҳои ватандӯсту созанда дар рушду пешрафти кишвари азизамон саҳми намоён хоҳанд гузошт, вазифаи аввалиндараҷаи мо мебошад.
Аз ин рӯ, бо инобати имконоти мавҷуда, хонандагон бояд бештар аз ҳарвақта баҳри омӯзиши илмҳои замонавӣ аз тамоми шароиту имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода баранд.
Бо камоли эҳтиром ва сипос ба заҳмати содиқонаи омӯзгорони кишвар, бори дигар Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсилро ба кулли мардуми Тоҷикистон, бахусус, фарзандоне, ки бори аввал ба остонаи мактаб қадам мениҳанд, муборакбод гуфта, ба ҳар як хонандаву донишҷӯ таҳсили пурмаҳсул ва ба омӯзгорону устодон нерӯи тозаро орзумандам.
Рӯзи дониш муборак бод ҳамдиёрони азиз!