ТАШРИФИ РОҲБАРИ ШИРКАТИ “REALLY ENGLISH” БА ДОНИШГОҲ

14 сентябри соли 2025 роҳбари ширкати “Real English” Найҷел Киллик ба Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ташриф овард ва бо ректор, профессор Жило Гулназарзода мулоқоти судманд доир намуд.
Ректори Донишгоҳ профессор Жило Гулназарзода зимни мулоқот дар бораи факултетҳо, ихтисосҳои амалкунанда дар заминаи забони англисӣ ва дастовардҳои муассиса маълумот пешниҳод намуд.
Роҳбари ширкати “Really English” Найҷел Киллик дар бораи ширкати худ маълумоти муфассал ироа кард. Мавсуф иброз дошт, ки ҳадафи ширкати “Really English” пешниҳоди ройгони барномаи (замима) таълими забони англисӣ барои донишҷӯёну омӯзгорони Донишгоҳ мебошад. Қайд гардид, ки барномаи “Really English” бо истифода аз шабакаи интернет ва бидуни он, тавассути компютер ва смартфон барои забономӯзон имкониятҳои васеъро фароҳам меорад.
Дар анҷоми вохӯрӣ ба Найҷел Киллик китоби бо забони англисӣ тарҷумашудаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Забони миллат – ҳастии миллат” тақдим гардид.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *