ВАҲДАТИ МИЛЛӢ РУКНИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

Таърих гувоҳ аст, ки тоҷикон ҳамеша иттиҳоду ягонагии аҳли ҷомеа ва фалсафаи таҳаммулгароиро тарғибу ташфиқ намуда, бо намояндагони дигар халқу миллатҳо, дину оин ва фарҳангҳо муносибати некбинона доштанд. Андешаи сулҳу ваҳдат дар табиату хислати мардуми тоҷикон бо арзишҳои муқаддас табдил ёфтаанд ва ҳамеша дар ҷустҷӯи эҷоди пули дӯстӣ ҳастанд. Маҳз ба василаи иттифоқу иттиҳод ва ҳидоятҳои сулҳпарваронаю хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ин неъмати бебаҳорро ба даст овардем. Ин сифати шоистаи фитриро Роҳбари давлат чунин тавсиф намудааст: “Мо фақат бо фаъолияти муштарак метавонем, ки ғояҳои наздикшавӣ ва ҳамкориҳои тамаддунҳоро дар амал татбиқ намоем”.
Ваҳдати миллӣ рукни асосии худшиносии миллӣ мебошад, зеро ҳар фарди бедордилу ватандӯст қарзи фарзандии худро дар баробари Ватан эҳсос менамояду беҳтарин рисолати инсонии худро ба ҷо меоварад. Пешвои миллат, қайд менамоянд: «Ҷавҳари худшиносии миллӣ аз дӯст доштани Ватан модар, забон, таърих ва арзишҳои таърихиву фарҳангӣ сарчашма гирифта, ба ташаккули шахсиятҳои дорои ҷаҳонбинии солиму пешрафта боис мегардад”.
Тоҷикистони соҳибистиқлол, имрӯз 28 солагии ҷашни Ваҳдати миллии худро ҳамчун давлати мустақил ва узви баробарҳуқуқи ҷомеаи байналмилалӣ таҷлил мекунад. Шоёни зикр аст, ки дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ оқибатҳои фоҷиабори ҳодисаҳои солҳои навадуми асри гузаштаро таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бартараф карда, дар сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардид ва дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мақому мавқеи хосаи худро пайдо намуд. Шоистаи зикр аст, ки дар ҳама ҳолат сабру таҳаммулро пеша карда, ба хотири оромии сиёсии мамлакат гузаштҳои зиёд мекарданд ва бо ақлу фаросати азалӣ ба имзои Созишномаи сулҳ муваффақ гардиданд.
Яке аз маорифпарварони шинохтаи тоҷик Аҳмади Дониш “ақл” ва “давлат”-ро ду мафҳуми ҷудоинопазир баён намудааст, ки ин байти Саъдиро шоҳиди овардааст:
Ақлу давлат қарини ҳамдигаранд,
Ҳар киро ақл нест, давлат нест.
Воқеан, он замони пурдаҳшат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рисолати бузургу масъулиятталаби роҳбари давлатро бо поктарин ният ба дӯш гирифтанд. Иҷлосияи тақдирсози ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фарзанди барӯманди халқи тоҷик Эмомалӣ Раҳмон ваколати роҳбарӣ ба ҷомеаи Тоҷикистонро дода, ҳамзамон, ба дӯши ӯ вазифаи мураккабу муқаддаси бунёди давлати воқеан соҳибистиқлол ва демократиро вогузошт. Дар таърихи миллати тоҷикон, қавли ҷавонмардонаи ин фарди фидоӣ абадӣ сабт хоҳад шуд: «Ман ба шумо сулҳ меоварам! Ба хотири истиқрори сулҳи пойдор ва бозгашти ҳамаи фирориён ба Ватан ман тайёр ҳастам, ки ҷонамро қурбон созам». Дар он лаҳзаҳҳои душвор ҳар кас наметавонист, чунин ҷасорату мардонагиро нишон диҳад. Ҳамагон шоҳиди онанд, Пешвои миллат барои таъмини тинҷию осоиштагии мардуми кишвар дар арсаи байналхалқӣ баланд бардоштани обрӯю нуфузи давлати тоҷикон чӣ қадар заҳматҳо кашидаанд.
Ба қавли хеш содиқ монданд, замоне ки ин марди майдон гӯшаи Парчами кишварро бӯсида, савганд ёд карданд ва иброз доштанд: “Тамоми донишу таҷрибаро барои дар ҳар хона ва оила барқарор шудани сулҳ равона менамоям. Барои гул-гулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам. Чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам боварӣ дорам”.
Аз нури ваҳдат он ки дилаш баҳравар шавад,
Кай аз ҳуҷуми зарра парешонназар шавад.
