АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ ДАР ФАЪОЛИЯТИ ҶАВОНОН

Тоҷикистон аз ҷиҳати истифодабарии сомонаҳои иҷтимоӣ дар саросари ҷаҳон яке аз кишварҳои ҷавон маҳсуб меёбад. Шабакаҳои иҷтимоӣ имрӯз дар байни одамон ба таври васеъ паҳн шуда, истифодабарандагони он низ зина ба зина рушд меёбанд. Истифодабарандагони сомонаҳои иҷтимоӣ бештар ҷавонон буда, иддае аз онҳо ҳанӯз ҳам фарҳанги дуруст истифода намудани интернетро намедонанд.

Дар ҷаҳони муосир интернет ҳамчун системаи пурраи иҷтимоие, ки дар он фазои вертуалӣ ташаккул меёбад, ба воқеияти махсус, арзишию роҳҳои фикр ва забон табдил меёбад. Ҳамзамон, таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ба насли наврас хеле муҳим аст. Элементҳои муҳимтарини он муоширати иҷтимоӣ низ мебошад, ки моро бо ҷаҳониён мепайвандад. Аввалин шабакаи иҷтимоӣ соли 1995 пайдо шудааст. Дар он вақт истифодабарандагони худро бар таври ҳамешагӣ ва васеъ надошт. Бо вуҷуди ин дар охири асри ХХ инкишоф ва рушди шабакаҳои иҷтимоӣ ба авҷи тараққиёт расид.

Ҳатто дар соли 2010 96% аҳолии ҳозираи сайёраи мо ба шабакаҳои иҷтимоӣ дастрасӣ доштанд. Дар айни замон бошад беш аз 90 фисати ҷавонони Тоҷикистон мунтазам бо шабакаҳои иҷтимоӣ сару кор доранд. Шумораи ҷавононе, ки интернетро ба роҳи дуруст истифода мебаранд, мутаассифона хеле кам ба назар мерасад.Тасаввур кунед, ин моро куҷо мебарад. Ба андешаи мо истифодаи барзиёди интернет одамонро аз ҳаёти воқеӣ дур намуда, гирифтори бемориҳои гуногун кардааст. Роҳи чора чист? Чӣ бояд кард, то ҷавонон интернетро самаранок истифода бурда, вақти гаронарзиши хешро сарфакорона истифода намоянд?

Барои ин ҷомеаро зарур аст, то ба такрор ҷавононро аз зиёни шабакаҳои иҷтимоӣ огоҳ намояд. Барои ин ҳар як фарди солимфикри ҷомеа бояд саҳми арзишмандашро гузорад. Ба ҳамсолони худ даъват намуда гуфтани ҳастам, ки интернетро дуруст истифода бурда, айёми тиллои умри хешро сарфи андӯхтани донишҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ намоянд. Интернет ҷабҳаи мусбат ва ҳам манфӣ дорад. На ҳамаи ҷавонони имрӯзаи мо шабакаҳои иҷтимоиро бо роҳи дуруст истифода мебаранд.

Махусан шомил шудани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо аз надоштани дониш, фарҳанг ва заминаи дониши мукаммали ҷавонон сар мезанад. Боиси таасуф аст, ки имрӯз ҷавонони мо шабакаи иҷтимоиро бемақсад истифода мебаранд. Дар натиҷаи ин ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгароӣ шомил мешаванд.

Бояд мо фарди ҷавонони ояндаи миллат ба қадру қиммат ва неъмати истиқлолият бирасем ва марзу буми миллатро чӣ дар сарҳад ва чӣ дар марзи иттилоотӣ мисли гавҳараки чашм эмин нигоҳ дорем.

Шаҳзод ҚАЮМОВ, мутахассиси шуъбаи таҳлил ва иттилоот