ЛИБОСИ МИЛЛӢ – ИФТИХОРИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ҳифзу эҳёи арзишҳои миллӣ аз ҷумла либоси миллӣ, пайваста таъкид менамоянд, ки эҳтиром гузоштан ба либоси миллӣ, ба арзишҳои неки аҷдодӣ, яке аз роҳҳои муҳими таҳкими худшиносӣ ва ифтихори миллӣ мебошад, миллате, ки фарҳанг, таърих ва суннатҳои худро пос медорад, ҳамеша дар масири пешрафти устувор қарор дорад ва дар гирдбодҳои ҷаҳонишавӣ асолати хешро аз даст намедиҳад.

Чунин ҳидоятҳои пандомезу роҳнамои Пешвои муаззами миллат барои аҳли ҷомеа, бахусус занон аҳмияти хоса дошта, ҳар фарди ватандӯстро водор месозад, ки ба ҳар як ҷузъи фарҳанги миллӣ бо нигоҳи амиқи маънавӣ ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ муносибат намоем. Либоси миллӣ оинаи таммадуни ҳазорсола, таҷассумгари зеҳну завқи мардум ва нишонаи равшани миллӣ маҳсуб меёбад. Либоси миллии мо аз қаъри таърих, давра ба давра шакл гирифта, то ба имрӯз расидааст. Либоси миллии мо тоҷикон танҳо як матои оддӣ нест, балкӣ таъриху фарҳанги ҳазорсолаи ниёгонамон дар он таҷассум ёфтааст. Ҳар як нақшу нигори он бозгӯи тамаддуни куҳан ва ғановатмандии халқи тоҷикро ифода менамояд. Таърих гувоҳ аст, ки зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат буд. Бояд гуфт, ки яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддуни миллатҳои мухталифи дунё либоси миллии онҳост. Ҳар як фарди ватандӯст, худшиносу худогоҳ, бо бар намудани либосии миллӣ, эҳсоси тафаххур аз ватану ватандорӣ менамояд.

Дар либоси миллӣ анъанаҳое, ки аз таърихи этникӣ, муносибатҳои ҷамъиятӣ ва унсурҳои идеологӣ, эътиқод, меъёрҳои эстетикӣ реша доранд, инъикос меёбанд. Аз рӯи маълумотҳои муҳаққиқону бозёфти бостоншиносон либосҳои кадимтарини тоҷиконро суратҳои рӯи деворҳо ва тасвироти рӯи санг шаҳодат медиҳанд, ки аҷдодони тоҷикон аз давраи ташаккули таърихиашон дорои намудҳои гуногуни либосҳо, каллапӯшу кулоҳ ва абзорҳои ороишу зебу зинати миллӣ будаанд.

Тибқи сарчашмаҳо, махсусан тадқиқоти бозёфтҳои аввали асри XIX ва аввали садаи XX гувоҳӣ медиҳанд, ки либоси тоҷикони қисми шимол ва ҷануби Тоҷикистон тарҳҳои духту ороиш ва мавқеи ҷойгиршавиашон аз ҳамдигар фарқ мекардаанд. Вобаста ба маълумот ва таҳлили муқоисавӣ, агар аз як ҷиҳат шаклҳои қадимӣ ва аслӣ будани либосро нишон диҳад, аз тарафи дигар, шаклҳое, ки баъдтар пайдо шудаанд, хеле барои омӯзиши либос муҳим мебошанд. Танҳо бо дарки таҳаввули шаклҳои либос ва таърихи тағйирёбии онро дар давраҳои муайяни таърихӣ метавон робитаи либос ва таърихи этникии мардумро ошкор намуд.

Зарурати овардани ин маълумотҳо ба он хотир аст, ки мо бояд аз маданият, тамаддуни куҳан, аз фарҳанги бою рангини худ бохабар гардем. Ин мероси гаронарзишро мутобиқ ба замони худ бо ифтихор ба бар намоем ва аз бегонапарастӣ даст кашем. Боиси хушнудист, ки бо ба даст овардани соҳибистиқлолии кишвар Пешвои муаззами миллат ба тамоми дастовардҳо хоҷагии халқ аз ҷумла ташвиқу тарғиби либосҳои миллӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, пайваста дар баромадҳои худ таъкид менамоянд, ки либоси миллӣ тарғибгари фарҳангӣ миллати тоҷикон аст. Бояд онро мо бо арзишу эҳтиром пос дорем ва ба ояндагон аз тамаддуни баланди худ ба мерос гузорем. Мутаасифона имрӯз ҷавонон бештари занон, ки бояд посдори ин фарҳанги куҳанбунёд бошанд, рӯ ба бегонапарастӣ оварда, либоси бегонаро ба бар менамоянд.

Дар либоси миллӣ махсусан сӯзании чакан, ки бо шавқу завқи хос бо риштаҳои ранга рӯи матоъ духта мешаванд, дар ҳар нақшу нигори он осори гузаштагон, зебоипарастӣ ва арзишҳои ахлоқию иҷтимоӣ инъикос ёфтааст. Либоси миллӣ ҳамчун як падидаи фарҳангӣ на танҳо ба зоҳири инсон зебоӣ мебахшад, балкӣ рамзи иффат, ҳаё ва фарҳангро таҷасум намуда, руҳу рафаккури одамонро ба решаҳои таърихӣ ва маънавӣ мепайвандад.

