ТАШАББУСҲОИ БАШАРДӮСТОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ҲИФЗИ ИҚЛИМИ САЙЁРА

Инсоният агарчи имрӯз боландагӣ аз рушди тафаккури алтернативии хеш ва амалигардонии натиҷаҳои илм дорад ҳамвора рақобатҳо ӯро думболгир аст. Метавон ин мушкилоти дар рӯёрӯӣ башар камин гирифтаро, ки тамоми башариятро ба ташвиш овардааст табиӣ ва маънавӣ номид. Ба қисмати табиӣ гармои ҷаҳонии шадиди солҳои охирро агар ном барем, дар қисмати дуюм – маънавӣ, сабқату пешдастии инсони муосирро метавон ном бурд, ки дар ин миён ба корҳои шояму ношоям даст зада, пиряхҳо ва манбаъҳои зеризаминиро, ки маншаи асосии оби нӯшокӣ маҳсуб мешаванд ба нобудӣ мекашад. Ин раванди тадриҷиро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушоҳида намуда, баҳри бартараф намудани ин мушкилоти доғафзун ва несткунандаи башарият бо маротиб дар дохили кишвар ва хориҷ – Созмони Милали Муттаҳид иқдому ташаббусҳо пеша кардаанд. Оид ба масъалаи зикргардида, дар таърихи 8-уми июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус ва муаррифии оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 ба Ҷумҳурии Фаронса сафар карда, дар робита бо масъалаҳои муҳимми глобалӣ, ташаббусҳои башардӯстонаи хешро баҳри пешгирӣ аз обшавии босуръати пиряхҳо, обу иқлим ба ҷаҳониён пешниҳод намуданд.
Маврид ба ёдоварӣ аст, ки Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 аз ҷониби СММ бо пешниҳоди якҷояи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса қабул гардидааст. Ин иқдом, ки ҳамчун иршод нишонаи башардӯстист, чун ташаббусҳои ҷониби Тоҷикистон, аз қабили Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018–2028”, форуми байналмилалии об дар Душанбе ва Конфронси СММ оид ба об (Ню-Йорк, 2023), як низому равиши наве дар ташаккули муносибатҳои байналмилалӣ дар масъалаҳои глобалӣ маҳсуб мешавад. Чун таҳқиқи масъалаи обу иқлим ва яхшиносӣ доманаи хешро объективона фарох намудааст, дар иқтисодиёти мамлакат яке масъалаҳои мубрам ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, сафари Пешвои муаззами миллат имконияти боз ҳам наздик шудан ба ин ҳадафҳоро фароҳам меоварад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади хеш аз паёмади обшавии пиряхҳо ёдовар шуда, таъкид доштаанд, ки «ташаббусҳои мо дар самти обу иқлим аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ тавассути 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷонибдорӣ ёфта, мавриди татбиқ қарор гирифтаанд». Ба андешаи Пешвои миллат сабаби асосии пешниҳоди ин иқдом сол то сол мубраму нигаронкунанда гаштани масъалаи обшавии босуръати пиряхҳо мебошад, ки идомаи ин раванд ояндаи инсониятро зери хатар мемонад. Ин навъ таҳлили ояндабинии хайрхоҳона барои инсоният сомондиҳандаи зиндагии наку буда, аз волоияти асолати инсонии як шахси ташаббускор ва идеяҳои ҳувиятсози ӯ дарак медиҳанд.
  • Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва шояд дар ҷаҳон ягона давлате маҳсуб шавад, ки аз оби равон ва манбаъҳои обӣ сероб бошад, вале ҳама ин иқдому ташаббусҳои пайваста самараи сиёсати оқилона ва инсондӯстонаи Пешвои миллат маҳсуб мешаванд. Айни замон, ки ташаббусҳои пайвастаи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гашта истодааст, на танҳо миллати тоҷик, балки тамоми мардуми сайёраро зарур аст, аз ин ташаббусҳои олии сатҳи ҷаҳонӣ пазироӣ намоянд. Маҳз дар ҳамин самт, дар давоми солҳои охир ташаббусҳои пайвастаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод гардида, аз тарафи муқобил бо хушнуди пазироӣ шудаанд, ки онҳо: “Соли оби тоза” эълон гардидани соли 2003; даҳсолаи байналмилалии “Об барои ҳаёт” эълон шудани соли 2005-2015; “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об” эълон шудани соли 2013; соли байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” эълон шудани солҳои 2018-2028 дар назар дошта мешаванд.
