Мавриди зикр аст, ки бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон муҳтарам Исмоил Маҳмадзоир, мусобиқаи бонуфузи Гранд Слам Душанбе – 2025 аз 3 – 5 майи соли 2025 дар Қасри теннис ва маҷмаи варзиши обии Душанбе доир гардид.
- Мусобиқаи сайри ҷаҳонии Ҷудо – Гранд Слам дар шаҳри Душанбе бо шукӯҳу тантанаи доир шуд, ки дар он зиёда аз 200 варзишгар аз 27 кишвари дунё ҷамъ омаданд.
Ҳамзамон дар баргузории ин мусобиқаи бонуфузи ҷаҳонӣ донишҷӯёни забондони Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ба ҳайси волонтёр – тарҷумон иштироки фаъолона доштанд.
- Имрӯз бо ташаббуси намояндагони Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ба донишҷӯёни забондон, ки дар баргузории мусобиқаи варзишӣ саҳми хешро гузошта буданд, сертификат ва сипосномаҳо тақдим карда шуд.