17 – уми декабри соли 2025 дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон баноми Сотим Улуғзода конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ таҳти унвони “Масъалаҳои мубрами методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик: роҳҳои татбиқ ва амалисозии методҳои муосир ва технологияи педагогӣ” бо ширкати донишмандони соҳа баргузор карда шуд.
Дар конференсияи мазкур ректори Донишгоҳ доктори илмҳои филологӣ, профессор Жило Гулназарзода, ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Саломиён Муҳаммаддовуд, доктори илмҳои педагогӣ, профессор, академики Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Ирина Каримова, доктори илмҳои педагогӣ, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Саъдуллоҷон Негматов, дотсенти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Саида Зайдуллозода, дотсенти кафедраи забони русии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино Зебо Самадова ва омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳ ширкат намуданд.
Дар оғози ҳамоиш профессор Жило Гулназарзода аз Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ёдовар шуда, нуктаҳои асосии онро ба таври фишурда шарҳу тавзеҳз дод.
Роҳбари Донишгоҳ дар идомаи суҳбат иброз дошт, ки: “Вақти он аст, ки амалисозии методҳои муосири педагогиро ба воситаи технологияи муосир ба роҳ монем то дар вақти зарурӣ ба донишҷӯён дониши мукаммал дода тавонем. Технологияро барои сарфаи вақт истифода намоем на ҷойгузини китобу муаллим. Технологияро бояд ҳамчун воситаи расонидани дониш ба шогирдон қабул намоем на ҳамчун душмани омӯзгор ва ё донишҷӯ”.
Дар идомаи ҳамоиш ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Саломиён Муҳаммаддовуд аз иқдомҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба майдони маориф ворид кардани китобҳои методии насли нав, самаранок истифода кардани технологияи муосир ҳангоми таълим ва зеҳни сунъӣ баромад намуданд.
Доктори илмҳои педагогӣ, профессор, академики Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Ирина Каримова дар мавзуи “Языковой мост: таджикский и русский в современном обществе”, узви вобастаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Саидбой Шербоев дар мавзуи “Ҳифзи забон ҳифзи Ватан мебошад”, доктори илмҳои педагогӣ, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Саъдуллоҷон Негматов дар мавзуи “Роҳҳои самараноки татбиқи таҳсилоти фарогир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, дотсенти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Саида Зайдуллозода дар мавзуи “Таълими босалоҳияти ашъори Абулқосим Фирдавсӣ дар зинаҳои таълим (дар мисоли панду андарзҳо)” ва Зебо Самадова дотсенти кафедраи забони русии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар мавзуи “Совершенствование форми методов обучения студентов-медиков путём использования русских пословицв условиях полилингвального и поликультурного пространства” баромад карданд.
Барои ширкати фаъолона ва саҳми муносиб гузоштан дар рушду нумуи илми тоҷик раёсати Донишгоҳ ба иштирокдорони ҳамоиши ҷумҳуриявӣ сертификат тақдим намуд.

ш.Душанбе, куч.Муҳаммадиева, 17/6
(+992) 37-232-5000
rectorat.dbzkht.tj@mail.ru