ФАЛСАФАИ СУЛҲ ВА РИСОЛАТИ ВАҲДАТОФАРИНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Агар ба хотири дарки фалсафаи сулҳ авроқи таърихро варақгардонӣ намоем, маълум мешавад, ки ҳамвора инсоният дар орзуи ҳаёти хушу хуррам умр ба сар мебурд ва ҳусни тафоҳуму бародарии аҳли башарро чун яке аз роҳҳои асосии расидан ба зиндагонии осудаҳолона медонист ва пайваста ин роҳро пайгирӣ мекард. Ин аст, ки муҳимтарин андешаҳо роҷеъ ба масъалаи арзишҳои инсонӣ, яъне ҳамдилию ҳамфикрӣ ва дӯстию бародарӣ ҳанӯз дар авроқи қадимтарин сарчашмаи хаттии то мо расидаи ориёӣ «Авасто» чунин зикр гардидааст: “Равшании андешаро, равшании гуфторро, равшании кирдорро, зиндагии хуши равонро, афзоиши гетиро ва зиндагии хуши касеро, ки ба ҳақиқат, қонуни абадии офариниш гирояд, бояд сутуд”.
Дар ин сарчашмаи таърихӣ нуфуз ва манзалати андешаҳои баланди ориёитаборон оид ба сулҳ ва иттиҳоду ваҳдат бо ситоиш дарҷ гардида, он ҳамчун такягоҳ дар замири наслҳои ҷомасафедони баъдӣ, худшиносию худогоҳиро густариш бахшида, барои расидан ба ҳадафҳои бузурги миллӣ кумак намудааст.
Дар таърихи давлатдории миллати тоҷик аз ибтидои бозсозиҳои пеш аз мелодӣ то кунун аслиҳаи асосии ин миллат сарчашмаҳои таърихӣ-эътиқодӣ ва ҳикмату андарзи пешвоён ҳамчун дастуру раҳнамо буда, аз ғасби марзию фишори мардуми дурӣ ҷустан будааст. Ин рисолати беназиру таърихии миллати тоҷик, ки аз жарфноӣ таърих тариқи силсилаи наслҳо омада расидааст, дар замони эҳёи давлати миллӣ ба мо имконият фароҳам овард, то аз асолати хеш дур намонда, нифоқҳои сиёсӣ (солҳои 1991-1997)-и бавуқуъ омадаро бартараф кунем. Замоне, ки тухми парокандагӣ пошидаю хуни бародарӣ рехта мешуд. Дар ин айём барои ин миллати сарсупурдаю саргардон роҳбаре лозим буд, ки чашмонаш ба умқи асрҳо рафтаву гӯшҳояш ба дарвозаи ҳамсояҳо ва дилаш дар тани ҳар як шаҳрвани ин сарзамин бо тапиш истод бошад. Дар тақдири баланди миллати тоҷик ҳамин гуна ҳам шуд. Роҳбаре зимоми давлатдорӣ ба даст гирифт, ки на танҳо дар барқарории сулҳ, ваҳдатофаринӣ ва рушду таҳаввули давлати тозатаъсис таъсир гузошт, балки барои эҳёи падидаҳои неку арзишҳои олии ниёгон саҳми арзанда гузошт. Ин шахсияти нодири таърихӣ Эмомалӣ Раҳмон буд, ки оғози фаъолияташ ба ҳайси Раиси Шурои олии Тоҷикистон дар замони даргириҳои сиёсӣ дар ҷумҳурӣ рост меомад.
Воқеияти таърих он аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишварро аз вартаи ҳалокат ва миллатро аз нестӣ наҷот бахшид. Мутаассифона рӯзе ба сари қудрат омад, ки Тоҷикистон дар оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ месӯхт ва касе аз давлатмардони кишвар бовар ба фардо надоштанд. Хатари шадиди тороҷ гардидани кишвар аз ҷониби чанд бебасар мушоҳида шуда, сиёсати давлат бозичаи дасти душманон гардида буд. Тоҷикистонро дар он замон лаҳза ба лаҳла хатари нестшавӣ таҳдид мекард.
