АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи соли 2025 озмуни ҷумҳуриявии “Шоҳномахонӣ” бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои шоири классики тоҷик Абулқосим Фирдавсӣ ва омӯзиши осору таърихи пурғановату пурифтихори миллати тоҷик ҷиҳати баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ , дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои милливу фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳиву худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни ҳамаи қишрҳои ҷомеа таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2026 доир мегардад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *