Бо мақсади тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаи мориф сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон Роҷеш Уики ба Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ташриф овард. Меҳмонро ректори Донишгоҳ профессор Жило Гулназарзода истиқбол гирифта, нахуст дар хусуси муносибатҳои дуҷониба ва равобити дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон суҳбат намуда, дар идома ихтисоси забони ҳиндӣ дар Донишгоҳ, сафарбаршудани донишҷӯён барои таҳсили кутоҳмуддат ба Ҷумҳурии Ҳиндустон ва ҳамчунин аз такмили ихтисос гузаштани як гурӯҳ омӯзгорони забони ҳиндӣ ва англисӣ маълумоти мукаммал пешниҳод намуд.
Роҳбари муассиса доир ба дастоварди омӯзгорони забони ҳиндии Донишгоҳ дар соли 2025 -тарҷума ва нашри китоби мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Забони миллат-ҳастии миллат” бо забони ҳиндӣ суҳбат намуд. Дар ин вохӯрӣ китоби Пешвои миллат- “Забони миллат-ҳастии миллат” бо забони ҳиндӣ рӯйнамоӣ гардид.
Сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон ҷаноби Роҷеш Уики дар суҳбат аз тарҷумаи асари гаронарзиши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори хушнудӣ намуда, пешниҳод намуданд, ки шумораи донишҷӯён ва омӯзгорон дар барномаҳои ITEK ва ICCR карда шаванд.
Дар охир аз ҷониби раёсати Донишгоҳ ба меҳмон тарҷумаи ҳиндии китоби “Забони миллат-ҳастии миллат”тақдим гардид.
Дар ин ташриф ҷаноби сафир ва ҳамроҳон барномаи донишҷӯёни ихтисоси ҳиндиро, ки бахшида ба ҳафтаи забони ҳиндӣ омода шуда буд тамошо карданд.
Дар фарҷом ба ғолибони озмуни “Беҳтарин донандагони забони ҳиндӣ” ва “Хушхат”, ҳамчунин иштирокчиёни фаъоли чорабинии фарҳангӣ сертификат тақдим карда шуд.

ш.Душанбе, куч.Муҳаммадиева, 17/6
(+992) 37-232-5000
rectorat.dbzkht.tj@mail.ru