Тавре роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд: «Аз касе пӯшида нест, ки баъди шикасти давлати Шӯравӣ баъзе кишварҳо дар фикри ба зери тасарруфи худ даровардани сарзамини мо ва кашида бурдани сарватҳои он буданд. Бо ин ният онҳо аз ҳама имкониятҳои мавҷуда истифода менамуданд. Дар либоси дӯст ва кишвари хайрхоҳ ба ҷилва омада, аз паси парда нақшаи ҷангу нифоқро тарҳрези мекарданд, қувваҳои носолим ва шахсиятҳои ватанфурӯшро дастгирӣ менамуданд. Аз ин рӯ, бояд гуфт, ки сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ҳаргиз тасодуф набуд”.
Маврид ба ёдоварӣ аст, ки танҳо дар соли аввали ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ дар кишвар аз 20 то 60 ҳазор одам кушта шуда буд. Бештари қурбоншудагон – тақрибан 50 ҳазор ба моҳи май – декабри соли 1992 рост меоянд. Мувофиқи маълумоти комиссарияти олии СММ оид ба кори гурезагон – 600 ҳазор, яъне даҳяки аҳоли маҷбур шуд, ки ҷойҳои истиқоматии худро тарк кунад. 80 ҳазор кас маҷбур шуданд, ки дар хоки бегона, хусусан, дар Афғонистон паноҳ ёбанд. Ҷанг ба иқтисодиёти кишвар беш аз даҳ милярд долар хисорот ворид намуд. Бо таҳлил ва пешниҳоди мутахассисон, сиёсатмадорон агар рафти ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон идома меёфт ин кишвар аз харитаи сиёсии ҷаҳон аз байн мерафт. Дар чунин давраи мураккаби таърихӣ 19-уми ноябри соли 1992 дар натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ, (аз 197 вакил 186 намояндаи халқ номзадии Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуданд), шахси оқил, роҳбари дурандеш Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид ва ба ҳар як шахси хирадманд маълум аст, ки маҳз бо туфайли ҷаҳду талоши хастанопазири ӯ Тоҷикистон аз вартаи ҳалокат наҷот ёфт. Ин ҳақиқати таърихиест, ки онро наметавон инкор кард. Тавре Мавлонои Балхӣ мегӯяд:
Офтоб омад далели офтоб,
Гар далелат бояд, аз вай рӯ битоб.
Дар он шароити тақдирсоз интихоби вакили халқӣ – Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари давлат (раиси Шрои Олӣ) аҳаммияти бузург дошт. Гап дар сари он меравад, ки дар он рӯзҳои фоҷеабор тамоми тоҷикони ҷумҳурӣ ва ҷаҳон бо як чашми умед ба рафти кори Иҷлосияи таърихиву тақдирсози XVI-уми Шурои Олӣ назар мекарданд. Ходимони давлатӣ, сиёсатмадорони ҷаҳон, ки бо чашми худ оқибати ин гуна фоҷеаро дида ё шунида буданд, боварӣ надоштанд, ки иштирокчиёни иҷлосия забон меёбанд. Бисёр сиёсатмадорон дар он ақида буданд, ки дар ин вазъияти ба амал омада пайдо шудани роҳбари лаёқатманди дурандеши сулҳпарвар, ки тавонад оташи низои миллиро хомуш карда, кишварро аз оғуши ҷанги хонумонсузи шаҳрвандӣ барорад аз эҳтимол дур буд. Барои миллати ҷафокашидаи тоҷик хушбахтона ба майдони сиёсӣ шахси хирадманд, Пешвои миллат – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омад.
Ҳангоми савганд дар Иҷлосия роҳбари давлат ба вакилони халқ ва мардуми тоҷик чунин ваъда дод: “…фаъолияти худро ман аз барпо намудани сулҳ оғоз менамоям”. Маҳз ҳамин ваъдаи содиқона ва меҳандӯстонаи заминаи тамоми силсила фаъолиятҳои босамару афзалиятноки ӯ дар ҳамаи самтҳои давлатӣ дарназар дошта мешавад.
Пешвои миллат ҳамчун шахси иродатманд ва муваффақ ба ваъдаи хеш вафо карда, воқеан фаъолияти худро аз барпо намудани сулҳ дар Тоҷикистон оғоз намуд.
Нахустин қонунҳои қабулкардаи Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ маҳз ба масъалаи сулҳу субот ва ба ваҳдати миллӣ овардани мардуми Тоҷикистон бахшида шуда буданд. Масалан, қонунҳо “Дар бораи гурезагон”, “Дар бораи Рӯзи сулҳ ва ризоияти миллии халқи Тоҷикистон эълон кардани 26 ноябри соли 1992” баёнгари сиёсати сулҳпарваронаи роҳбари тозаинтихобу ҷавони Шурои Олӣ буданд.
Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз баъд аз 23 рӯзи интихоб шуданаш дар Муроҷиатнома ба халқи шарифи Тоҷикистон гуфта буд: “Бародарон ва хоҳарони азиз! Ҳамватанони муҳтарам! Ман ба ҳар яки шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати шумо, ки ворисону фарзандони барӯманди тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқона хизмат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам”.
То расидан ба ваҳдати миллӣ, яъне то имзо гардидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 27 июни соли 1997, Пешвои миллат 80 маротиба муроҷиатнома, хитоба, суханрониҳои расмӣ ва табрикот кардааст ва дар ҳамаи баромаду суханрониҳояш пайваста аз сулҳу субот, дӯстӣ ва ваҳдат, бар гардонидани гурезагони иҷборӣ сухан карда, ҷангу нифоқро сахт маҳкум кардааст ва мардумро ба муттаҳидӣ, ваҳдату якдилӣ ва якпорчагии Ватан даъват намудааст ва дар ин роҳи муқаддасу пурмасъулият ва пурпечутоб чиқадар монеаҳои сангинро пушти сар кардааст.
Пешвои миллат дар табрикоти солинавӣ аз 31 январи соли 1992 ба мардуми кашвар муроҷиат карда мегӯяд: “Дар ин шаби соли нав, дар ин шабе, ки ман бояд ҳамаатонро бо ид табрик гӯям, аввалан ба ҳамаи онҳое, ки имшаб дар паҳлӯяшон падарону модаронашон, бародарону хоҳаронашон, фарзандонашон нестанд ва бехонумон шудаанд, тасаллият гуфта, ҳамдардии хешро баён менамоям…” Ва таъкид мекунад: “Дилпурона изҳор менамоям, ки бо зудӣ дар мамлакатамон сулҳу салоҳ, якдигарфаҳмӣ амалӣ хоҳад гашт”.
  • Чунонки аз таъкидҳои пайвастаи роҳбари давлат аён аст, ӯ дар роҳи бунёди давлати миллӣ пеш аз ҳама ба офаридгор ва иродаи неки халқи фарҳангсолораш такя мекард. “Ман ба раҳми Парвардигор, ба хиради азаливу иродаи неки халқам бовар доштам ва ҳамеша ба неруқҳои солим ва руҳи сулҳхоҳонаи миллати тоҷик такя менамудам”.
Ҳамин боварию иродаи қавӣ, дили бузург доштани Пешвои миллат буд, ки оташи ҷанги хонумонсузи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар Ватани азизи мо хомӯш шуд. Дар ин бора вакили Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олӣ Малик Қурбонов чунин менависад: “Ба ҳар як шахси хирадманд маълум аст, ки маҳз бо туфайли ҷаҳду талоши муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон аз вартаи ҳалокат наҷот ёфт. Ин муболиға не, балки таҳлили вазъи беш аз бистсолаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвари мо мебошад. Ин ҳамон ҳақиқате мебошад, ки онро тамоми ҷаҳон ва аксарияти ташкилотҳои байналмилалӣ эътироф мекунанд”.