Масъалаи оби тоза ва роҳҳои самаранок истифода кардани он зиёда аз 20 сол мешавад, ки дар стратегияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва махсусан, зери таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат қарор дорад. Ин масъала ё худ мушкилот тамоми давлатҳо, давлатҳои поёноб ва махсусан қораи Африкоро фаро гирифта, мардум ҳамарӯза дар баробари норасоии маводи аввалиндараҷаи озуқа аз нарасидани оби ошомидани мефавтанд. Агар ба умқи ин масъала таваҷҷуҳ намуда, сабаби ин буҳрони глабалиро донистан хоҳем, албатта, аввалин омили мушкилафзои ин самтро дар зиёд шудани шумораи аҳолии курраи Замин мушоҳида мекунем. Масалан, дар соли 1975 тамоми аҳолии ҷаҳон ба қайд гирифта шуда, дар натиҷа бошандагони он 4-миллиард нафарро ташкил медод. Аммо бо гузашти солиёни на чандон дароз дар соли 2022 пажуҳишгарони соҳа ин шуморро 8-миллиард хондаанд, ки дар байни 47 сол шумораи аҳолии курраи Замин як маротиба (аз 4-миллиард ба 8-миллиард) зиёд гардидааст. Бо зиёд гардидани шумораи аҳолии ҷаҳон талаботи онҳо низ зиёд мегардад. Барои бартараф намудани хоҳишу ниёзҳои ҷомеа буридани ҷангалу ғасби заминҳои ҳамвор, инчунин, бо рушди тафаккури техникӣ сохтани корхонаҳои хурду бузург ва амсоли он пеши назар омада, ба об шудани пиряхҳо, ифлос намудани обҳои истеъмолӣ, ҳамчунин, бо тахлияҳои зеризаминӣ зарба задан ба манбаъҳои обии зеризаминӣ ва аз байн бурдани онҳо гоҳо инсон нафаҳмида амал мекунад.
Муҳимтарин омиле, ки боиси таваҷҷуҳи махсуси Пешвои муаззами миллат ва мутахассисони соҳа дар масъалаи оби тоза ва ҳифозат аз пиряхҳо гардидааст, мушкилоти дастрасӣ ба ҳамин захираҳои табиӣ мебошад. Дар маҷмуъ, афзоиши аҳолии сайёра, рушди иқтисоди кишварҳо, истифодаи ғайриоқилонаи манбаъҳои обӣ ва тағйири иқлим ин мушкилотро дар сатҳи ҷоҳонӣ бештар гардонид. Масъалаи ҳалталаб ва мубрами рӯз, ки тамоми аҳли сайёраро ба ташвиш овардааст, таъсири тағйирёбии иқлим ба захираҳои обӣ ва ҳолати зудобшавии пиряхҳо мебошад. Бояд иброз намуд, ки масъалаи мазкур дар мадди назари Пешвои муаззами миллат қарор гирифта, чун имрӯз оид ба ҳалли ин масоил борҳо аз минбарҳои баланд иқдомҳои наҷибро ироа доштанд ва ин ташаббусҳо аз ҷониби тамоми мамолики ҷаҳон дастгирӣ ёфтанд. Бевосита дар ин самт, ибтикороти пайвастаи Пешвои миллат дар саросари ҷаҳон ҳамчун раванди иҷтимоӣ намунаи бесобиқа касб намуда, ба андешаи мо беаҳамиятӣ ба ин самт барои оянда хатари ҷиддиро ба бор меорад. Бояд дар назар дошт, ки муваффақиятҳои болозикр на танҳо обрӯи байналмилалии Тоҷикистонро таҳким мебахшанд, балки имкониятҳои навро барои пешбурди иқтисоди миллӣ, бахусус дар самтҳои сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва ҳамкориҳои илмӣ-техникӣ мекушоянд.
Донишмандон ва мутафаккирони даврони қадим ҳамеша таъкид мекарданд, ҷаҳоне, ки моро иҳота кардааст аз чаҳор унсур иборат аст ва дар раддабандии ин аносир об, ки сарчашмаи онро пиряхҳо ташкил медиҳанд, ҷойгоҳи махсусро ишғол мекунад. Олимони муосир низ ин матлабро эътироф намуда, исбот кардаанд, ки яке аз унсурҳои асосии ҳаёт дар сайёраи Замин – “Об” маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ, зарурати механизмҳои боэътимоди муосир барои таъмини об ва мудирияти самараноки масъалаҳои марбут ба об таҳия ва роҳандозӣ карда шавад ва тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин раванди стратегӣ оқилона назар карда, ояндаи саршор аз обҳои мусаффоро интизор бошанд. Дар акси ҳол, ин проблема ё худ мушкилии замон метавонад бо суръати баланд бавосита, нестшавии инсониятро ба вуҷуд оварад. Дар ҳамин самт, агар ба таҳлилҳои соҳавӣ назар кунем ва маҷмуи обҳои Заминро ба ҳиссаҳо ҷудо кунем, онҳо дар ҷаҳор бахш бо маҳфузият тасниф мешаванд: уқёнусҳо; пиряхҳо; обанборҳо; ва обҳои зеризаминӣ. Чи тавре ки қаблан зикр намудем агарҳо ва шоядҳои сершумули хоҳишҳои башарият бо суръати техникии имрӯза ташаккул ёфтан гирад, замину ҷангалҳо ғасб карда шавад, ба ин чаҳор қисмати манбаъҳои обӣ аҳаммият дода нашавад, нахуст нестшавии инсоният пеш назар меояд. Ин нуктаҳои хатарафзоро Президенти муҳтарам бо ҳикмати башардӯстонаи хеш дарк намуда, талошҳои худро ҳамчун инсони комилу накусиришт барои оламиён дар Конфронси навбатие, ки дар Ҷумҳурии Фаронса гузашт, ба таври муфассал ироа намуданд.
