Санаи 11 апрели соли 2026 Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ҳайати бонуфузи намояндагони Донишгоҳи омӯзгории Синзян, Ҷумҳурии Мардумии Чинро ба ҳузур пазируфт.
Ба ҳайати меҳмонон раиси Шурои Донишгоҳ Ҷян Ҳайҷун, сардори раёсати банақшагирии рушд Тан Ҷинг, сардори раёсати илм ва технологияҳо Ван Юнхуэй, муовини сардори раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ Ҳан Ҷюн ва директори иҷроияи Академияи рушди ҷаҳонии омӯзгорон ва Институти Осиёи Марказии Донишгоҳи омӯзгории Синзян Лю Вэйчян шомил буданд.
Ҳамзамон, дар мулоқот намояндагони Донишкадаи Конфутсии назди ДМТ – Сун Ҷинг ва Имомзода Маҳина Муҳаммадюсуф иштирок намуданд.
Ҳайати меҳмононро ректори Донишгоҳ, профессор Жило Гулназарзода ва роҳбарияти муассиса дар сатҳи баланд истиқбол гирифтанд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои илмӣ ва таълимиро баррасӣ намуданд. Зимни суҳбат ташаббусҳои маорифпарваронаи роҳбарияти Тоҷикистону Чин таъкид гардида, масъалаҳои рушди маориф, омӯзиши муосири забонҳои хориҷӣ, табодули таҷриба, сафарбар намудани омӯзгорону донишҷӯён ва истифодаи зеҳни сунъӣ дар таълим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар натиҷаи мулоқот байни ҷонибҳо созишномаи нави ҳамкорӣ ба муҳлати 5 сол ба имзо расид.
Тибқи муқаррароти созишнома, ҳамасола то 50 нафар омӯзгорони забони чинӣ барои иштирок дар барномаҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафарбар карда мешаванд.
Ин ҳамкорӣ ҳамчун қадами муҳим дар таҳкими иқтидори кадрӣ ва рушди равандҳои байналмилалисозии таҳсилоти олӣ арзёбӣ мегардад.
Дар фарҷоми мулоқот, ба ҳайати меҳмонон китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат – ҳастии миллат», ки ба забони чинӣ тарҷума шудааст, тақдим гардид.