Ин хидмат ва ҷоннисориву ватанхоҳӣ, миллатдустиву башарпарварии роҳбари давлат дар авроқи тиллоии таърих бо ҳарфи заррин сабт гардида, корномаи ҷовидонии ӯ ҳамчун машъали фурӯзон баҳри тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандорӣ ва ифтихор аз меҳану миллат аз ҷониби донишмандон мавриди омӯзиш қарор гирифтааст ва дар ин самт даҳҳо китобу мақола ва маҷмуаҳои илмӣ рӯйи чоп омадаанд.
Ҳамин тавр, роҳи тайкардаи ин шахсияти таърихӣ шамъеро мемонад дар роҳи пайгирифтаи миллати тоҷик. Барои ба ин мақсадҳо ноил гардидан назди ӯ вазифаҳои ниҳоят мушкил ва тақдирсоз меистод. Ташкили низоми дурусти идораи давлат, таъсиси мақомоти марказӣ, таҳияи низоми судӣ ва ғайра, ки тавассути он тавонад халқро аз вартаи нобудӣ раҳо созад. Дар натиҷаи фаъолиятҳои пайвастаи шабонарӯзӣ Пешвои миллат исбот намуд, ки ӯ барои хизмати холисонаи халқ зода шудааст ва тамоми неруи худро баҳри ободу гулгушукӯфоии Ватан – Тоҷикистон бахшида, ҳамеша мардумро ба сӯйи ормонҳои миллӣ, сулҳ, ваҳдат ва якдигарфаҳмӣ ҳидоят мекунад. Шоири Халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб ин машҳади ормонҳоро бо мушоҳидаҳои шоирона чунин тасвир кардааст:
Ваҳдати мо дил ба рӯйи якдигар во кардан аст,
Чеҳраҳои офтобиро ба дил ҷо кардан аст.
Аз нигоҳи садри олии Ватан бо ҳамдилӣ
Тоҷиконро тахтшини тахти дунё кардан аст.
Маҳз самараи фарҳанги қадимаи миллии ваҳтадгароии миллати тоҷик ва корнамоиҳои фарзанди фарзонаи ин миллат буд, ки бо файзи истиқлол Ваҳдати миллӣ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамчун дастоварди муҳимми таърихӣ ноил гардид ва он ҳамчун василаи иттиҳоду ягонагӣ, якдилию ҳамбастагӣ ва рушддиҳандаи ҳадафҳои инфиродию иҷтимоӣ дониста шуда, ҳамасола бо шукӯҳи хоса ҷашн гирифта мешавад.
Бевосита давлати соҳибистиқлоли мо бо шарофати Ваҳдати миллӣ ҳамасола барои расидан ба ҳадафҳои стратегии худ – истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти озуқаворӣ ва саноатикунонии мамлакатро зина ба зина амалӣ намуда истодааст. Бо боварӣ гуфта метавонем, ки бо кӯшишҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, махсусан, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии мардуми меҳнатдӯсти кишварамон тамоми мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ бартараф шуда, зиндагии босаодати халқи азизамон рӯз то рӯз, ба тадриҷ таъмин гардида, имрӯзҳо Тоҷикистони азаз амнтарин кишвари ҷаҳон аст, ки мардумаш хушбахтона зиндагӣ доранд.
