Зи ҷону дил сухан гӯям: муборак бод Истиқлол!
Ба ҳар як анҷуман гӯям: муборак бод Истиқлол!
Бувад ин вожаи ширин, чу номи дилбари дерин
Ватан гӯям, Ватан гӯям! муборак бод Истиқлол!
Истиқлол беҳтарин ва азизтарин неъмат барои ҳар як миллат ба ҳисоб меравад. Маҳз истиқлол аст, ки мамлакат аз вартаи нобудшавӣ раҳо шуда, барои рушту нумуи оянда қадамҳои устувор мегузорад.
Тоҷикистони азизи мо дар таърихи ҳазорсола, пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ 9-уми сентябри соли 1991 ба истиқлоли давлатӣ расид. Ин рӯз барои мардуми тоҷик рӯзӣ озодӣ, рӯи соҳибихтиёрӣ ва сарбаландӣ ба ҳисоб меравад.
Истиқлол худ сохтани ҳаёти шоиста, ҳифзи забони миллӣ, фарҳангу суннатҳои ниёгон ва арзишҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Маънои эҳтиром ба таъриху решаҳо, худшиносӣ, ватандӯстӣ ва бунёди ҷомеаи пешрафта маҳз дар Истиқлол нуҳуфтааст. Бо шарофати истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист, аз нав кишвари наву пешрафтаро барпо кунад.
Бо ибтикору сиёсати оқилонаи Аососгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Истиқлоли кишвар маънии аслии худро касб карда, дар он неъмати бузурги миллат таҷассум гаридидааст.
Ҳарчанд дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ кишвар ба мушкилоти зиёд, аз ҷумла ҷанги шаҳрвандӣ дучор шуд, аммо бо роҳнамоӣ ва меҳнату заҳматҳои фарзандони фарзонаи кишвар дар пайравии Пешвои миллат аз вартаи нобудӣ раҳо шуда, рӯ ба соҳибихтиёрӣ, демократӣ, соҳибистиқлолӣ ва ягонаву дунявӣ мубаддал гардидем. Ба туфайли заҳматҳои фарзандони содиқи миллат ва роҳбарияти давлат, сулҳу оромӣ барқарор гардид ва имрӯз мо зери осмони софу беғубори Ватан зиндагӣ мекунем.
Ба Ватан содиқ будан ва эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти миллӣ аз рисолати мо дарак медиҳад. Баҳри ободии он саҳм гузорем, илму дониш омӯзем ва ватандӯсту ватанпарвар бошем. Истиқлоли кишварро чун гавҳараки чашм эмин нигоҳ дорем ва барои ҳифзи он талош кунем.
Мо омӯзгоронро мебояд, ки ба насли наврас, хусусан ба ҷавонони даврони соҳибистиқлол аз эҳтирому муқаддас пиндоштани фарҳангу тамаддун миллӣ дарс гӯем. Онҳоро ба ватандӯстиву меҳанпарастӣ ҳидоят созем.
Истиқлолият азизтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати тоҷик аст. Мо бояд шукронаи ин неъматро кунем, онро азиз дорем ва баҳри таҳкими он саъй намоем. Зеро Истиқлолият рамзи озодӣ, бахт, шараф ва ифтихори миллист.
34 – умин солгарди Истиқлоли кишвар фархунда бошад!
Гулсифат Ғоибова, ассистенти кафедраи забонҳои романӣ – германии факултети забонҳои Аврупо.