БАДХОҲИИ ХОИНОН БАР ПОЯИ УСТУВОРИ МИЛЛАТ АСАР НАМЕКУНАД

Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон оқибатҳои фоҷиабори ҷанги шаҳрвандиро дар хотир дорад. Он солҳо барои миллати мо дарси гарон буданд: ихтилоф, тафриқа ва иғво танҳо ба харобӣ бурда расонид. Халқи мо бо ранҷу заҳмат сулҳро барқарор кард ва имрӯз қадри оромиро беҳтар аз ҳар кас медонад.

Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба ифтихори Рӯзи дониш (01.09.2019) таъкид карда, ёдрас намуданд: “Мардуми Тоҷикистон ҳамеша хостори сулҳу оромӣ дар саросари ҷаҳон буда, хурду бузурги кишвари мо барои ҳифзи ин неъмати бебаҳо саъю талош мекунанд. Зеро ҳанӯз дар оғози соҳибистиқлолӣ хоинони миллати тоҷик бо пуштибониву маблағгузории хоҷагони хориҷии худ мардуми моро ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор карданд. Онҳо ба хотири ба даст овардани қудрати сиёсӣ виҷдону имон ва ҳатто мазҳабашонро фурӯхта буданд ва мехостанд ба мардуми тоҷик фарҳангу мазҳаби бегонаро таҳмил карда, дар кишвари тозаистиқлоли мо давлати исломӣ барпо намоянд.”

Имрӯз ҳам дар фазои маҷозӣ бархе шахсиятҳо, аз ҷумла Муҳиддин Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин ва дигарон талош доранд бо барномаҳо ва изҳоротҳои худ фазои иттилоотиро ноором созанд. Онҳо кӯшиш мекунанд ҷомеаро нисбат ба давлат ва сохтори сиёсӣ бадбин намоянд ва таваҷҷуҳи неруҳои хориҷиро ба саҳнаи сиёсӣ ҷалб кунанд.

Суол ин аст: агар ҳадаф созандагӣ бошад, чаро роҳашон иғво ва сиёҳнамоӣ аст? Агар мақсад хизмат ба миллат бошад, чаро фаъолияти онҳо бештар ба тафриқаандозӣ шабоҳат дорад?

Маводҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мешаванд, аксаран хусусияти якҷониба ва эҳсосотӣ доранд. Онҳо на таҳлили созанда пешниҳод мекунанд ва на роҳи ҳалли мушкилотро. Баръакс, бо барангехтани эҳсосот ва ноэътимодӣ мехоҳанд ҷомеаро аз дарун заиф намоянд.

Чунин гурӯҳҳои манфиатҷӯ дини мубини исломро, барои ҳадафҳои сиёсӣ ба кор мебаранд. Ин рафтор боис мегардад, ки номи ислом ва обрӯи мусулмонон осеб бинад. Мо чунин сиёсатбозӣ бо динро нодуруст мешуморем ва маҳкум мекунем, зеро оқибатҳои нохуши ин равандро имрӯз дар баъзе кишварҳои минтақа ба хубӣ мушоҳида мекунем.

Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки ҳар каси аз дур истода, санги маломат мезанад, вале масъулияти амалӣ бар дӯш намегирад, наметавонад худро ҳомии ҳақиқии мардум муаррифӣ кунад. Хизмат ба Ватан бо сухан не, бо амал исбот мешавад.

Мо — мардуми Тоҷикистон — сулҳпарварем. Мо оромиро бо хуни фарзандонамон ҳифз кардаем ва иҷозат намедиҳем, ки бо суханони иғвоангез ҷомеа дубора ба гирдоби ихтилоф кашида шавад.

Пешвои муаззами миллат низ итминони комил нисбат ба миллаташ намуда, чунин изҳори ақида намудаанд, ки “Халқи мо, яъне миллате, ки тақдирашро ба дасти худ гирифтааст ва ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш меравад, хоинону душманони миллати тоҷикро хуб мешиносад, дигар ҳаргиз ба доми фиребу найранги онҳо гирифтор намешавад ва оқибатҳои даҳшатбори ҷанги бародаркуши ибтидои солҳои навадуми асри гузаштаро низ ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад.”

Ҷавонони мо бояд ҳушёр бошанд. Ҳар иттилоотро бо тафаккури интиқодӣ бипазиранд. На ҳар шиор ҳақиқат аст, на ҳар иддао далел дорад.

Бадхоҳон, ҳар қадар талош кунанд ҳам, ба мақсади нопоки худ намерасанд. Миллате, ки аз таърихи худ сабақ гирифтааст, дигар ба осонӣ фиреб намехӯрад!

Шарифова Мавҷигул, омӯзгори кафедраи филологияи Шарқи Наздик.