Имрӯз таҳким бахшидан ба Ваҳдати миллӣ рисолати шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандии ҳар тоҷику тоҷикистонӣ гардида аст. Зеро таърихи рӯзҳои талху сангини гузашта дар ёд монда, зудудани он танҳо бо роҳи шукргузорӣ ва арҷгузорӣ ба ин ватани маҳбубу дилбохтанӣ мебошад. Агар ба таърихи пурмоҷарои гузашта мунсифона назар кунем, рисолати ватандорӣ ин дасти сахо ба ҳамватан дароз намудан ва аз дасти дарозкардаи бегонагон рӯ гардонидан аст. Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ таъкид намудааст, ки ваҳдат, иттиҳод, иттифоқу ҳамзабонӣ ва ҳамдилӣ аз хислатҳои ҳамидаи инсонӣ ба шумор рафта, пайвандии он то хешию якдилӣ бурда мерасонад:
Ҳамзабонӣ хешиву пайвандӣ аст,
Мард бо номаҳрамон чун бандӣ аст.
Сулҳу ваҳдат мафҳумҳои дилчаспу дилнишине мебошанд, ки ҳамеша бо лаҳни шево садо медиҳанд ва бевосита шунавандаро ба фикр кардан водор месозанд. Мафҳуми сулҳ, оштиву фарзонагӣ, субот, якдигарфаҳмӣ ва толиби осоиштагӣ будани мардумро таҷассумгар аст. Ваҳдат бошад, ба ҳам омадан, сар аз як гиребон баровардан, ҳамдигарфаҳму поктинату миллатдӯст будан аст. Аз ин рӯ, ҳар як шахси соҳибхираду ватандӯстро зарур аст, ки пояндаву ҷовидонии сулҳу ваҳдатро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намояд. Чунки Ваҳдат таъмингари рушди миллат, таҳкимбахши сулҳ ва бунёди осоиштагиву созандагӣ буда, тамоми самтҳои ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсии одамонро музахрафу дилнавоз мегардонад. Агар ба пиндори хусравонаи миллати тоҷик назар кунем, “танҳо сарчашмаи рӯзгорони пурнишоту босуботи аҳли башар маҳз сулҳ, ваҳдат ва таҳаммулгароӣ дониста мешавад”.
Имрӯз аз баландиҳои кохи бегазанди кишвари озоду обод бо чашми басират мушоҳида кардан мумкин аст, ки баробари сипарӣ шудани ҳар соли санаҳои фархунда – Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ чӣ гуна андак-андак ба решаи ташналаби шоҳбулути давлатдории навини тоҷикон оби ҳаёт зам мегардад ва оромии кишвари маҳбуб дили мардумро тасхир месозад. Насли куҳансолу миёнасоли саодатманди тоҷик дар ин айёми фараҳбахши соҳибистиқлолӣ хуб дар хотир доранд ва шоҳиди ҳол буданд, ки даҳаи охири асри сипаришуда абри сиёҳи нооромӣ болои шаҳру деҳоти замини биҳиштосоӣ ҷумҳурии мо, фақат борони яъсу ноумедӣ, сӯхтору вайронӣ, ғаму андӯҳ, қаҳтию гуруснагӣ ва аз ҳама бадтар нобоварии фарогир ба фардоро меборид. Дар ин рӯзҳо касе бар касе бовар надошта, қиссаи нохондаи фирор аз ҳамбареро пеша карда, узлатнишинӣ кори аксарияти донишмандон гардида буд. Аслан дар замири мардум умеди имконпазир будани аз зулмат ба нур ва аз торикӣ ба равшанӣ расидан намонда буд. Ҳамин ҳолати равонии шаҳрвандони кишварро дар он солҳо шоири зиндаёд Ашӯр Сафар бисёр барҷаста тасвир кардааст:
Як бори дигар ханда ба лаб мешуда бошад?
Дар кишвари ғам базму тараб мешуда бошад?
Дар кашмакаши рӯзи фурӯзону шаби тор,
Помолу фано зулмати шаб мешуда бошад?
Фарзанд, ки бар ҷони падар теғ кашида,
Бишкастагари теғи ғазаб мешуда бошад?.
Таърих гувоҳ аст, ки дар он солҳои мудҳиш масъалаи соҳибӣ кардани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини якпорчагии қаламрави он хусусияти ниҳоят буҳронӣ касб карда буд, ҳатто, хатари аз харитаи сиёсии ҷаҳон берун афтодани номи кишвари моро низ таҳдид мекард. Ҳамеша мардумро парокандагӣ фаро гирифта, ин манзараи мудҳиши таърихиро шоири зинданоми тоҷик, Мумин Қаноат мушоҳида намуда, андешаашро чунин баён намудааст:
Раҳи ваҳдат зи санги хора бигзашт,
Баланду пастро ҳамвора бигзашт.
Ҳазар кун аз раҳи дилҳои сангин,
Ки ҳар кӣ з-он гузашт, овора бигзашт.
Бисёр ҷойи таассуф аст, ки кишвари азизи мо дар он айём дар зери таъсири омилҳои субъективӣ ва объективӣ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд. Вале муддати на чандон тулонӣ роҳбарияти олии кишвар бо сарварии Пешвои миллат тавонистанд, ки ҳам оқибатҳои ҷанги шаҳрвандиро бо тамоми мушкилоти вобаста ба он ҳаллу фасл ва бартараф намояд ва ҳам ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва хоҷагии халқи ҷумҳуриро ба як маҷрои созгору устувор бо талаботи нав пиёда созанд.
Инчунин, таърихи рӯзҳои пуртуғёну беҳаракати сангин нишон дод, ки қарори Иҷлосияи тақдирсози XVI-уми Шӯрои олӣ оғози истиқрори сиёсии бардавом ва заминаи поягузории рушди устувори иқтисодиёт, фарҳанг ва иҷтимоиёт дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ гардид. Табиист, ки масири давлатсозӣ роҳи ҳамвор нест, балки барои ноил шудан ба ин мақсади наҷибу муқаддас иродаи азиму имони комил, донишу биниши амиқи иҷтимоиву иқтисодӣ ва маърифату фарҳанги мукаммал зарур аст.
Бо дарки баланди масъулияти шаҳрвандӣ ва худшиносии миллӣ метавон гуфт, ки ҳоло Тоҷикистони азизи мо дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ба сӯйи фардои боз ҳам ободу осуда гомҳои устувор мегузорад.
  • Хулоса, фалсафаи сулҳи тоҷикон беҳтарин неъмат, ҳаёти осоиштаи инсон, орзуву ормони ҳамдилон, таҳкими давлатдории давлатдорон, наҷоти миллат, рушди тафаккури тадриҷӣ, нумуи стратегияи дохилию хориҷӣ ва умуман, бақои инсон дар ҳар давру замон аст. Бо боварӣ ва ифтихор метавон гуфт, ки рисолати пуршараф ва иродатмандонаи Пешвои муаззами миллатро ҳар шаҳрванди худогоҳи ин миллат дарк намуда, пояи сулҳу осоиштагиро дар ин сарзамини ҳамешабаҳор ба ҳадди бузург мустаҳкаму устувор гардонида, бо азму иродаи матин зери сиёсати пайгиронаи Президенти мамлакат парчами дӯстию рафақатро партавафшонӣ мекунанд. Ҳақназар Ғоиб шоири халқии Тоҷикистон бо умеди оромию ҳамешасабсии ин кишвари ҳамешабаҳор чунин мегӯяд:
Ба тан пӯшед, ёрон, ҷомаи идонаи Ваҳдат,
Шароби арғувон нӯшед аз паймонаи Ваҳдат.
Чунон оред меҳри дил ба якдигар ба солорӣ,
Ки ҳар як хонаи тоҷик гардад хонаи Ваҳдат.
Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!
 
БАҲМАНЁР Сулаймонов – дотсенти кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносӣ;
АБДУРАҲМОН Махсудов – ассистенти кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносӣ.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *