4 декабри соли 2025 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2025 баргузор гардид.
Дар даври ҷумҳуриявии озмун донишҷӯён ва омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода фаъолона ширкат намуда, дар номинатсияи “Адабиёти ҷаҳон” сазовори ду ҷойи ифтихорӣ гардиданд.
Ҳасанова Саёҳат донишҷӯйи курси сеюми факултети забонҳои Аврупо миёни муассисаҳои олии кишвар сазовори ҷойи аввал ва мутахассиси шуъбаи таҳлил ва иттилооти Донишгоҳ Шаҳзод Қаюмов миёни иштирокчиёни касбу кори гуногун сазовори ҷойи дуюм гардид.
Маврид ба ёдоварӣ аст, ки ҳамасола донишҷӯён ва омӯзгорони Донишгоҳ дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм- фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикистон Ватани азизи ман” ширкати фаъолона намуда, сазоври ҷойҳои намоён мегараданд.
Барои боз ҳам вусъат ёфтани раванди китобдӯстиву китобхонӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди эҷодкорӣ байни насли наврас ва дигар қишрҳои ҷомеа аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маблағи ҷоизаҳо зиёд гардид, ки ин барои боз ҳам дилгарм ва ҳавасманд намудани ширкаткунандагон замина мегузорад.

ш.Душанбе, куч.Муҳаммадиева, 17/6
(+992) 37-232-5000
rectorat.dbzkht.tj@mail.ru