Имсол 80 – солагии ғалаба дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Ҷашн гирифтани чунин иди бузург аҳаммияти махсуси худро дорад, зеро намояндагони зиёда аз 100 миллату халқият ҳамчун узви як оила муттаҳид гардида, барои ба даст овардани пирӯзӣ ҷоннисориҳо кардаанд. Дар ин ҷанги бераҳмона зиёда 73 кишвари дунё иштирок намуданд. Амалиёти ҳарбӣ дар қаламрави 40 давлати дунё ҷараён гирифта буд. Дар ин муҳорибаҳои шадиду хунин аз кишварҳои иштирокчии ҷанг зиёда аз 110 миллион нафар афсарону сарбозон сафарбар шуда буданад.
Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он давра аҳолиаш зиёда аз якмиллион нафарро ташкил медод, беш аз 300 ҳазор шаҳрвандони худро сафарбар намуда буд. Онҳо бо ҷасорату қавииродагии хеш ҷони худро баҳри ҳимояи Ватан нисор намданд. Аз ин шумора зиёда аз 90 ҳазор нафар тоҷикистонӣ барои ҳифзи Ватан қаҳрамонона ҳалок гардиданд. Родмардоне, ки дар муҳорибаҳои хунин иштирок намуданд, баҳри ҳифзи Ватан ва шарафу номуси мардуми хеш корнамоиҳои бемисл нишон додаанд ва он мояи сарфарозӣ ва ифтихор мебошанд.
Барои мардонагӣ ва далерию шуҷоат нишон додан 68 нафар иштирокчиёни ҷанг аз Тоҷикистон ба унвони олии «Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ» сарфароз гашта, 21 нафарашон дорандаи ҷоизаи ордени «Шараф», зиёда аз 90 ҳазор нафар бо ифтихорномаҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шуравӣ ва ордену медалҳо сарфароз гардонида шудаанд. Бояд зикр намуд, ки дар қаламрави Тоҷикистон се дивизияи хушкигарди Артиши Сурх таъсис дода шуда, бо шароити зарурӣ таъмин гардидаанд, ки дар муҳорибаҳои муҳимтарини ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ширкат карданд.
Моҳи октябри соли 1941 аз Тоҷикистон барои муҳофизати Москва дивизияи 20-уми савораи кӯҳӣ, дорандагони орденҳои Байрақи сурхи ҷангӣ ва Ленин сафарбар карда шуда буд. Ҳазорҳо фиристодагони Тоҷикистон дар ин ҷо аввалин таҷрибаи ҷангӣ омӯхтанд, зиёда аз 150 сарбозу афсарони ин двизия, ки дар муҳорибаи назди Москва қаҳрамониҳо нишон дода бо мукофотҳои арзишманди ҳукуматӣ қадрдонӣ карда шудаанд. Дар муҳорибаҳои Сталинград низ фарзандони барӯманди Тоҷикистон мардонагии бемисл нишон додаанд. Ҷанговарон ва фармондеҳони дивизия бо ҷасорати худ ҳазорон фашистонро несту нобуд намудаанд.
Ҷоннисориҳои фарзандони тоҷик дар ҶБВ дар карномаи таърихи миллати мо бо ҳарфҳои зарин сабт гардида, ҳамчун раҳнамои ибратомӯзи насли имрӯза боқӣ хоҳад монд. Дар байни онҳо ҷасорату шуҷоати бемисли қаҳрамонони Иттиҳоди Шуравӣ ба монанди Неъмат Қарабоев, Ҳодӣ Кенҷаев, Ҳайдар Қосимов, Домулло Азизов, Сафар Амиршоев, Исмоил Ҳамзаалиев, Эргаш Шарифов, Саидқул Турдиев ва чандин ҷанговарони далери тоҷик лавҳаи таърихиро ҷило медиҳанд ва хотираи неки онҳо ҷовидона дар шиори «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад» вирди забонҳо гардидааст.
Дар қатори қаҳрамонони ҶБВ занҳои тоҷик низ мақоми махсус доранд. Бо фармони Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шуравӣ ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дӯши занон вазифаи пурмасъули сангин – ташкили ақибгоҳи боэътимод ва таъмини қушунҳои шуравӣ бо маводи ғизоию пушокӣ вогузор карда шуда буд. Дар ҳолатҳои тезутунд гардидани вазъият дар фроноҳои ҶБВ супориш дода шуда буд, ки аз ҳисоби бонувони тоҷикистонӣ дружинаҳои санитарӣ ташкил карда шавад. Тибқи ин супориш, ба фронт теъдоди зиёди ҳамшираҳои шафқат сафарбар карда шуданд. Дар ин замина қаҳрамониҳои ҳамшираҳои шафқат чун Туҳфа Ҳамсариева, Саодат Сангинова, София Маҳмадова ва дигарон боиси ёдоварист, ки ҳаёти худро барои берун баровардани аскарони маҷрӯҳ аз майдони ҷанг бахшидаанд, ҳеҷ гоҳ аз хотирҳо фаромӯш нахоҳад гашт.
Инак, дар ин Рӯзи Ғалаба – рӯзи ҳуҷҷастаи зафар бо ифтихор метавонем иброз намоем, ки мардуми тоҷик ҳиссаи арзандаи худро дар таъмини ғалабаи умумиҷаҳонии халқҳои шуравӣ бар Германияи фашистӣ гузоштааст. Моро месазад, ки аз гузаштагони бонангу номуси худ ифтихор намоем. Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи хеле ками собиқадорон боқӣ мондаанд, ки ҳамеша таҳти ғамхории Ҳукумати мамлакат ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Аз фурсати муносиб истифода бурда, пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватаниро барои тамоми мардуми Тоҷикистон ва пеш аз ҳама ба иштирокчиёни ин майдони ҷавонмардию далерӣ табрику муборакбод гуфта, дар идомаи зиндагияшон тансиҳатию хотирҷамъиро орзу дорам.
Зайниддини Абдулҳамид – номзади илмҳои филология, муаллими калони кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик