Раёсати Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар баробари анҷом додани рисолати асосии худ яъне, омода кардани омӯзгорони забондон ва тарҷумонҳои ҳирфаӣ ба тарҷумаи осори гаронарзиш низ машғул ҳастанд.
Шуруъ аз соли 2022 ба тарҷума ва нашри китоби мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Забони миллат-ҳастии миллат” пардохтаанд ва тарҷумаи ҷилди аввали китоб бо забонҳои русӣ, англисӣ ва чинӣ моҳи сентябри соли 2022 ҳангоми ташрифи Роҳбари давлат ба Донишгоҳ ва ифтитоҳи бинои нави таълимӣ нашр ва муаррифӣ гардид.
Тарҷумаи ҷилди дуюми китоб бо забонҳои русӣ, англисӣ ва чинӣ соли 2023 ба анҷом расид, ки дар арафаи Рӯзи забони давлатӣ рӯйнамоӣ шуд.
Омӯзгорон аз тарҷума ва нашри китоб бо се забони тадрисшавандаи Донишгоҳ илҳом гирифта, бо руҳияи ватандӯстона ва ифтихори миллӣ тарҷумаи ҷилви аввали китоби “Забони миллат-ҳастии миллат”- ро бо 4 забон: куриёӣ, ҳиндӣ, фаронсавӣ ва арабӣ ба анҷом расониданд, ки дар арафаи Рӯзи забони давлатӣ соли 2025 дар ҳузури меҳмонони дохилӣ ва хориҷӣ рӯйнамоӣ гардид. Дар маҷмуъ, то имрӯз ин китоби мондагор, ки ҳамчун асари арзишманд дар ҳифзу муаррифии забони тоҷикӣ дониста мешавад, бо ҳафт забони тадрисшавандаи Донишгоҳ тарҷума ва нашр карда шудааст.
Мавриди зикр аст, ки тарҷумаҳои китоби “Забони миллат – ҳастии миллат” – и Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун маводи таълимӣ дар факултетҳои Донишгоҳ ба донишҷӯён таълим дода мешавад.
Бояд ёдовар шуд, ки тарҷума ва нашри ҳар ду ҷилди китоб бо панҷ забони тадрисшаванда дар Донишгоҳ: забонҳои испанӣ, итолиёвӣ, форсӣ, ҷопонӣ, олмонӣ ва ӯзбекӣ дар ояндаи наздик пешниҳод мегарданд.
Тарҷумаҳои китоби арзишманди “Забони миллат – ҳастии миллат” чун туҳфаи арзишманд ба меҳмонони хориҷӣ, намоянда аз сафоратхонаҳои Тоҷикистон ва ҳангоми сафари кормандони Донишгоҳ ба хориҷи кишвар ҳадя мегардад. Ба ин восита забони бою ғанӣ ва нобу шевои тоҷикӣ ба оламиён муаррифӣ мегардад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муқаддимаи китоб ёдрас менамоянд, ки: «Барои ман забони тоҷикӣ на танҳо воситаи гуфтугӯю муошират ба шумор меравад, балки болотар аз он, шиносномаи миллати азизам, рӯҳу поки гузаштагонам ва оинаи осори ниёконам мебошад. Аз ин рӯ, ман ба ин забони шевои шоирона сидқан арҷ мегузорам, бо ҳисси баланди ватандӯстӣ аз минбарҳои баланд бо ин забон сухан мегӯям, аз лаҳни шакарину дилнишинаш лаззати маънавӣ мебарам ва ҳастиамро бо ҳастии забон пайванд медонам.»
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоб бо далелҳои таърихӣ нишон медиҳанд, ки забони тоҷикӣ дар тӯли ҳазорсолаҳо яке аз василаҳои муҳимтарини нигоҳдории арзишҳои фарҳангӣ, тамаддун ва ваҳдати миллӣ буда, имрӯз низ бояд ҳамчун рамзи муқаддаси давлатдории тоҷикон ҳифз ва рушд дода шавад.

ш.Душанбе, куч.Муҳаммадиева, 17/6
(+992) 37-232-5000
rectorat.dbzkht.tj@mail.ru