Мақсад аз ин нуктаҳои муҳим равшан шудани моҳияти ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат вобаста ба масъалаҳои марбут ба об, оби тоза, сарчашмаҳои обӣ, ҳифзи пиряхҳо ва истифодаи муассиру оқилонаи он буда, ҳадафи калиди дар ин самт ҳалли мушкилоти умдаи башарият, яъне раҳоӣ аз буҳрони обӣ ба ҳисоб меравад. Ҳанӯз Пешвои миллат ҳангоми суханронӣ дар шаҳри Ню-Йорк (22-24.03.2023) иброз буданд, ки “то ҳанӯз ду миллиард нафар аҳолии сайёра ба оби ошомидании бехатар ва зиёда аз сеюним миллиард ба шароити нисбатан хуби беҳдоштӣ дастрасӣ надоранд ва ҳамасола қариб ним миллион одам аз бемориҳои сироятии марбут ба об ба ҳалокат мерасанд”. Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин мушкилоти рӯзмараи ҷаҳонӣ ҳамчун шахсияти худшиносу инсондӯст таваҷҷуҳ намуда, ташаббусҳои ҷаҳонии хешро оид ба ҳифозати пиряхҳо ва оби тоза на ба таври маълумотрасонӣ, балки дар асоси далелу мушоҳидаҳои амиқ ва илман асоснокшуда, бо натиҷагириҳои самарабахш пешниҳод намуда, на танҳо баҳри рафъи мушкилоти мардуми тоҷик, балки барои амну субот ва ҳифозати тамоми сокинони сайёра арза доштанд.
Муҳаққиқон ва пажуҳишгарон сарватҳои гуногунранги табиатро хеле зиёд медонанд ва онҳоро аз ҷиҳати имконияти давомнокии истифода ба сарватҳои табиии барқароршаванда ва барқарорнашаванда ҷудо мекунанд. Пиряхҳо, ки манбаи асосии обҳо ба ҳисоб мераванд яке аз сарватҳои табиӣ ба ҳисоб рафта, барқароршавии онҳо ба таври объективӣ ва субъективӣ сурат мегирад. Донишмандони соҳа баъзан чунин мепиндоранд, ки вобаста ба гуногунии релеф ва шароити иқлимӣ имконияти ҳифозат ва барқароршавии пиряхҳо дар ҳама ҷо як ранг нест. Хусусан дар он давлатҳое, ки саноат ва хоҷагии қишлоқ рушд ёфтааст, норасоии об ҳис карда мешавад. Мутаассифона чунин омил ба босуръат об шудани пиряхҳо мусоидат мекунад. Дар ин ҳолат, моро зарур аст, ки обро самаранок истифода барем ва манбаъҳои обиро аз ҳама гуна ифлосшавиҳои хатарзо муҳофизат намоем. Сарвари давлат ба ин нукта таваҷҷуҳи махсус равона карда, қайд мекунад, ки “имрӯз захираҳои об зери таъсири амиқи таҳдиду хатарҳои гуногун қарор доранд, ки ба тамоми соҳаҳои ҳаёти мардум, бахусус ба амнияти озуқаворӣ, тавлиди “неруи сабз” ва пойдории табиат бетаъсир намемонад”. Аз ин ҷиҳат, поку мусаффо нигоҳдории он вазифаи якояки мо ба ҳисоб меравад. Маврид ба зикр аст, ки иқдомҳои оқилонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати роҳандозии ҳамкории бештари ҷомеаи ҷаҳонӣ дар роҳи расидан ба рушди устувор дар соҳаи обу иқлим заминаҳои мусоидро фароҳам меоранд.
Дар урфияти мардум ба об эътимодҳои зиёд дида мешавад ва ҳамагон эътироф мекунанд, ки об дар ҳастии инсоният дурри гаронбаҳо маҳсуб мешавад. Обро манбаи ҳаёт, рушд, тараққиёт, пешрафт ва ояндаи ободу осудаи наслҳои нав медонанд. Аз ин хотир, ҳар як шахс вазифадор аст, ки ба хотири амалӣ гаштани ҳамаи ин шиорҳо ҷидду ҷаҳди хешро дареғ надорад ва манбаъҳои обиро одилонаю оқилона истифода барад. Зеро кафолати ҳаёти солим аз оби тозаю зулол вобастагӣ дорад.
  • Дар хулоса гуфтан мумкин аст, ки сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Фаронса дар таърихи дипломатияи экологӣ ва обии кишвар ҳамчун як қадами дигар дар самти таҳкими мақоми байналмилалии Тоҷикистон сабт мегардад. Он нишон дод, ки Тоҷикистон на танҳо дар сатҳи сухан, балки дар сатҳи амал низ дар масоили обу иқлим ташаббускор ва масъулиятшинос аст.
 
Баҳманёр Сулаймонов, дотсенти кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *