“Ваҳдати миллӣ ва сулҳи сартосарӣ барои мо неъмати азизу муқаддас буда, ҳар яки моро водор месозад, ки онро чун гавҳараки чашм эҳтиёт кунем”.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Имрӯз мо бо ифтихори баланди миллӣ мегӯем, ки мисли кишвари мо мамлакати амнтарину зеботарин нест. Миллионҳо мардуми сайёра сулҳу оромиро дар кишварашон хоб мебинанд, орзу мекунанд, ки танҳо як рӯз сарзаминашон тинҷ бошаду қалбашон ором. Боиси ифтихор аст, ки дар кишвари азизи мо парчами сулҳу субот парафшон аст, бигзор ҳамеша парафшон бошад.
Воқеан ҳам Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии фарзанди фарзонаи миллат, роҳбари соҳибдилу меҳрубонаш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сӯи орзуву ормонҳои бузург гомҳои устувор мегузорад. Соҳиби давлати тоҷикон шудан, истиқлол ба даст овардан орзуи деринаи мардуми куҳанбунёди тоҷикон буд, ки он дар тули асрҳо даст наёфта буд. Маҳз пас аз ба даст овардани истиқлоли давлатӣ ва сулҳу ваҳдат ин орзуи чандинсолаи мардуми тоҷик ҷомаи амал пӯшид.
Сулҳ ба осонӣ ба даст намеояд. Дар зери ин калима тамоми ормонҳои миллати бузург нуҳуфтааст. Сулҳу ваҳдати миллӣ — ин неъмати бебаҳоест, ки барояш мардуми тоҷик ҷонбозиҳо ва ранҷу заҳматҳои зиёдро паси сар намудаанд.
- Пешвои миллат иброз медоранд, ки: “Сулҳ неъмати бебаҳо ва ваҳдат нишонаи шарафу номуси миллӣ ва ҳастии давлату миллат мебошад”.
Мардуми ва таърих солҳои навадуми асри гузаштаро фаромӯш намекунанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд, ки ҳазорон нафарро қурбон кард ва иқтисоду амнияти кишварро фалаҷ сохт. Вале маҳз бо азму иродаи қавии Роҳбари давлат, бо истифода аз фарҳанги баланд ва хирадмандии мардуми тоҷик, кишвар тавонист ба сулҳу субот расад.
- Ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва ин оғози марҳалаи наве дар таърихи давлатдорӣ ва наҷоти миллат гардид.
Сарвари кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи аҳамияти сулҳ чунин мегӯянд: “Мардуми мо набояд ҳаргиз фаромӯш кунанд, ки ба даст овардани сулҳ ва таъмин намудани ваҳдати миллӣ кори саҳлу осон набуд. Барои расидан ба сулҳи воқеӣ ва ваҳдати миллӣ заҳмати зиёде кашида шуд, ва ҷони ҳазорон нафар ба қурбон рафт”.
Сулҳ шарти муҳими пойдории давлат ва бақои миллатанд. Онҳо заминаи рушду нумӯи соҳаҳои иқтисод, маориф, тандурустӣ ва фарҳанг мебошанд. Бе оромӣ ва иттифоқи миллӣ, ягон миллат наметавонад ба мақсадҳои бузург ноил гардад.
Имрӯз мо бояд барои ҳифзи ин неъмати бебаҳо — сулҳу ваҳдати миллӣ, муттаҳид бошем, насли ҷавонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва ҳимояи манфиатҳои давлат тарбия намоем.
Ваҳдат натиҷаи заҳмату талошҳо, хирадмандӣ ва фидокориҳои миллати тоҷикро зери пайравии Пешвои миллат инъикос мекунад. Барои ҳар фарди бедордил зарур аст, ки дар ҳифзи ин арзишҳо саҳмгузор бошад. Танҳо дар фазои сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ мо метавонем Тоҷикистони азизи худро ба як кишвари обод, пешрафта ва дорои ҷойгоҳи сазовор дар ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил диҳем.
Нилуфар Ҳабибуллоева, номзади илми филология, муаллими калони кафедраи назария ва таърихи адабиёти рус