Дар замони бархурди тамаддунҳо ва ҷаҳонишавӣ, ки ба ҳамаи соҳаҳои ҳаёт таъсир мерасонад, масъалаи ҳифзи либосҳои миллӣ аҳамияти боз ҳам бештар пайдо мекунад.

Суханони насиҳатгунаи Пешвои ғамхори миллат ба бонувони тоҷик таъкидан баён мегард, ки “Биёед як ба тарзи либоспӯшии модарони худамон нигарем, чи қадар либоси миллӣ зебандааст. Магар ягон нуқсон дорад?”

Мутаассифона, имрӯзҳо дар ҷомеа баъзе аз занону духтарон ба фарҳанги бегона тақлид намуда, либосҳои ба фарҳанги миллии тоҷик бегонаро ба бар мекунанд, ки чунин рафтори онҳо қобили қабул намебошад. Чунки мардуми моро дар навбати аввал аз рӯйи либоспӯшиашон мешиносанд. Аз ин рӯ, мо занону бонувон бояд ба тақлидкориву бегонапарастӣ роҳ надиҳем, чунки миллати тоҷик унсурҳои миллии хоси худро дорад. Ба бар намудани либоси миллӣ аз кас маҳорат ва маърифату фарҳанги хосро талаб мекунад.

Бояд зикр намуд, ки баробари фарорасии фасли зебои баҳор аз ҷониби занону духтарон талабот ба либосҳои миллӣ, аз ҷумла, чакан ва атласу адрас хеле зиёд мешавад, ки ин, албатта, бесабаб нест. Зеро ба бар намудани либоси миллӣ бо нақшҳои зебо ва гуногунрангии худ ба ҳусни худододи занону духтарони тоҷик ҳусни дигар зам намуда, ҳисси зебоипарастӣ ва табъи хушу болидаи бонуи тоҷикро боз ҳам меафзояд. Либос зеби одам мебошад. Беҳуда нагуфтаанд, ки “одаму либос, хонаву палос”.Сол то сол ҷиҳати пӯшидани либоси миллӣ вобаста ба минтақаҳои кишвар дорем. Ҳангоме ки дар бораи либоси миллӣ сухан меравад, занону духтарони атласу адрас ва чаканпӯши зебои тоҷик бо тасвиру рангҳои дилкаши либоси худ, анъанаҳои фарҳанги миллии моро пеши назарамон ҷилвагар менамояд. Анъанаҳои фарҳанги миллии мо зиёд буда, онҳо бо хусусияту моҳияти хоси худ, таърихи офариниш ва ривоҷу равнақи худ аз ҳамдигар фарқ мекунад.

Яке аз ҳунарҳои волои мардуми тоҷик кашидадӯзӣ ё гулдӯзии чакан мебошад. Чакан таърихи ниҳоят қадимӣ дошта, ба тарзи зиндагӣ, урфу одат ва олами маънавии халқи тоҷик алоқамандии зич дорад. Чакан ҳамчун либоси миллӣ диққати ҷаҳониёнро ба худ ҷалб намуда, моҳи ноябри соли 2018 он ба феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуда, дар арсаи ҷаҳон маъруф гардид. Либоси миллии дигари халқи тоҷик атласу адрас мебошад, ки имрӯз дар Тоҷикистон чандин навъи атласу адрас истеҳсол шуда, бонувони тоҷик аз ин навъи матоъҳои миллӣ либоси миллӣ медӯзанд. Либоси миллии мо шинаму дилкаш буда, он пурра метавонанд ба талаботи замона мувофиқат кунад.

Халқи тоҷик, воқеан ҳам либоси миллӣ ва фарҳанги либоспӯшии хоси худро дошта, дар ин замина моро дар ҷодаи дарку шинохти арзишҳои воқеии милливу башарӣ пеш мебарад.

Мо дар ин раванд бояд, ки кулоҳу каллапӯшҳои миллӣ (мардона ва занона) ва рӯймолҳоро низ дар сурати ба бар кардани сарулибоси миллӣ тарғиб намоем, ки ин ҳам худ як ҷузъи ҷолиби либоси миллии мосту муаррификунандаи миллат миёни мардумони олам мебошад.

Маҳз, мо – модарон, вазифадорем, ки наврасону ҷавононро дар руҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, худшиносию худогоҳӣ ва эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои волои миллӣ тарбия намоем.Ба хотири ҳифз ва нигоҳдошти фарҳанги аҷдодӣ ва тарғиби либоси миллӣ имрӯзҳо дар саросари ҷумҳурӣ рӯйдоди “Тоҷикона мепӯшем” баргузор гардида истодааст.

Занону бонувони Донишгоҳро мебояд бо руҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихор аз фарҳангу тамаддуни оламшумули хеш, либоси атласу адрас ва чаканро ба бар намуда, дар рӯйдоди “Тоҷикона мепӯшем” фаъолона ширкат варзиданд.

Шарифзода Лайлӣ Абдулло, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, муовини ректор оид ба тарбия.