11 – уми июни соли 2025 дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ таҳти унвони “Тоҷикистон – ташаббускори ҷаҳонии масоили обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо”, бахшида ба эълон гардидани соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” баргузор гардид.
Дар конференсия муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Бахтиёр Абдураҳимов, муовини ректор оид ба таълим Зулфия Мирзода, муовини ректор оид ба тарбия Лайлӣ Шарифзода, пешбари Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ ва кадастри Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Фазуллозода, мудири лабораторияи моделкунонии захираҳои об ва равандҳои иқлими Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ Қурбон Номвар Бойназар, мудири шуъбаи тадқиқотии сайёҳии Институти илмӣ – тадқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории ДБССТ Ҷамшед Ёров ва дигар омӯзгорону донишҷӯён ширкат намуданд.
Муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Б.Абдураҳимов конференсияро ҳусни оғоз бахшида, доир ба масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ дар масоили об, иқлим ва ҳифзи пиряхҳо, ташаббусҳои созандаи Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои мазкур ибрози назар намуд.
- Қайд гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳод ва ташаббусҳои созандаи хеш дар саросари ҷаҳон мавқеи хос дошта, ҳамаи пешниҳодҳои пурсамари мамлакати мо аз ҷониби созмонҳои байналмилалии ҷаҳонӣ пазируфта мешаванд, ки ин боиси ифтихори миллати мост.
Дар идома, пешбари Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ ва кадастри Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Х.Фазуллозода пиромуни мавзуи “Соли 2025 – ҳамчун соли байналмилалии пиряхҳо дар Тоҷикистон” ва мудири лабораторияи моделкунонии захираҳои об ва равандҳои иқлими Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ Қ.Бойназар дар мавзуи “Буҳрони глятсиологӣ – криосиферӣ дар меҳвари ташаббуси шашуми Пешвои миллат” баромад карданд.
Дар баромадҳо зикр гардид, ки Пешвои миллат дар минбарҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ташаббусҳои Тоҷикистонро баҳри сулҳу суботи ҷаҳон, беҳбудии мардуми сайёра, ҳифзи табиат ва обу иқлим ироа карда, барои беҳдоштии сайёра ва инсоният ҳиссагузор мешаванд.
Ҳамзамон, мудири шуъбаи тадқиқотии сайёҳии Институти илмӣ – тадқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Ҷ.Ёров ва декани факултети муносибатҳои байналмилалии ДБЗХТ ба номи Сотим Улуғзода дотсент Муҳаббатшо Қобилов дар мавзуи “Таъсири гармшавии иқлим ба сиёсати давлатҳо” баромад карда, аз сиёсати муосири давлатҳои дунё ва ташаббусҳои Тоҷикистон сухан карданд.
- Ҳамчунин дар поёни конфронс музокираҳо сурат гирифта, дар он омӯзгорони Донишгоҳ Давлатёр Ҳафизов, Суҳроб Бобокалонов ва Бахтиёр Боев баромад карда, аз тағйирёбии иқлим, иқдомоти Пешвои миллат ва оиди дигар масъалаҳои мубрам ибрози назар карданд.