Шуруъ аз 22 – май то 24 – майи соли равон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол, барои дарёфти “Ҷоми ректори ДБЗХТ ба номи Сотим Улуғзода” дар толори варзишии Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бо ибтикори шуъбаи кор бо ҷавонони муассиса байни донишҷӯёни факултетҳо бозии хурди футбол роҳандозӣ гардид.
Дар маросими кушодашавии мусобиқа муовинони ректор Зулфия Мирзода ва Лайлӣ Шарифзода, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳ Маҳмадсаид Ғафуров, мудири кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва муодифаи шаҳрвандӣ Фазилат Камилова, садорати факултетҳо ва донишҷӯён ширкат намуданд.
Мувофиқи қуръакашӣ байни 8 факултет баргузории мусобиқа муайян гардида, он мутобиқи ҷадвали тасдиқгардида, роҳандозӣ мегардад.
Мавриди зикр аст, ки беҳтарин бозингарони футбол дар арафаи Рӯзи ҷаҳонии футбол аз ҷониби Раёсати Донишгоҳ бо туҳфаҳои хотиромон қадршиносӣ мегарданд.