Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода озмуни “Quiz on Korea” бо иштироки ректори Донишгоҳ профессор Жило Гулназарзода, сафири Куриёи Ҷанубӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Чон Сонг Шик, Референти раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Абдуллозода И., котиби сафир Ли Ҷи Сонг ва устодони забони куриёии донишгоҳу донишкадаҳои шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Дар оғоз ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Жило Гулназарзода меҳмононро ба Донишгоҳ хайрамақдам гуфта, баргузор кардани ин гуна озмунҳоро муҳиму саривақтӣ унвон кард.
Сафири Куриёи Ҷанубӣ Чон Сонг Шик барои истиқболи самимӣ ва муҳайё намудани шароит мусоид ҷиҳати баргузории озмун миннатдорӣ баён намуда, иброз дошт, ки озмуни “Quiz on Korea” зери сарпарастии Сафорати Ҷумҳурии Куриёи Ҷанубӣ дар Тоҷикистон қарор дорад. Мақсад аз роҳандозӣ кардани озмун дарёфти ҷавонони забондон ва соҳибзавқ мебошад.
Бояд гуфт, ки дар даври аввали озмуни “Quiz on Korea”, ки ба таври тестӣ баргузор карда шуд 100 нафар донишҷӯ аз Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, донишҷӯёни Донишгоҳи Славянии Руссия-Тоҷикистон ва забономӯзони маркази забономӯзии Шоҳ Сеҷонги назди ДБЗХТ ба номи Сотим Улуғзода ширкат намуданд, ки аз ин шумор танҳо 45 нафар ба даври дигари сабқат роҳ ёфтанд.
Ба донишҷӯён ва забономӯзон саволҳои оид ба забон, таърих, фарҳанг, ҷуғрофия ва сиёсати Куриё пешниҳод карда шуд.
Баъд аз хулосабарории аъзои ҳакамон ишғоли ҷойи якум насиби донишҷӯи курси дуюми ихтисоси тарҷумонии забони куриёии Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷи Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Тиллозода Мадина гардид.
Донишҷӯи курси сеюми ихтисоси тарҷумонии забони куриёӣ Донишгоҳ Сатторов Суҳроб ва забономӯзи маркази Шоҳ Сеҷонг Деҳқонова Меҳрангез дар озмуни мазкур сазовори ҷойи дуюм гардиданд.
Тиллозода Мадина бо ишғоли ҷойи аввал имконият пайдо намуд, ки дар озмуни ҷаҳонии “Quiz on Korea”, ки моҳи августи соли равон дар Куриёи Ҷанубӣ баргузор мегардад, Тоҷикистонро муаррифӣ кунад.
Барои болидарӯҳии иштирокчиён рақсҳои миллии ду давлат Тоҷикистон ва Куриё намоиш дода шуд.
Мақсад аз баргузарии озмун баланд бардоштани сатҳи забондонии донишҷӯён ва кашфи ҷавонони забондон мебошад.