ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ” ҶАМЪБАСТ ВА ҒОЛИБОН ҚАДРДОНӢ ШУДАНД

4 июни соли 2025 дар Литсейи Умари Хайёми шаҳри Душанбе даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе натиҷагирӣ ва ҷамъбаст гардид. Дар озмуни даври ноҳиявӣ кормандону донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва хонандагони “Гимназия” – и назди Донишгоҳ аз ҳама номинатсияи он фаъолона иштирок карда, соҳиби 9 ҷойи аввал, дуюм ва сеюм шуда, ба даври шаҳрии озмун роҳ ёфтанд.
Мавриди зикру ифтихор аст, ки дар давраи ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дастаи Донишгоҳ иштирок ва ғолибиятро аз рӯйи чор номинатсияи он ба даст оварда, бо ишғоли 9 ҷойи ифтихорӣ аз рӯйи ҳамаи номинатсия миёни донишҷӯёну кормандони касбу кори гуногун ва хонандагон Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода сазовори ҷойи намоён гардид.
Турсунов Ғолиб, омӯзгори кафедраи тарҷума ва забонҳои Осиёи Шарқӣ ва Ҷанубӣ, миёни кормандони касбу кори гуногун аз рӯйи номинатсияи “Адабиёти классикии тоҷик”, сазовори ҷойи 2 – юм;
Саидмуминова Сафина, омӯзгори кафедраи забонҳои Шарқ, миёни кормандони касбу кори гуногун аз рӯй номинатсияи “Адабиёти классикии тоҷик”, сазовори ҷойи 3 – юм;
Шашаева Шабнам, донишҷӯйи курси сеюми факултети муносибатҳои байналмилалӣ, аз рӯйи номинатсияи “Адабиёти муосири тоҷик” сазовори ҷойи 2 – юм;
Орифова Зебунисо, ассистенти кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносӣ, миёни кормандони касбу кори гуногун, аз рӯйи номинатсияи “Адабиёти муосири тоҷик” сазовори ҷойи 3 – юм;
Ҳасанова Саёҳат, донишҷӯйи курси сеюми факултети забонҳои Аврупо аз рӯйи номинатсияи “Адабиёти ҷаҳон” сазовори ҷойи 1 – ум;
Саидов Анис, донишҷӯйи курси 3 – юми факултети забон ва адабиёти рус аз рӯйи номинатсияи “Адабиёти ҷаҳон” сазовори ҷойи 2 – юм;
Мирзоева Шоира, донишҷӯйи курси дуюми факултети тарҷумонии забонҳои Шарқ сазовори ҷойи 3 – юм;
Қаюмов Шаҳзод, мутахассиси шуъбаи таҳлил ва иттилоот, миёни кормандони касбу кори гуногун, аз рӯйи номинатсияи “Адабиёти ҷаҳон” сазовори ҷойи 2 – юм;
Сиёвушзода Озар, хонандаи синфи 3 – и “Гимназия” – и назди Донишгоҳ аз рӯйи номинатсияи “Адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ”, сазовори ҷойи 2- юм гардиданд.
 
  • Ғолибони даври дуюми озмун – кормандону донишҷӯён ва хонандагони “Гимназия” – и назди Донишгоҳро зарур аст, ки барои ширкат дар марҳилаҳои минбаъдаи он омодагии ҷиддӣ дида, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ шаванд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *