Нашрияҳо

Дар назди Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода маҷаллаи илмӣ-назариявии “Паёми Донишгоҳи забонҳо” (силсилаи илмҳои филологӣ, педагогӣ ва таърих), маҷаллаи тарҷумонии “Машъалафрӯз” ва нашрияи “Паёми донишҷӯ” фаъолият менамоянд, ки ҷиҳати инъикос ва рушди илму фановарӣ ва маърифатӣ саҳмгузор мебошанд.

Ҳайати профессорону омӯзгорон, муҳаққиқону унвонҷӯён, донишҷӯён ва муҳассилин метавонанд пайваста мақолаҳои худро дар маҷаллаву нашрияҳои мазкур ба нашр расонанд.