МИРЗО ТУРСУНЗОДА – ҲОМИИ СУЛҲ

Бо ибтикори кафедраи назария ва таърихи адабиёти рус дар факултети забон ва адабиёти рус бахшида ба 115 – умин солгарди шоири сулҳсаро, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода таҳти унвони “Турсунзода – ҳомии сулҳ буд!” семинари илмӣ – адабӣ баргузор гардид.

Дар семинар сардори раёсати илм ва инноватсия н.и.ф., дотсент Шамсиддин Ҳайбулоев, декани факултети забон ва адабиёти рус н.и.ф., дотсент Шаҳло Ҳасанзода, сармуҳаррири маҷаллаи “Помир”, шоир, нависанда ва мутарҷим Саид Сангин, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, шоир, мутарҷим ва драматург Мансур Суруш ва дигарон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр гардид, ки Мирзо Турсунзода бо донишу маҳорат, корномаи мондагор шуҳрат ёфта, барои рушди адабиёт ва маънавиёти мардуми тоҷик мероси бузурги адабиро барои наслҳои оянда боқӣ гузоштааст. Мақсад ва ҳадаф аз баргузории семинари илмӣ – адабӣ ҳифзи мероси адабӣ, бузургдошти устод Мирзо Турсунзода, шиносоии амиқ бо осори шоир, ҳифзу тарҷума кардани осори шоир бо забонҳои гуногун мебошад.

Инчунин дар рафти семинар шоирону нависандагон аз қабили Муҳамадулло Табарӣ, Раънои Мубориз, Мусаллама Саидова ва омӯзгорону хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 ширкат карда, аз осори мондагори адиб ва корномаи беназири Мирзо Турсунзода дар сулҳу дӯстии халқҳо ибрози назар намуданд.

Ҳамчунин донишҷӯёни соли дуюми факултети забон ва адабиёти руси Донишгоҳ роҷеъ ба зиндагӣ ва фаълияти пурмаҳсули адиб маъруза пешкаш намуда, аз осори адиб шеърҳо қироат карданд.