ФУТБОЛ – МАЙДОНИ ИТТИҲОДИ МИЛЛАТҲО

Футбол – на танҳо як бозии сертамошобин ва бо ҳаракати ҷисмонӣ, балки як падидаи иҷтимоиву фарҳангиест, ки миллатҳо, нажодҳо ва кишварҳоро дар фазои ягонагӣ ва дӯстӣ гирди ҳам меорад. Он аз ангуштшумор василаҳои фарҳангист, ки метавонад одамони дорои забону урфу одатҳои гуногунро муттаҳид созад.
Тавре аз таърих маълум аст, мардуми сайёра бештар аз 150 сол аст, ки ба бозии футбол машғуланд ва ин бозӣ аз замони пайдоиш то кунун як вазифа ва як ҳадаф дорад, ки он ҳам иттиҳоди инсонҳо мебошад. Замони имрӯз ҳатто дар хурдтарин деҳае аз кӯдакон то калонсолон ба футболбозӣ машғуланд, яъне футбол ҳамчун як маҳсули эҷоди тафаккури инсонӣ аз як бозии одӣ ба омили пайвандгари инсоният табдил ёфтааст.
Ҳанӯз санаи 17.09.2004 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо Президенти онвақтаи Федератсияи байналмилалии футбол Ҷозеф Блаттер ва Раиси Конфедератсияи футболи Осиё Муҳаммад Ҳаммом таъкид намуда буданд: Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инкишофи соҳаи варзишу бардамӣ, бахусус, ривоҷу равнақи футбол диққати махсус медиҳад. Варзиш қосиди сулҳ, омили муттаҳидсозии ҷавонон ва заминаи боэътимоди ташаккули тафаккури солим аст. Аз ин рӯ, ташкилу баргузории мунтазами чорабиниҳои варзишӣ, аз ҷумла, мусобиқоти футболбозон дар ҷумҳурӣ ба ҳукми анъана даромадааст ва дар оянда низ дар ин самт тадбирҳои қавӣ анҷом дода хоҳад шуд. “
Дар идомаи ҳамин мулоқот Президенти Федератсияи байналмилалии футбол Ҷозеф Блаттер мегӯяд: “Алҳол футболбозони тоҷик дар доираи бозиҳо барои дарёфти Ҷоми ҷаҳон, Ҷоми Осиё ва бозиҳои Олимпӣ талоши амиқ доранд. ФИФА бо нишони дастгирии футболбозони тоҷик тадбири хосае хоҳад андешид.”
Дар хусуси бозии ҷаҳоншумул ва пурмухлистарини футбол Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ мефармоянд: “Футбол яке аз роҳҳои беҳтарини нигоҳ доштани саломатӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, инчунин, муҳимтарин василаи муттаҳидсозии халқу миллатҳои гуногун мебошад.“
Яке аз ҷанбаи муҳимми футбол – фарҳанги эҳтиром ба рақиб, риояи қоидаҳо ва ҳамкории гурӯҳӣ мебошад. Ин арзишҳо, ки дар заминаи варзиш парвариш меёбанд, метавонанд дар муҳити иҷтимоӣ низ интиқол ёбанд ва барои тарбияи насли наврасу ҷавон ҳамчун намуна ва робитаи байни халқияту миллатҳо хизмати арзанда ва созанда кунанд.
Ҳамин мазмун ва муҳтаво дар сархати сеюми Қатъномаи кабулкардаи Ассамблеяи Генералии СММ аз 7 майи соли 2024 таҳти №A/78/L.56/ 78/281 дар бораи “Рӯзи ҷаҳонии футбол” таъкид шудааст: “Бо эътирофи саҳми арзишманди варзиш дар таҳкими маориф, рушди устувор, сулҳ, баробарии гендерӣ, ҳамкорӣ, ҳамбастагӣ, адолат, фарогирии иҷтимоӣ ва ҳифзи саломатӣ дар сатҳи маҳаллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ ба ташаккули фазои таҳаммулпазирӣ ва фаҳмиши мутақобила миёни халқҳо ва давлатҳо мусоидат менамояд.”
Бояд ёдовар гардид, ки қабули Қатъномаи Ассамблеяи Генералии СММ аз 7 майи соли 2024 таҳти №A/78/L.56/78/281 бо пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва дастгириву ҳаммуалифии асосии қатънома – намояндагиҳои доимии Баҳрайн ва Ливия сурат гирифтааст.
Дар банди шашуми ҳамин Қатънома дастури баманфиате барои тамоми ҷомеаи аҳли башар тавсия мешавад: “Ба ҳамаи давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид, аъзои муассисаҳои махсусгардонидашуда ва нозирони Маҷмаи Умумии СММ, инчунин ба ташкилотҳои низоми Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла, Шуъбаи рушди иҷтимоии фарогири Департаменти масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии котиботи СММ, дигар ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, доираҳои илмӣ, бахши хусусӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдори дахлдор пешниҳод менамояд, ки Рӯзи ҷаҳонии футболро мутобиқ ба афзалиятҳои миллии худ бо тарзи муносиб таҷлил намуда, иттилоотро дар бораи фоидаҳои футбол барои ҳама, аз ҷумла, дар доираи фаъолияти омӯзишӣ ва маърифативу иттилоотӣ, густариш диҳанд.”
Футбол дар таърих собит намудааст, ки метавонад, ҳатто дар шароити таниши сиёсӣ ва ихтилофоти геополитикӣ, миёни кишварҳо ва мардумон воситаи иртиботи дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ қарор гирад. Бисёр мавридҳо собит кардаанд, ки бозии дӯстона миёни тимҳои миллӣ дар коҳиши таниш ва эҷоди фазои ҳамдигарфаҳмӣ таъсири мусбат расонидааст.
Мусобиқоти бузурги байналмилалӣ, чун Ҷоми ҷаҳон, Ҷоми қораҳо ё Лигаи чемпионҳо ва амсоли инҳо майдонҳои зинда ва айёнии намунаи иттиҳоди халқҳо ва миллатҳои гуногуни сайёра ба шумор мераванд. Дар ин чорабиниҳо на танҳо бозигарон, балки садҳо ҳазорҳо ва миллионҳо мухлис аз гӯшаҳои гуногуни олам бо эҳсос ва ҳаяҷони яксон ҷамъ меоянд, ки ин худ аз худ як ҷашни фарҳангӣ ва шодиву сурури башардӯстона аст.
Аз равзанаи дигар бозии футболро воситаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ байни бозигарон ва мухлисон баръало донист, зеро барои барқарор кардани муносибати дӯстиву рафоқат ва меҳру садоқат забони ягонаи муошират лозим аст. Маҳз, ҷавонон ва кӯдакон дар саросари дунё тавассути футбол на танҳо бозӣ мекунанд, балки аз якдигар меомӯзанд, муошират мекунанд ва ҷаҳонбинии худро васеъ месозанд. Ин бозӣ онҳоро бо забони умумии эҳсос, қувва ва ваҳдат пайванди ногусастанӣ медиҳад.
Хулоса, доманаи густариши бозии футбол бештар аз ҳар равзанаи бозиҳои варзишӣ аст. Он ҳамчун воситаи пуриқтидору неруманди фарҳангсоз, сулҳпарвар ва иттиҳодовар мебошад. Дар ҷаҳоне, ки неруҳои ҷудокунанда зиёданд, футбол метавонад неруи пайвандсоз бошад. Футбол метавонад, майдоне барои дӯстӣ, эҳтиром ва ваҳдати инсоният ва ҳамбастагӣ амал кунад.
Бо варзиш будан тавоно, зебо ва доно будан аст!
Фатҳуллоев Қутбиддин Саидшоевич, муаллими калони кафедраи забоншиносӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *