Имрӯз, 11 – уми июни 2025 дар Қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса дар ҳошияи Конфронси илмии байналмилалӣ таҳти унвони “700 сол бо Ҳофиз” намоиши ҷашнӣ ифтитоҳ гардид.
Дар қисмати ифтитоҳи расмии намоиш Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Точикистон Матлубахон Сатториён ва муовини Дабири кулли ЮНЕСКО хонум Лидия Брито роҷеъ ба мақому манзалат ва саҳми мондагори Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ дар рушди адабиёти оламшумули форсу тоҷик суханронӣ намуданд.
Мавриди зикри хос аст, ки дар қатори дигар олимону адибони кишвар, устодони кафедраи назария ва таърихи адабиёти факултети филология ва рӯзноманигории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода. доктори илмҳои филологӣ, профессор Салими Хатлонӣ ва номзади илмҳои филологӣ, дотсент Мушкиниссо Раҳимова дар ин ҷашнвораи бузург ширкат доранд.
Бояд гуфт, ки ҳадафи намоиш муаррифии осори ҷаҳоншумули Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ дар қалби Аврупо ва арҷгузорӣ ба ин шахсияти таърихӣ ва осори бебаҳои шоир мебошад.