КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ “МУОШИРАТИ БИСЁРФАРҲАНГӢ, НАҚШИ ЗАБОНҲО, АДАБИЁТ ВА ИЛМ ДАР РУШДИ ҶОМЕАИ МУОСИР”

Мавзуи муоширати бисёрфарҳангӣ, нақши забонҳо, адабиёт ва илм дар рушди ҷомеаи муосир дар конференсияи байналмилалии навбатии илмӣ-амалии Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бо ҳузури донишмандони дохилу хориҷи кишвар баррасӣ гардид.

Дар ҳамоиш мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, доктори илмҳои филологӣ, профессор Абдуллозода Масрур Аҳмад, доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ дар Донишгоҳи давлатии Кубан Немыка Анна Анатольевна, доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи забони муосири руси Донишгоҳи (Славянии) Русияву Тоҷикистон Ҷабборова Марҳабо Тухтасуновна, муовини аввали президенти Донишгоҳи байналмилалии шаҳри Остона Мирзагалиева Анар Базаровна, роҳбари Маркази илм ва фарҳанги Русия дар шаҳри Душанбе Патрушев Андрей Валеревич, дотсенти кафедраи забони русии Донишгоҳи инноватсионии Навоӣ, Ҷумҳурии Ӯзбекистон Юнусов Алишер Панджиевич, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи лингводидактика ва забони дуюми хориҷӣ дар Институти забоншиносии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Олтой, Барбашов Владимир Петрович, омӯзгори муассисаи байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе, Чрантхам Молли ба таври ҳузурӣ ва фосилавӣ ширкат намуданд.

Дар оғоз муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Бахтиёр Абдураҳимзода меҳмононро ба Донишгоҳ хушомадед гуфта, баррасии мавзуи мазкурро дар ҳамоиш муҳим ва заррурӣ арзёбӣ намуд.

Дар идома мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, доктори илмҳои филологӣ, профессор Абдуллозода Масрур Аҳмад ба сухан баромада арзи сипосу миннатдории худро ба раёсати Донишгоҳ ҷиҳати ташкил ва баргузор намудани ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ иброз намуд. Баррасии бисёрфарҳангӣ ва забону адабиёт яке аз мавзуъҳоест, ки бояд мавриди таваҷҷуҳи аҳли илм қарор бигирад ва беҳтарин бозёфтҳо барои насли нав пешниҳод карда шавад, то ҷавонон бо асли худ, забону адабиёти пурғановати хеш бештар ошноӣ пайдо намоянд иброз дошт Абдуллозода Масрур Аҳмад.

Конференсия бо суханрониҳои пурмуҳтавои профессори кафедраи забони муосири руси Донишгоҳи (Славянии) Русияву Тоҷикистон Ҷабборова Марҳабо, муовини аввали президенти Донишгоҳи байналмилалии шаҳри Остона Мирзагалиева Анар Базаровна, роҳбари Маркази илм ва фарҳанги Русия дар шаҳри Душанбе Патрушев Андрей Валеревич, дотсенти кафедраи забони русии Донишгоҳи инноватсионии Навоӣ, Ҷумҳурии Ӯзбекистон Юнусов Алишер Панджиевич, омӯзгори муассисаи байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе, Чрантхам Молли идома ёфт.

Дар ҳамоиши сатҳи байналмилаӣ ҳамчунин маърузаҳои доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ дар Донишгоҳи давлатии Кубан Немыка Анна Анатольевна, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи лингводидактика ва забони дуюми хориҷӣ дар Институти забоншиносии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Олтой, Барбашов Владимир Петрович ба таври фосилавӣ шунида шуд.

Дар ҷамъбасти ҳамоиш ба маърузагарон сертификат тақдим карда шуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *