7 – уми майи соли 2025 дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бо
иштироки ректори Донишгоҳ профессор Жило Гулназарзода, сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдуллозода Шамсиддин, сармутахассиси раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Садафмоҳ, муовини ректор оид ба таълим Мирзода Зулфия, сардори раёсати таълим Маҳмадшариф Гадозода, садорати факултетҳои Донишгоҳ ва намояндагони шуъбаҳои маорифи навоҳии кишвар, тақсимоти хатмкунандагони равияи омӯзгорӣ ташкил ва баргузор гардид.
Дар соли таҳсили 2024 – 2025 шуъбаи рӯзонаи факултетҳои Донишгоҳро 240 нафар донишҷӯ аз рӯи ихтисосҳои равияи омӯзгорӣ хатм мекунад, ки аз ин 123 нафар тариқи шартномавӣ, 84 нафар тариқи буҷавӣ ва 33 нафар тибқи квотаи Президентӣ таҳсил кардаанд.
Намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мутахассисони ҷавон аз бобати имтиёзҳо ва дастгириҳои Ҳукумату давлат ба хусус, ғамхориҳои бесобиқаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан гуфтанд.
Мақсад аз ташкил ва баргузор кардани ин гуна баҳамоӣ сари вақт ба ҷойи кори доимӣ таъмин намудани мутахассисони ҷавон ва роҳнамоии дурусти онҳо ба касби пуршарафи омӯзгорӣ мебошад.
Сармутахассиси раёсати кадрҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Садафмо Сафарзода таъкид дошт, ки дар ҳолати бесабаб ва дар вақти зарурӣ ҳозир нашудан ба ҷойи кор мувофиқи қонунҳои дахлдор чораҳои зарурӣ андешаида мешавад.
Дар қисми поёни ҷамъомад, ректори Донишгоҳ профессор Жило Гулназарзода ва сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдуллозода Шамсиддин ба хатмкунандагон барор ва комёбиҳои назаррас дар фаъолияти омӯзгорӣ орзу намуда, таъкид намуданд, ки дар таълиму тарбияи дуруст, омода кардани ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ ва касбомӯзӣ ҷиддӣ бошанд то меҳнатҳояшон самаровар гардад.