Бо ибтикори кафедраи назария ва таърихи адабиёти факултети филология ва рӯзноманигории Донишгоҳи байналамилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода конференсияи илмӣ – амалӣ бахшида ба 114 – солагии Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода таҳти унвони “Мирзо Турсунзода- мунодии сулҳу дӯстии умумибашарӣ” бо иштироки шоир, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода Зиё Абдулло, декани факултети филология ва рӯзноманигорӣ номзади илми филологӣ, дотсент Сайёра Азимова ва ҳайати профессорону омӯзгорони факултети мазкур доир гардид.
Дар оғози ҳамоиш декани факултет Сайёра Азимова аз саҳми мондагору арзишманд ва беназири устод Мирзо Турсунзода дар пойдории сулҳи миллатҳои дунё, осори гаронарзиши шоир Мирзо Турсунзода ёдовар шуд.
Шоир Зиё Абдулло доир ба осори пурғановат, хислатҳои накӯву самимияти бемисли фарзанди фарзонаи миллат устод Мирзо Турсунзода баромад намуда, чанд хотираи худро атрофи вохӯрӣ ва дидораш бо шоир Мирзо Турсунзод барои ҳозирин пешниҳод намуд.
Инчунин профессорони кафедраи назария ва таърихи адабиёт Салими Хатлонӣ дар мавзуъҳои “Тасвиророӣ ва маънигаройӣ дар ашъори Мирзо Турсунзода”, Шариф Исрофилниё “Мирзо Турсунзода ва суннатҳои адабиёти классикии форсу тоҷик” ва мудири кафедраи назария ва таърихи адабиёт Нурмат Шамсов дар мавзӯи “Мавқеи корбурди “шеъри нав” дар осори Мирзо Турсунзода” маъруза намуданд.

Дар конференсия донишҷӯёни фаъоли ихтисоси забон ва адабиёти тоҷики факултет аз эъҷодиёти шоир Мирзо Турсунзода шеъру достонҳо қироъат карданд.
Ҳамоиши илмиро навори таърихие, ки оид ба фаъолият ва зиндагиномаи шоир Мирзо Турсунзода буд ҳусни анҷом бахшид.
Мақсад аз ташкил ва баргузор намудани ин гуна ҳамоишҳо боз ҳам бештар ошно гардонидани ҷавонон ба кору рӯзгори ибратомӯзи фарзонафарзандони миллати тоҷик мебошад.