СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ МО УСТУВОРУ ПОЯНДА БОШАД

Чун дар остонаи яке аз санаҳои барои мардуми Тоҷикистони басо муқаддас – ҷашни 34 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, мехоҳам дар бобати яке аз омилҳои устувор ва поянда нигоҳ доштани чунин як атои қисмат барои мардуми кишвар изҳори андеша намоям.
Яке аз омилҳои асосие, ки ба устувориву пояндагии соҳибистиқлолиамон мусоидат менамояд, ин иттиҳоду ваҳдат миёни мардуми Тоҷикистон аст. Тули ин ҳама давраи соҳибистиқлолӣ ва саъю талошҳо барои ободонии кишвар имрӯз боз тоифае аз одамон мехоҳанд, фазои осоишта ва рӯзгори акнун ба маҷрои муътадил даромадаи мардумро ғуборолуду тира созанд.
Пешвои миллат, Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар рафти мулоқотҳои хеш мардумро ҳушдор ба он доданд, ки насли ҷавони имрӯзаро аз пайравӣ ба ҳар гуна андешаҳо ва равияҳои ифротӣ эмин дорем. Ҳатто дар мавриди суханрониашон аз амалҳои нопоки бархе аз ашхосе, ки дар гузашта ҷинояткор будаву имрӯз дар кишварамон бо умеди он, ки фарзандони мо таълимоти дурусти динӣ гиранд, таълимгоҳи динӣ бо тамоми шароити муосир кушоданд, вале боз ҳам нафароне ҳастанд, ба ҷиноят ва амалҳои террористӣ даст мезаданд.
Вобаста ба чунин ҳодисаҳо Президенти кишвар ёдрас намуданд, ки онҳое ба чунин амалҳои зишт даст мезананд ва низоми мусоиди ҷомеаи шаҳрвандиро сӯиистифода менамоянд, бояд донанд, ки давлат дар баробари пешниҳоди ҳуқуқу озодиҳо ҳамчунин, вазифадор аст, ки риояи талаботи қонунро назорат ва таъин намояд.
Тавре ки Сарвари давлатамон бо такя ба таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон зарурати рушд додани иқтисодиву технологии кишварамон, тараққиёти илму маориф, тарбияи кадрҳо ва ҳарчӣ бештар ҷорӣ кардани техникаву технологияҳои муосирро таъкид намуданд, маҳз рушди илму технологияҳои муосир асос ва шарти муҳимтарини пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёт ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад. Вобаста ба ин мавзуъ, Пешвои миллат дастур доданд, ки барои наврасону ҷавонон омӯхтани забонҳои хориҷӣ, азхуд кардани технологияҳои иттилоотӣ ва омӯзиши ихтисосҳои гуногуни дигарро низ ба роҳ монанд.
Воқеан, таҷрибаҳои давр возеҳ собит менамоянд, ки наврас ва ё ҷавоне, ки тарбияи комил гирифтаст ба ҷиноят даст намезанад.
Дар иртибот ба ин гуфтаҳо тибқи таъкиди Президенти кишварамон бояд ҳам донишмадони илми муосир ва ҳам мутафаккирони динӣ дар якҷоягӣ кӯшиш ба он равона намоянд, ки ҷавононро ба роҳи рост, маърифати воқеӣ ва тамаддуни муосир раҳнамоӣ намоянд.
Аз ин лиҳоз, ба олимон ва ходимонро зарур аст, ки барои таъмини амну осоиши кишварамон бо истифода аз имкониятҳои фикриву зеҳнии хеш дар ҳалли масъалаҳои мубрам саҳм гиранд, ҳамон тавре, ки дар вақташ пири мазҳабамон Имоми Аъзам ва шогирдонаш мардумро ба амалҳои нек, таҳаммулгароӣ ва суббот даъват мекаданд,-ҳидоят намуданд Сарвари давлатамон.
Аминам, ин ҳама гуфтаҳо, ки аз дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти кишвармон сарчашма мегиранд, маҳз дар чунин рӯзҳо, остонаи ҷашни барои халқи кишвар ва миллат фархундаву сарнавиштсоз – 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон нафареро аз шаҳрвандон бетафовут нагузошта, баҳри амалӣ гаштани онҳо ва баробар бо он ҷиҳати устувор сохтани пояи давлатдориамон ва пояндагии соҳибистиқлолиамон намояндагони тамоми қишри ҷомеа масъул бошем ва дар иттиҳоду ҳамҷоягӣ саҳми шаҳрвандии худро гузорем.
Гулрухсор АБДУЛЛОЕВА, д.и.ф, профессор, мудири кафедраи забони тоҷикӣ.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *