Санаи 1 – уми сентябр дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дарси сулҳ бо намоиши дастовардҳои илмию варзишӣ ва иштироки ректори Донишгоҳ профессор Гулназарзода Жило, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Салим Музафар ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни курсҳои аввали Донишгоҳ баргузор гардид.
- Зимни мулоқот роҳбари Донишгоҳ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва устодону донишҷӯёни ин даргоҳи илму адабро ба Рӯзи дониш таҳният гуфта, таъкид дошт, ки Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода имрӯз имкон дорад, ки донишҷӯёнро дар беҳтарин шароит дар равияҳои омӯзгорӣ, тарҷумонӣ, рӯзноманигорӣ ва забоншиносӣ омода намояд.
Таъкидҳои Роҳбари ҷавондӯсти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ бесабаб нест. Имрӯз дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода 14 забон омӯзонда мешавад, илова бар ин донишҷӯён имкон доранд, ки ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар Лингвопарки Донишгоҳ машғул гардида, забондонии худро тақвият бахшанд иброз дошт ректори Донишгоҳ.
- Муовини раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Салим Музафар кулли устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Рӯзи дониш, ки сарчашмаи ҳамаи хушбахтиҳост шодбош гуфта, аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки шароитҳои фаромҳамовардаи Ҳукумати кишвар, хостан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро самаранок истифода намуда, барои рушду нумуи кишвари маҳбубамон саҳмгузор гарданд.
Ҳамоиш бо баромади деканҳои факултети забон ва адабиёти рус Шаҳло Ҳасанзода ва декани факултети равияи омӯзгории забони англисӣ Зубайдулло Мусоямов бо забонҳои русӣ ва англисӣ анҷом ёфт.