Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бо иштироки сардори раёсати илм ва инноватсия Шамсиддин Ҳайбуллоев вохӯрии машваратӣ дар партави омодагии ғолибони даври донишгоҳӣ ба озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” доир гардид.
Дар машварат ҳайати комиссияи даври донишгоҳии озмун ва ғолибони даври якуми озмун аз рӯйи номинатсияҳои озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ширкат карданд.
Вазъи омодагии довталабони Донишгоҳ ва хонандагони гимназияи назди донишгоҳӣ мавриди барасӣ қарор дода шуда, ҷиҳати таъмини шароит барои омодагӣ ба даври ноҳиявӣ тадбирҳои қатъӣ андешида шудааст. Инчунин барои беҳбудӣ ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар ҷузвдонҳои довталабон маслиҳату музокираҳои судманд баргузор гардид.
Раиси комиссияи даври донишгоҳии озмун профессори кафедраи назария ва таърихи адабиёт Салими Хатлонӣ, мудири кафедраи назария ва таърихи адабиёт Нурмат Шамсов, дотсенти ҳамин кафедра Хосият Олимӣ дар музокаираҳо баромад карда, доир ба баргузории озмун, омодагии довталабон ва талаботу низомномаи озмун сухан карда, барои довталабон дар ин озмуни бонуфуз барору комёбӣ таманно намуданд.