Лозим ба зикр аст, ки ҳамаи талошҳои хастанопазири Пешвои миллат, ин баҳри пешравӣ, гулгулшукуфӣ ва оромиву суботи давлати ҷавони соҳибистиқлоламон мебошад. Дар он рӯзҳои сахту душвор ва асос , дар нахустин муроҷиат ва муаррифӣ намудани дигар гурӯҳҳо Роҳбари давлат таъкид намуд, ки “Ин иҷлосия тақдирсоз аст, бояд донем, ки тақдири ояндаи миллат, кишвар, Ватан, давлат дар дасти мост. Аз ин лиҳоз, бояд худшинос шавем, хиради волои хешро баҳри якпорчагии ҷумҳурии азизамон истифода барем. Баъди ба ҷойҳои худ рафтан яроқро ба замин гузорем, оромии мардумро таъмин намоем”. Пешвои миллат вазифаи асосии худро дар ин Иҷлосияи тақдирсоз муайян карданд ва таъкид доштанд: “... ҷонамро низ фидо мекунам”.
Сулҳи тоҷикон дар таърихи муноқишаҳои сиёсиву ҳарбии кишварҳо кашфиёти тоза аст. Тоҷикистон дар дунё ягона давлате мебошад, ки ҷанги шаҳрвандии он бо сулҳ ва ризоияти миллӣ анҷом пазируфтааст. Аз саҳифаи таърих аён аст, ки дар ҷанги бародаркуш ягон тараф ғолиб намеояд, аммо, дар ин ҷанг тоҷикон ба пирӯзӣ расиданд. Ин пирӯзии ваҳдати миллӣ буд, ки ҳарду ҷониб ташнаи он буданд ва аз оби ҷонбахши мусаффои он ташнагии худро шикастанд. Соиби Табрезӣ ваҳдатро чунин сутудааст:
Ба ваҳдат метавон кардан сабук ғамҳои оламро,
Ки танҳоӣ якӣ созад мусибатҳои оламро.
  • Давлатҳои ҷаҳон ба таҷрибаю амалҳои сулҳоварии халқи мо мароқи махсус зоҳир мекунанд, ба он баҳои сазовор медиҳанд ва онро мавриди омӯзиш қарор додаанд. Аз ҷумла, муншии умумии онвақтаи СММ Кофе Анан чунин таъкид намуда буд: “Тоҷикистон ба бисёр мамлакатҳо дар бобати яктарафа шудани ихтилофати дохилӣ ибрати беназир нишон дод. Ба фикрам, ин саҳми Тоҷикистон ба таърих эҷоди сулҳ аст”.
Рӯзи Ваҳдати миллӣ байни ҷашнҳои миллии мо мақоми хоса дорад. Зеро мо ба ин рӯзи пурсаодат ба ивази машаққати бузург, ҷонбозиҳо ва сабру таҳаммули зиёд расидем. Маҳз аз ҳамин сабаб имзои санади воқеан тақдирсоз яке аз саҳифаҳои муҳимтарини таърихи навини кишварамон бо ҳисоб меравад.
Яке аз заминаҳои бунёдии Ваҳадти миллӣ, ки дар таърих абадан сабт мешавад, ин ҷасорату матонати Сарвари давлати дар таъмини сулҳ ва ризоияти милл ва ҷараёни баргузории гуфтушунид дар қаламрави Афғонистон мебошад. Раванди ин мулоқот дар китоби рӯзноманигорони рус Владимир Сухомлинский ва Геннадий Шалаев “Роҳ ба сӯи созиш” чунин шарҳ ёфтааст: “Эҳтимол вохӯрии аз ҳама пуршиддат ва хатарноку бемисл дар Афғонистон, 11 декабри соли 1996 баргузор шуд. Вақте ки Саид Абдулло Нурӣ ба Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки гуфтушунидро дар рустои Ҳусдеҳ, ки дар шимоли Афғонистон, вилояти Тахор ҷойгир аст, гузаронад ва гӯё иродати Президентро месанҷид, ӯ бе ягон дудилагӣ розӣ шуд: Ман тайёрам дар ҳар ҷой ва ҳар соат вохӯрам. Муҳим он аст, ки вохӯрӣ судманд бошад”. Ин сухани Роҳбари давлат фарогири аносири ҳувиятсозии миллӣ, ватандӯстӣ, рисолати шаҳрвандиву қарзӣ фарзандӣ ва пешбарандагии қавму миллат мебошад, ки қисмати 6 - миллон аҳолиро бар дӯш гирифтанд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки бо ташкили ин ҳаракати бошукӯҳ неруҳои сулҳдӯсту ватанпарвар дар атрофи ғояҳои наҷиби ваҳдату ҳамбастагӣ ба ҳам омаданд. Дар ин маврид Роҳбари давлат дар маърӯзаи барномавии худ гуфта буданд: “Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бояд ҳар як хонадон, кӯчаву маҳал ва шаҳру деҳаро фаро гирад”.
Дар раванди ташаккули худшиносии миллӣ маърифат ва огоҳии сиёсӣ, фарҳанги сиёсӣ ва зиракии сиёсӣ шарти муҳимтарин аст. Мо имрӯз бо сари баланду ғурури миллӣ изҳор намоем, истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дастоварди бузургтарин ва воқеан таърихии тоҷикон мебошад, ки маҳз дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми кишвар ва азму талоши фарзандони содиқи халқамон муяссар гардид.
Ғарқи ваҳдат бош, агар осуда хоҳӣ зистан,
Моҳиёнро ҳар чи бошад ғайри дарё оташ аст.
Ниёзалӣ Қамбаров, дотсенти кафедраи филологияи Шарқи Наздик

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *