ИДОМАИ СИЛСИЛАЧОРАБИНИҲОИ ДОНИШГОҲ ДАР БОҒИ “КУЛИ ҶАВОНОН”
Санаи 5 – уми майи соли 2025 дар асоси нақша – чорабиниҳои шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, дар боғи фарҳангӣ – фароғатии “Кули Ҷавонон” -и шаҳри Душанбе чорабинии фарҳангӣ доир гардид.
Бояд гуфт, ки мувофиқи нақша чорабинии фарҳангиро омӯзгорон ва донишҷӯёни факултети Забонҳои Аврупои Донишгоҳ омода намуданд, ки дар он раёсати Донишгоҳ, ҳайати профессорону омӯзгорон, донишҷӯён ва ҳамчунин намояндаи бахши кор бо ҷавонон ва мудири шуъбаи фарҳанги ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ширкат доштанд.
Донишҷӯёни факултет бо суруду таронаҳои марғуб ва рақсҳои дилнишин хотири баҳамомадагонро шод намуданд.
Барои хотирмон гузаштани чорабинии фарҳангӣ сарояндагони шинохтаи кишвар Тобиш Ҳилолӣ ва Фариддун Иброҳимзода даъват шуда буданд, ки бо сурудҳои ватандӯстона ба чорабинӣ ҳусн бахшиданд.
Мавриди зикри хост аст, ки ташкил ва баргузор намудани чунин чорабиниҳо дар боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт бо мақсади таъмини истироҳату фароғати меҳмонон ва сокинони пойтахти азизамон роҳандозӣ гардида аст.