ДОНИШҶӮЁНИ МО СОҲИБИ ШАҲОДАТНОМАИ КУРСИ ОМӮЗИШИИ “ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ” ГАРДИДАНД

2 июни соли 2025 дар шаҳри Душанбе Ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат” дар якҷоягӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷамъбасти курси омӯзишии “Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат” – ро, ки давоми нимсоли охир 110 нафар ҷавонони фаъолро аз сафҳои макотибҳои олии ҳудуди пойтахт ба омӯзиш фаро гирифта буд, доир намуд.
Чорабинӣ бо иштироки Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат” ва бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, шунавандагони курс баргузор гардида, зимни он ба шунавандагони курси омӯзишӣ дар фазои тантанвӣ шаҳодатномаи хатм супорида шуд.
Ёдовар мешавем, ки ин курси омӯзишӣ дар доираи нақша – чорабиниҳои муштараки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат” ибтидо аз соли 2019 то инҷониб бо мақсади ҷалби ҷавонони соҳибистеъдоду соҳибмалака, омода намудани онҳо ҳамчун кадрҳои ҷавон ва содиқ ба Ватану миллат, омӯзонидани мактаби давлатдории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷалби онҳо ба фаъолияти волонтёриву корҳои ҷамъиятӣ ва расонидани хизматрасониҳои алоқаманд дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва ба ин васила ташаккул додани афкори сиёсиву баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шунавандагони курс мусоидат намуд.
Ин курс бо ҷалби ходимони давлатӣ, шахсиятҳои шинохта, роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, собиқадорони соҳаҳои мухталиф ва соҳибкорони муваффақ дар давоми ним сол баргузор гардида, ба шунавандагони он имрӯз дар арафаи ҷамъбасти моҳвораи ҷавонон дар фазои тантанавӣ шаҳодатнома ва дипломҳои хатм супорида шуд.
Ҳамзамон, маврид ба тазаккур аст, ки пас аз хатми курс, ҷавонон ҳамчун кадрҳои омодашуда ба хизмати давлатӣ ва ҳарбӣ ҷалб гардида, дар соҳаҳои гуногун ҳамчун мутахассисони баландихтисос фаъолият менамоянд. Айнӣ ҳол, теъдоди муайяни хатмкунандагон дар вазорату идораҳои гуногуни кишвар ба ҳайси кадрҳои соҳибихтисос ба фаъолият пардохтаанд.
Мавриди зикр аст, ки давоми ин нимсола аз Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба ном Сотим Улуғзода ба курси мазкур 4 нафар донишҷӯёни фаъоли муассиса сафарбар гардида, дар чорабиниҳои гуногуни ҷумҳуриявию байналмилалӣ фаъолона ширкат варзиданд. Ҳамчунин, раёсати Донишгоҳ донишҷӯёни мазкурро пас аз хатми бомуваффақи курси омӯзишии мазкур ва соҳиби шаҳодатнома гардидан, қадрдонӣ намуда, аз онҳо талаб кард, ки миёни донишҷӯёни муассиса моҳияти ин курсро тарғиб намоянд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *