ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ИТТИЛООТ, ИННОВАТСИЯ ВА РАҚАМИКУНОНӢ ДАР ДОНИШГОҲ

Солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон карда шавад”.
Эмомалӣ Раҳмон
Санаи 19 – уми майи соли 2025 бахшида ба эълон доштани солҳои 2025 – 2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо иштироки ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода профессор Жило Гулназарзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода, муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Мирзоқосим Каримзода, сардори Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илми ҶТ Ҳикматулло Саидзода, муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Шоҳзод Раҳимзода, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ Шабнам Раҳимзода, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Умеда Саидзода дар Донишгоҳ Маркази иттилоот, инноватсия ва рақамикунонӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Бояд гуфт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаашон ба Маҷлиси Олии мамлакат моҳи декабри соли 2024 ироа карда буданд: “Барои вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт солҳои 2025 – 2030 Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон карда шавад”. Ифтитоҳи ин Марказро раёсати Донишгоҳ дар партави суханони боло бунёд намудааст.
Марказ иттилоот, инноватсия ва рақамикунонӣ дорои 65 ҷойи нишаст буда, ба омӯзгорону донишҷӯён имконият медиҳад, ки дар раванди дарсҳо ба муҳити ташаккули забони омӯхташаванда ворид шуда, бо фарҳангу тамаддун ва заминаҳои рушди забонҳои хориҷӣ шиносоӣ пайдо намоянд. Марказ бо хатти интернети баландсуръат пайваст мебошад. Омӯзгорони Донишгоҳҳои хориҷи кишвар, ки бо ДБЗХТ ба номи Сотим Улуғзода шартномаҳои ҳамкорӣ доранд, имконият пайдо менамоянд, ки тариқи онлайнӣ ба донишҷӯён ва шунавандагони курсҳои забономӯзӣ дарс гӯянд.
Бояд гуфт, ки аз ин пас фаъолияти омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳ пурра тариқи электронӣ баҳогузорӣ шуда, дар раванди супоридани санҷишу имтиҳонҳо ва пешниҳоди маълумот оид ба фаъолият онҳо таъмин карда мешавад. Ҳамзамон истифодаи барномаҳои автоматикунонидашуда ба сарфаи вақт, кам кардани хароҷот ва аз байн бурдани омилҳои субективӣ мусоидат мекунад

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *