ҶАМЪБАСТИ МОҲВОРАИ ҶАВОНОН ДАР БОҒИ УСТОД РӮДАКӢ

28 – майи соли 2025 тибқи наша – чорабиниҳои шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар боғи фарҳангию фароғатии устод Рӯдакӣ “Моҳвораи ҷавонон” таҳти уновони “Ҷовидон бод ҷавонию ҷавонон” ҷамъбаст гардид.
Дар чорабинии мазкур ректори Донишгоҳ профессор Жило Гулназарзода, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сураҷ Чоршанбезода, намояндагони ин ниҳод ва кормандону донишҷӯёни муассиса ширкат намуданд.
Чорабиниро омӯзгорону донишҷӯёни факултетҳои муносибатҳои байналмилалӣ ва равияи омӯзгории забонҳои Шарқи Донишгоҳ омода ва пешниҳод карданд, ки иборат аз сурудҳои ватандӯстона, рақсҳои тоҷикию хориҷӣ аз қабили рақсҳои фаронсавӣ, ҳиндӣ, куриёӣ, чинӣ манзури сокинон ва меҳмонони пойтахт гардонида шуд.
Дар поёни чорабинӣ аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Раёсати Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода барои баргузор намудани МОҲВОРАИ ҶАВОНОН, ки давоми як моҳ дар боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт бахшида ба Рӯзи ҷавонон ташкил ва баргузор карда шуда буд сипоснома тақдим карда шуд.
Дар ин ҳамоиш ҳамчунин ғолибони мусобиқаи варзишии футболи хӯрд, ки бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол барои дарёфти “Ҷоми ректори ДБЗХТ ба номи Сотим Улуғзода” ташкил ва баргузор гардида буд, бо диплому ифтихорнома, медал ва ҶОМИ МУСОБИҚА сарфароз гардонида шуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *