Мисли ӯ ҳаргиз надонад аҳди Сомонро касе..

Сотим Улуғдода аз ҷумлаи маъруфтарин адибони кишвар мебошад, ки бо повесту роман, ҳикояву асарҳои таърихӣ ва саҳнавии худ шуҳрат ёфтааст. Адиби нуктасанҷу донишманд омӯзиши таърих ва гузаштаи пурифтихори миллатро ба як бахши муҳимми эҷодиёти худ қарор дода буд. Ин асарҳо имрӯз бидуни шак ганҷинаи пурбаҳои адабиёти муосиранд ва вуҷудашон ин сарватро ғанитар кардааст.
Асарҳое, ки Сотим Улуғзода дар мавзӯҳои таърихӣ ва таърихии тарҷумаҳолӣ офаридааст, тасаввуроти бинанда ва хонандаро дар бораи замони гузашта ва шахсиятҳои барҷастаи ин таърих ғанитар намуда ба дарку фаҳмиши дурусти таърих раҳнамоӣ кардаанд. Ба воситаи аксари онҳо таҳқиқи амиқи олами маънавии ашхоси бузурги таърихӣ ба таври ибратбахш сурат гирифт. Таҳқиқи бадеии таърих ба беҳтар шинохтан ва дарк кардани ҳаёти имрӯза, андешаи роҳҳои пешрафт ва пешбурди маънавиёту фарҳанг кӯмак кардааст. Ба андешаи Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб:
Бо кафи ларзони худ ҷойи асо гирад қалам,
Бо қалам бардорад ӯ бори тану бори алам.
Қатра-қатра об худро карда, бо оби сухан,
Меравонад доғҳоро аз тани поки Ватан…
«Аҳмади Дониш», «Фирдавсӣ», «Восеъ», «Ривояти суғдӣ», «Пири ҳакимони Машриқзамин», «Субҳи ҷавонии мо», «Ёрони боҳиммат” барин қиссаву роману рисолаҳо, «Рӯдакӣ», «Қисмати шоир», «Ибни Сино», «Темурмалик», «Алломаи Адҳам ва дигарон» ва «Восеъ» барин драма ва кинодрамаҳои хотирнишинро танҳо адибе офарида метавонад, ки аз фоҷиа ва қаҳрамонҳои миллати худ ба хубӣ огоҳӣ дорад.
Дар осори ӯ проблемаҳои муҳими ҳаёти пешин бо тақозои дарду дарсҳои имрӯзӣ кушода шуда, ба кори худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ мусоидат намуданд. Песаҳои Сотим Улуғзода дар ба таҳлили амиқи масъалаҳои иҷтимоию сиёсӣ, шаклиҳои гуногуни тасвири писихологӣ низ дар драматургияи тоҷик мақом ва мавқеи ба худ хос доранд. Хидматҳои бузурги нависандаи тавонои тоҷик Сотим Улуғзода дар рушди адабиёти навини тоҷик хеле назаррас аст.
Гӯиё пире зи аҳди Оли Сомон мондааст,
Ин бузург аз ҳамнишинони бузургон мондааст.
Бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати абадӣ гардонидани хотираи нависанда 29-уми апрели соли 2009 Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода (ҳозира Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода) гузошта шуд, ки ин нишонаи олии қадршиносии шахсияти эшон, арзи сипоси мардум ва заҳматҳои беназири ӯ дар рушди адабиёту фарҳанги тоҷик мебошад.
Бояд гуфт, ки соли 1995 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аёдати нависандаи маҳбуб Сотим Улуғзода ба шаҳри Маскав рафтанд. Суҳбати мондагори ду фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нависандаи воқеанигор Сотим Улуғзода дар бойгонии Телевизиони Тоҷикистон маҳфуз аст.
Сотим Улуғзода Нависандаи халқии Тоҷикистон 25 – уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва даргузашт ва ҷисми беҷони ӯ бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон оварда шуд. Санаи 29 июни соли 1997 маросими видоъ дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид.
Оромгоҳи ӯ дар мавзеи Лучоб ҷойгир аст, ки зиёратгоҳи дӯстдорони илму адаби тоҷик аст.
Охирин нури ба сарро нури олам мекунад,
Ҳар кӣ медонад варо, сар пеши ӯ хам мекунад.
Шаҳло Раҷабзода – омӯзгор

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *