ТАҶЛИЛИ 80- СОЛАГИИ РӮЗИ ҒАЛАБА ДАР ДОНИШГОҲ

6 – уми майи соли 2025 дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷи Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бахшида ба 80 – умин солгарди Рӯзи Ғалаба чорабинии идона бо иштироки ректори муассиса профессор Жило Гулназарзода, раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Сино Шарифҷон Орипов, раиси маъюбони башардӯстони ноҳияи Сино Ибодулло Шарипов, ҷанговарони башардӯст Ҷумъа Нормуродов, Аҳлиддин Кабиров, Азизхӯҷа Тоиров ва омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳ баргузор гардид.
Дар ибтидои чорабинӣ ректори Донишгоҳ Жило Гулназарзода ҳозиринро ба ифтихори Рӯзи Ғалаба табрик гуфта, ба онҳо саломативу сиҳатмандӣ, рӯзгори ободу осуда таманно намуда, иброз дошт, ки заҳмату талош ва меҳнатҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешавад. Фарзандони шуҷоъи миллати тоҷик барои хомӯш кардани оташи ҷанг ҷонбозиҳо карда, номи худ ва миллаташонро дар саҳифаҳои таърих бо хатҳои заррин сабт намуданд иброз дошт ректори муассиса.
Ҳамзамон раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Шарифҷон Орипов, раиси маъюбони башардӯстони ноҳияи Сино Ибодулло Шарипов баромад карда, аз давраҳои нангини замони ҷанг, қаҳрамониҳои бемисли ҷавонмардони тоҷик дар сарзаминҳои Белорусия, Украина, Афғонистон ва дигар мамлакатҳо, саҳми занон ва қаҳрамонии онҳо дар майдони муҳорибаву ақибгоҳ ёдовар шуданд.
Чорабинии фарҳангӣ – фароғатии омоданамудаи донишҷӯён ва омӯзгорони факултети равияи омӯзгории Забонҳои Шарқ, ки иборат аз рақсу сурудҳои тоҷикӣ, русӣ, чинӣ, куриёӣ буд манзури ҳозирин гардонида шуд.
Дар поёни чорабинии тантанавӣ бахшида ба 80- солагии Рӯзи Ғалаба сипосномаву туҳфаҳои молии Раёсати Донишгоҳ аз ҷониби ректори муассиса ба меҳмон тақдим карда шуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *