11 апрели соли 2025 бахшида ба 101 солагии пойтахти азизамон шаҳри Душанбе дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода чорабинии фарҳангӣ бо иштироки ректори Донишгоҳ профессор Жило Гулназарзода, ноиби президент оид ба муносибатҳои аврупоӣ ва байналмилалии Институти миллии забонҳо ва тамаддунҳои Шарқ дар Ҷумҳурии Фаронса Жал Форло, муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Фазилатпочои Маҳмадюсуф, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Умеда Саидзода, мудири шуъбаи занони КИ ҲХДТ Рухшона Юнусова ва омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳ доир гардид.
Ректор, профессор Жило Гулназарзода дар оғози чорабинӣ кулли меҳмононро ба боргоҳи илму маърифат хайрамақдам гуфта, таҷлил намудани ин рӯзи таърихӣ, яъне 101 солагии Рӯзи пойтахти азизамон шаҳри Душанберо ба ҳозирин шодбош гуфт. Роҳбари Донишгоҳ таъкид дошт, ки Душанбе қалби Тоҷикистон ва хонаи умеди тамоми тоҷикони олам аст, рӯз то рӯз ободтару зеботар ва шукуфотару дилработар гардидани он, ҳамчунин маркази фарҳангӣ, макони баргузории чорабиниҳои байналмилалӣ гардидани он аз меҳнатҳо ва заҳматҳои бесобиқаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе, Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ сарчашма мегирад.
Зикр гардид, ки сокини шаҳри Душанбе будан ифтихори ҳар як тоҷик аст, бигзор шаҳри азизу дилрабоямонро ҳамеша поку беолоиш нигоҳ дошта, барои ободию хуррамии он саҳм гузорем. Шаҳри Душанбе дар қатори ҳазорон шаҳрҳо дорои обрӯву нуфуз ва эътибори хоси ҷомеаи ҷаҳонӣ аст. Ин шаҳри таърихӣ саҳнаву руйдодҳои хеле ҳам бузургу мондагори миллати моро дар худ нигоҳ доштааст.
Дар идома муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Фазилатпочои Маҳмадюсуф баромад карда, пиромуни ташаббусҳои созандаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон, хусусан дар бораи иқдомоти Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба рушту ободии пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе ибрози назар карда, шаҳри Душанберо яке аз рамзҳои асосии давлат, хонаи умеди тоҷикону дунё, шаҳри дилорою зебоманзар ном бурд.
Зикр гардид, ки шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти давлати тоҷикон 101 сола шуд ва дар тули умри беш аз як асраи худ он аз як деҳаи хурди маъмулӣ ба шаҳри азиму зебо ва замонавӣ табдил ёфт. Имрӯз шаҳри Душанбе ба макони сайру тамошо, дилфиребу хуррам ва ба тамошогоҳи ҳазорон сайёҳони дохилию хориҷӣ мубаддал гардидааст.
Дар идома аз ҷониби дастаи ҳаваскорони “Субҳи ҷавонӣ” – и Донишгоҳ чорабинии фарҳангию фароғатӣ, ки аз наворҳои таҷассумгари зебогии шаҳри Душанбе, рақсҳои миллию хориҷӣ ва саҳначаҳои тарбиявӣ иборат буд, пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.