Ҷовидон бод ҷавонию ҷавонон

(бахшида ба Моҳвораи ҷавонон)
Дар асоси нақша – чорабиниҳои шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Моҳвораи ҷавонон дар боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт идома дорад.
Санаи 22 – уми майи соли 2025 чорабинии фарҳангии омодакардаи донишҷӯён ва омӯзгорони факултети тарҷумонии Забонҳои Шарқи Донишгоҳ бо иштироки роҳбарият, омӯзгорону донишҷӯёни муассиса дар Боғи устод Садриддин Айнӣ баргузор гардид, ки иборат аз рақсу суруд ва таронаҳои ватандӯстона буд.
Бояд ёдовар шуд, ки “Ҷовидон бод ҷавонию ҷавонон” силсилачорабинӣ буда, то охири моҳи май дар боғҳои фарҳангии пойтахт идома меёбад.
Ташкил ва баргузор намудани ингуна чорабиниҳо дар боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт бо мақсади таъмини истироҳату фароғати меҳмонон ва сокинони пойтахти азизамон аст.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *