Бахшида ба моҳвораи ҷавонон санаи 17-уми майи соли 2025 мусобиқаи варзишии волейбол миёни донишҷӯёни 12 Донишгоҳу донишкадаҳои шаҳри Душанбе баргузор гардид. Мусобиқаи мазкур тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов роҳандозӣ гарда буд.
Мақсад аз ташкил ва баргузор наамудани мусобиқаи мазкур сазовор истиқбол гирифтани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва ҳамчунин тарғиби ҳаёти солим, ҷалб намудани ҷавонон ба машғулиятҳои мунтазами тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тарғибу ташвиқи бозии волейбол миёни ҷавонон, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ байни онҳо ва ба ин васила баланд бардоштани маҳорати варзишӣ мебошад.
Донишҷуёни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар мусобиқаи мазкур миёни 12 даста бо ба даст овардани имтиёзҳои зиёд сазовори ҷойи сеюм гардиданд.