ДОНИШҶӮДУХТАРИ ҲУНАРМАНДИ СОЛ ДАР ДОНИШГОҲ МУАЙЯН ГАРДИД

Бо мақсади тарғиби ҳунарҳои миллӣ ва арҷ гузоштан ба суннатҳои ниёгон санаи 28.05.2025 бо ибтикори бахши занон ва духтарони Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода озмуни “Донишҷӯдухтари ҳунарманди сол – 2025” ҷамъбаст гардид.
Дар озмун ректори Донишгоҳ профессор Жило Гулназарзода, омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳ иштирок доштанд.
Роҳбари муассиса зимни суханронии худ таъкид намуд, ки баргузор намудани чунин сабқату озмунҳо миёни ҷавондухтарон аз ҷумла, намоиши ҳунарҳо ва таъомҳои миллӣ, эҳёи суннатҳои ниёгон хел ба маврид буда, пайваста ташкил ва баргузор намудани чунин чорабиниҳо моро ба мақсад наздик мекунад. Мо танҳо ба воситаи чунин маҳфилу чорабиниҳо духтарони ҳунармандро муайян намуда, либосу хӯрок ва анъанаҳои миллии зебои тоҷикиро тарғиб ва муаррифӣ карда метавонем – иброз дошт, профессор Жило Гулназарзода.
Бояд гуфт, ки даври аввали озмун дар факултетҳои Донишгоҳ баргузор гардида, беҳтаринҳо ба даври ниҳоӣ пешниҳод гардида буданд.
Донишҷӯдухтарон дар даври ниҳоӣ аз рӯи 7 номина ҳунару истеъдоди худро ба аъзои ҳакамон нишон доданд:
– маълумот дар бораи асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон;
– қироати шеъри ватандӯстона;
– омода кардани оши бурида;
-намоиши либосҳои миллӣ;
– ороиши рӯй ва мӯй;
– моҳирона реза кардани сабзӣ барои таъоми миллии оши палав;
– бастани гарданбанд (галстук);
– омода кардани хӯриш;
Барои муайян намудани маҳорати донишҷӯдухтарон аъзои ҳакамон аз ҳисоби муовинони ректор ва омӯзгорони Донишгоҳ муайян гардида буданд, ки иҷроиши ҳар як номинаро баҳогузорӣ намуданд.
Аз рафти чорабинӣ маълум гардид, ки духтарон ба омода кардани хӯрокҳо ва анъанаҳои миллӣ таваҷҷуҳи зиёд доранд ва ҳар як шарти гузошта шударо бо завқи баланд иҷро менамуданд.
Ғолибони ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ва шоҳҷоизаи озмуни “БЕҲТАРИН ДОНИШҶӮДУХТАРИ ҲУНАРМАНДИ СОЛ-2025” дар чорабинии ҷамъбастии МОҲВОРАИ ҶАВОНОН, ки дар БОҒИ ФАРҲАНГИЮ ФАРОҒАТИИ УСТОД РӮДАКӢ бо иштироки ректори Донишгоҳ профессор Жило Гулназарзода ва муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сураҷ Чоршанбезода ташкил ва баргузор гардида буд, қадрдонӣ шуданд.
Шоҳҷоиза ва дипломи озмун насиби донишҷӯи курси сеюми факултети тарҷумонии забонҳои Шарқи Донишгоҳ Лола Мавлонова гардид.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *