ВАҲДАТ КАФИЛИ УСТУВОРӢ ВА ЯКПОРЧАГИИ МИЛЛАТ

Барои ҷавобан ба ҷанги номатлуби байни тоҷикон, фоҷиаи миллӣ ва парешонию парокандагие, ки дар сарзамини биҳиштосои мо рух доданд, пайдоиш, ташаккул ва густариши Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон тақозои замон гардид. Ин ҳаракати умумихалқӣ иттиҳодияи ихтиёрии сокинони кишвар новобаста аз мансубият ба асҳоби сиёсӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, давлатӣ ва хусусӣ, ташкилоту корхонаҳо, иттиҳодияҳои эҷодӣ, муассисаҳои илмию омӯзгорӣ, ҷамъиятҳои миллӣ, ки дар роҳи озодӣ ва истиқлолияти миллӣ, пешрафти ҳаёти ҷомеа, эҳёи ҳарҷонибаи Тоҷикистон ва истеҳкоми сулҳу салоҳ дар мамлакат аз як гиребон сар бароварда, талош менамоянд.
Поягузори ин Ваҳдати миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллаи, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки ваҳдати ҳақиқии миллӣ дар сарзамини мо бо туфайли меҳнату муборизаҳои пайгирона ва тулонии ин абармарди майдони сиёсат арзи ҳастӣ кард. Ба ёд овардани ҳамин далел кофист, ки роҳбари ба тозагӣ интихобшудаи давлат дар шароити номусоид ва вазъияти хеле мураккаб бо сардори мухолифини муттаҳиди тоҷик Саид Абдаллоҳи Нурӣ дар мамолики хориҷа панҷ маротиба мулоқот намуданд, дар ин гуна сӯҳбатҳо душвортарин масъалаҳои муносибати тарафайни Ҳукумати қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ММТ-ро тадриҷан баррасӣ кардан ва ниҳоят дар ҷаласаи таърихии 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва бо Созишномаи сулҳ имзо гузоштанд. Аз ҳамон рӯз эътиборан ин рӯзи таърихӣ дар саҳифаи ҳаёти мардуми тоҷик бо хатҳои заррин сабт гардид. Имсол дар кишвари азизамон бисту ҳашт солагии ин ҷашни сарнавиштсозро бо тантана таҷлил хоҳанд кард.
Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон расман 18 июли соли 1997 дар шаҳри Душанбе ташкил ёфта бошад ҳам, зарурати ягонагии халқу якпорчагии кишвар моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Тоҷикистон таъкид гардида буд. Баробари ба сари қудрат омадани худ роҳбари нави давлат аз мавқеи Ваҳдати миллӣ сухан ронданд: «Ман ба Тоҷикистон сулҳ меорам». Инчунин моҳи декабри соли 1992 дар мусоҳибаи худ бо рӯзноманигор таҳти унвони «Давлат аз иттифоқ хезад» оид ба якдигарфаҳмӣ, якдилӣ, сулҳу оштӣ сухан ронданд: «Як нуктаро бояд тазаккур намоям: то он даме, ки мо дар хонаи худ сулҳу амниятро барқарор насозем, силоҳ ба замин нагузорем, ба ҷои яроқ олоти меҳнат ба даст нагирем ва аз тахрибкорӣ ба бунёдкорӣ нагузарем, ҳеҷ гуна кӯмаки ҳамсоягон вазъи моро беҳ сохта наметавонад». Бо тақвияти ин суханҳо Сайидзода Зафари Шералӣ чунин мегӯяд: «Таърих ёд надорад, ки халқи тоҷик хонаашро ба дасти худ оташ зада, деҳу деҳкада ва шаҳристонҳоро ба харобазор табдил дода бошад».
Дар он солҳои мудҳиш Пешвои муаззами миллат ба дастаҳои силоҳдор, ки машғули тахрибкорӣ буданд, бо шеваи сулҳҷӯёна чунин муроҷиат намуданд: «Биёед кинаю адоватро ба як сӯ гузорем, ба гузашта салавот гуфта ҳамдигарро бародарвор ба оғӯш бикашем ва силоҳ ба замин гузошта, ба меҳнати бунёдкорона машғул бишавем. Танҳо дар якҷоягию муттаҳидӣ метавонем Тоҷикистони азизи худро аз вартаи нобудӣ раҳо намуда, ба давлати соҳибистиқлоли ғанию мутараққӣ табдил бидиҳем».
Сарвари давлат аз сабақҳои таърих натиҷа бардошта, таъкид мекунанд, ки ягонагии шаҳру вилоятҳо ва ноҳияҳои мамлакат, устувории ваҳдати миллӣ боиси пойдорӣ ва тараққиёти давлат ва ободию осудагии ҳаёти халқ мегарданд. Аз ҳамин ҷост, ки ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ марҳилаи хеле зидиятноки носозгории дохилии Тоҷикистонро аз байн бурд ва ба оғози давраи нави таърихӣ заминаи мустаҳакам гузошт. «Имрӯз ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон дар арсаҳои муътабари байналмилалӣ бо унвони як шахсияти мудиру тавоно ва сиёсатмадори муваффақу варзида шинохта шудааст, ки номи тоҷику Тоҷикистонро ба таври шоиставу боиста ба ҷаҳониён муаррифӣ намудааст»- иброз медорад донишманд Ҷаъфар Ранҷбар.
Давраи нави таърихи Тоҷикистон ба созандагию бунёдкорӣ, эҳёгарӣ, болоравии шуури миллӣ ва худшиносии миллӣ, эҳтиром гузоштан ба таърихи тайкардаи халқамон, бузургдошти шахсиятҳои таърихӣ ва илмию фарҳангӣ, баланд бардоштани мақоми давлатии забони тоҷикӣ, тибқи қонуну қоидаҳои давлати ҳуқуқбунёд ва демократӣ шароити мусоид фароҳам оварда, зӯровариро ҳамчун воситаи расидан ба мақсад маҳкум карда, сиёсати сулҳу салоҳ ва ваҳдати миллиро пеш гирифт. Султони Мирзошоҳ чунин ақида дорад: «Хушбахтона ин навбат хиради роҳбарияти давлату заковати халқи тоҷик баландӣ карда, кишварро аз фаноёбӣ эмин дошт».
Бунёдкории бузурге, ки дар Тоҷикистон дар давраи истиқлолияти миллӣ сурат мегирад, намунаи камназири дар ҳаёт ҷорӣ гардидани пояи ваҳдаи миллӣ мебошанд. Агар дастгирии мардуми шарифи Тоҷикистон намебуд, танҳо бо кӯмаки давлатҳои ба мо дӯсти хориҷӣ, чун Руссия, Чин ва Эрон ин созандагиҳои бузурги даврони мо амалӣ намегардиданд. Бесабаб нест, ки сохтмони роҳи азим ва тӯлонии ҷумҳурӣ, ки чун камарбанди заррин тамоми манотиқи Тоҷикистонро ба ҳам пайваста, аз як ҷониб ба сарҳади Ҷумҳурии халқии Чин, аз ҷониби дигар ба марзҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон рафта мерасанд, «Шоҳроҳи ваҳдат» ном гирифтааст.
  • «Шоҳроҳи ваҳдат» шоҳроҳи дӯстию бародарии воқеӣ мебошад. Вай на танҳо аз ягонгию бародарии аҳли ҷамъияти Тоҷикистон далолат менамоянд, балки боиси ба мамлакатҳои хориҷӣ баромадани ҷумҳурии мо низ мегардад. Зиёда аз ин, ба воситаи «Шоҳроҳи ваҳдат» тамоми ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва Қазоқистон низ ба Ҷумҳурии халқии Чин ва дигар мамлакатҳо баромада метавонанд. Бо ин шоҳроҳ аз Ҷумҳурии халқии Чин ба мамлакати мо молҳои ниёзи мардум оварда хоҳад шуд, ки ин тадбир сабаби фаровонӣ ва арзонии молҳои бозорҳо низ шуда метавонанд.
  • Ваҳдати ҳақиқӣ бидуни инкишофи тафаккури таърихӣ, хештаншиносӣ ва равнақу ривоҷи шуури миллӣ ба даст намеояд. Пешвои миллат 27 июни соли 1997, дар муроҷиатнома ба муносибати имзо гардидани созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ чуни таъкид карда буд: «Ҳодисаҳои баамаломада моро вазифадор месозад, ки ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори тоҷикистонӣ буданро тақвият диҳем. Ба ҳар як амалиёти ҷудоиандозӣ сари вақт зарбаи ҳалокарбор зада, иғвогаронро шармсори халқ гардонем». Бесабаб нест, ки Пешвои муаззами миллат ҳам назарияи ваҳдати миллӣ, ҳам шаклҳои амалии онро ба ҳаёт ҷорӣ мекунад. Осори пурмуҳтавои Пешвои миллат «Тоҷикон дар оинаи тахрих. Аз Сосониён то Сомониён» дар ду рисола ва суханрониҳои эшон «Тоҷикистон дар остонаи фардо» (1997), «Душанбе-шаҳри дӯстӣ ва бародарӣ» (1998), «Фарҳанг-ҳастии миллат» (2000), «Зиёиён равшангарони роҳи фардои миллатанд» (2004), маърӯзаю сӯҳбатҳои анъанавии Пешвои миллат бо зиёиён дар арафаи иди Наврӯз ва суханрониашон дар ҷашнҳои ҳарсолаи Ваҳдат, ки дар Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳури баргузор мегардад, назария ва ғояҳои олии ваҳдати миллиро дар байни халқ густариш медиҳанд.
Дар ҷумҳурии мо назарияи ваҳдати миллӣ бо корҳои шоистаи амалӣ ба субут расонида мешавад. Таҷлили ҷашни 1100-солагии давлати Сомониён, 2500-солагии шаҳри Истаравшан, 2700-солагии шаҳри бостонии Кӯлоб, ҳазораи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, 1000-солагии Носири Хусрав, 650-солагии шоир ва орифи шаҳир Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, 675-солагии ғазалсарои бузурги машриқзамин Камоли Хуҷандӣ, 90-солагии зодрӯзи академик Бобоҷон Ғафуров, Рӯзи забони тоҷикӣ, сали тамаддуни ориёӣ ва дигар чорабиниҳои таърихӣ ва илмию фарҳангӣ, ки дар ҳамаи онҳо бевосита асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханрониҳои пурмазмун карданд, нишонаи рӯшани эҳтиром гузоштан ба таърихи тайкардаи миллат, бузургдошти шахсиятҳои оламшумули таърихӣ, илмӣ ва фарҳангӣ маҳсуб мешавад. Махсусан, соли 2009 таҷлили бузургдошти Имоми Аъзам мардуми шарифи тоҷикро аз фаъолияту афкори ин донишманди ҷаҳони ислом огоҳ намуд. «Насли имрӯзаи тоҷиконро зарур аст бидонанд, ки чаро пешиниёни миллати мо, махсусан Имом Абӯҳанифа чунин мақомеро соҳиб гашта буданд, ки имрӯз беш аз 800 миллион мусулмонон пайрави мазҳаби ҳанафӣ мебошанд»-иброз медорад, Эмомалӣ Раҳмон.
Ваҳдати миллӣ тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро фаро гирифтааст. Аз ин сабаб ваҳдати сиёсӣ, ваҳдати иқтисодӣ, ваҳдати маънавӣ то рафт мустаҳкам мешавад ва густариш меёбанд. Онҳо барои беҳбудии ҳаёти халқ ва истеҳкоми давлат хизмат мекунанд. Ин аст, ки ваҳдати миллӣ ҳастии миллат ва ояндаи дурахшони ӯст. «Ба қадри ваҳдату дӯстию ягонагӣ расидан амри имону виҷдон аст»-мегӯяд, Восеъ Қурбон. Ҳар давлате, ки ваҳдати миллиро мустаҳкам кард кард, дар назари аҳли ҷаҳон соҳибэътибор ва муқтадир аст. Давлате, ки ваҳдати миллиро мустаҳкам карда натавонад, ба зиддиятҳо ва бархӯрдҳои нерӯҳои манфиатҷӯ ва ҷоҳпараст роҳ медиҳад. Хушбахтона, Тоҷикистон ихтилофҳои дохилиро бартараф намуда ваҳдати миллиро пойдор сохт. Дар роҳи ободию осудагии халқу мамлакат устуворона қадамзада, дар атрофи Президенти худ муттаҳид гардида, обрӯю эътибори Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд мебардоранд.
Зайниддини Абдулҳамид – номзади илмҳои филология, муаллими калони кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *