Дар қарни бистум инсоният ду ҷанги ҷаҳониро аз сар гузаронидаст, ки бо хисороти калони ҷонию моддӣ ба анҷом расидаанд.
Ҷанги дуюми ҷаҳон 1 сентябри соли 1939 бо ҳамлаи Олмони фашистӣ ба Лаҳистон (Полша) оғоз гардида, 2 сентябри соли 1945 бо маҳви иттифоқчии он – Японияи милитаристӣ ба анҷом расидааст. Дар ин ҷанг 72 давлати дунё иштирок намуданд, ки ба сафи қувваҳои мусаллаҳашон 110 миллион сарбозон сафарбар карда шуданд. Амалиётҳои ҳарбӣ бошад, дар ҳудуди 40 давлатҳои ҷаҳон гузашта буд. Ҷанг боиси харобӣ ва талафотҳои зиёд гардид, дар он 50-55 млн.нафар одамони ҷаҳон ҳалок гардиданд. Аз ин миқдор 27 млн. дар фронҳои ҷангӣ фавтида, боқимонда мардуми осоишта буданд. Ҷанги дуюми ҷаҳон ягона ҷангест, ки дар он аз ҷониби ИМА ба шаҳрҳои Хиросима ва Нагасакии Ҷопон яроқи ҳастаӣ партофта шуд ва таъсири он то ҳол дар байни мардуми ин шаҳрҳо эҳсос карда мешавад. Ин далелу рақамҳо бори дигар исбот мекунанд, ки то кадом андоза ин ҷанг дар таърихи инсоният харобиовартарин ба ҳисоб меравад.
Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки як қисми таркибии ҷанги дуюми ҷаҳонро ташкил мекунад, 22 июни соли 1941 бо ҳуҷуми аҳдшиканонаи Олмони фашистӣ ба Иттиҳоди Шуравӣ оғоз гардид. Бар зидди Иттиҳоди Шуравӣ фашистон 190 дивизия, ки 5,5 млн. аскару афсаронро дар бар мегирифт, 47260 яроқу силоҳ, 3712 танк, 4950 тайёраҳои ҷангиро равона сохтанд. Иттифоқчиёни Олмон- Венгрия, Италия, Руминия, Финляндия низ бар зидди Иттиҳоди Шуравӣ ҷанг эълон карданд. Роҳбарияти Олмони фашистӣ бо “нақшаи барқосо”-и худ ният доштанд, ки дар муддати кӯтоҳ аввалин давлати коргару деҳқононро нобуд сохта, халқи онро мутеи худ гардонанд. Лекин дар ҳамин лаҳзаи хеле мураккаб мустаҳкамии иттифоқи байни халқҳои шуравӣ исбот гардид. Зеро ҳамаи онҳо ҳуҷуми душманро ба Ватан- модари худ бадбахтии умумӣ ҳисобида, якбора ба муҳофизати он бархестанд. Ин ҷанг барои давлати Шуравӣ хусусияти соф ватаниро гирифт.
Бо мақсади ҳарчи бештар сафарбар намудани кувваҳои мамлакат барои мубориза бар зидди душман 30 июни соли 1941 Кумитаи Давлатии Мудофиа ташкил дода шуд, ки вазъи зиндагии мардумро дар ҳолати ҳарбӣ эълон кард. Ин кумита тамоми фаъолияти ҳарбӣ, сиёсӣ ва иқтисодию мадании халқи шуравиро танзиму роҳбарӣ мекард.
Тоҷикистон чун узви комилҳуқуқи Иттиҳоди Шуравӣ тамоми душвориҳои давраи ҷангро аз сар гузаронида, дар ғалаба аз болои душман саҳми худро гузоштааст. Аз рӯзҳои нахустини ҷанг ҳазорҳо фарзандони содиқи Тоҷикистон бо қатъият талаб мекарданд, ки онҳоро ба фронт фиристанд. Танҳо дар як шабонарӯз ба комиссариати низомии шаҳри Душанбе зиёда аз 700 ариза омад. Дар моҳи июли соли 1941 бошад, ба комиссариатҳои шаҳру ноҳияҳои гуногун зиёда аз 10 ҳазор ариза омада буд. Аз ҷумла, дар қатори аризадиҳандагон шумораи занону духтарон низ хеле зиёд буд.
Дар асоси қарори Кумитаи Давлатии Мудофиа аз 17 сентябри соли 1941 дар тамоми ҳудуди Иттиҳоди Шуравӣ таълими умумии ҳарбӣ (“всеобуч”) ҷорӣ карда шуд, ки он ҳамаи ҷавонмардони синнашон аз 16 то 50 соларо дар бар мегирифт. Дар Тоҷикистон низ аз моҳи октябри соли 1941 то августи 1942 ҳамагӣ 177685 нафар аз таълими ҳарбӣ гузаштанд.
Аз рӯзҳои аввали ҷанг иқдоми сафарбаркунии ҳарбиро Тоҷикистон оғоз намуда, дар ин солҳо ба миқдори умумӣ 253 ҳазору 957 нафар фарзандони солиму бардами тоҷикистонӣ ба ҷабҳа фиристода шуданд. Аз ин миқдор 209 ҳаз. нафарашон дар фронтҳои ҷангӣ, аз ҷумла 175648 дар сафҳои аскарони шуравӣ даъват шуданд. Аз фиристодагони Тоҷикистон 58 ҳазор нафарашон дар амалиётҳои ҷангӣ мардонагию шуҷоати зиёд нишон дода, сазовори ордену медалҳои давлатӣ гардиданд. 54 нафар фарзандони тоҷик ба унвони баландтарини ҷангӣ – Қахрамони Иттиҳоди Шуравӣ ва 19 нафар бо ҳар се дараҷаи ордени Шараф сазовор гардиданд.
Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷавонписарони тоҷикистонӣ дар тамоми амалиётҳои ҷангӣ, аз мудофиаи қалъаи Брест сар карда, то забти пойтахти фашистони Олмон – шаҳри Берлин, иштирок намудаанд. Номи даҳҳо фиристодагони ҷумҳуриамон, ба монанди А. Абдувалиев, О.Раҳмонов, А. Маҳмудов, А. Ҳоҷибоев, Э. Рӯзиев, А.Собиров ва дигарон барои мардонагию ҷонфидоиҳояшон дар остонаи бисёр шаҳрҳои сарҳадии Иттиҳоди Шуравӣ бо ҳарфҳои заррин сабт гадидаанд.
Дар муҳорибаҳои шадид барои озод намудани шаҳри Москва ҷанговарони тоҷик қаҳрамониҳои зиёд нишон дода, зиёда аз 150 нафар бо ордену медалҳо сарфароз гардиданд. Пирмуҳаммадзода А. танкҳои душманро нест карда, худаш мардонавор ҳалок шуд. М. Иброҳимови ӯротеппагӣ дар ҷанг далерӣ карда, душман ва техникаи онро қир намуд. Вай шаш танк ва 16 автомашинаи немисро аз кор бароварда, сазовори ордени Ленин гардид. Дар муҳорибаи назди Москва фиристодагони дигари халқи тоҷик академик Б.Искандаров, Р.Ҷалилов, М. Маҳкамов, И.Обидов, А. Юсуфов, А. Очилов ва дигарон қаҳрамонона ҷангиданд. Онҳо ҷони хешро дареғ надошта, бо намояндагони халқҳои дигар китф ба китф истода, ба душмани ғаддор зарба расониданд.
2 феврали соли 1943 муњорибаи калонтарини таърихӣ дар соњили Волга ба итмом расид. Баъди он артиши Шуравӣ ташаббусро ба даст гирифта, дар фронтҳои Ҷанубӣ- Ғарбӣ, Ҷанубӣ, Дон, Ленинград ва ғайра ба ҳуҷум гузашт. Дар рафти муҳорибаҳои шадид ҷанговарони тоҷик дар торумори душмани ғаддори инсоният саҳми арзандаи худро гузоштанд. Дар Қисму гурӯҳҳои артиши Сурх ҷанговарони мо аз соҳилҳои баҳри Балтика то Кавкази Шимолӣ бо душман љангиданд. Дар ин набардњо фарзандони тољик Т.Одилов, Ш. Исоев, Ш.Хушвақтов, Е. Рӯзиев, Х. Қобилов ва дигарон саҳифаҳои нави далерӣ ва Қаҳрамонӣ кушоданд.
Муҳорибаи Сталинград калонтарин муҳорибаи давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон буд, ки немисҳо тамоми қуваашонро ба он ҷо сафарбар намуданд. Он 200 шабонарӯз давом карда, муассисаҳои зиёд, мактабҳо, хонаҳои истиқоматӣ ба хок яксон карда шуданд. Дар ин муҳориба сарбозону афсарони дивизияи 61-уми савораи кӯҳгарди Тоҷикистон матонату қаҳрамониҳои зиёд нишон доданд. Бо дасти онҳо 3500 аскар, 8 самолёт, зиёда аз 40 танк, 46 тӯп, 300 автомашинаи душман несту нобуд карда шуд. Барои ҷасорат нишон додан 527 нафар аскарони Тоҷикистон бо ордену медалҳо мукофотонида шуданд.
Минбаъд дар муҳорибаҳо барои озод кардани шаҳрҳои Курск, Орёл тоҷикписарон Ходӣ Кенҷаев, Исмоил Ҳамзаалиев қаҳрамонии беназир нишон доданд.
Дар задухӯрдҳои Курск (5-7 июл) тирандоз Ҳодӣ Кенҷаев бо батареяи худ чандин ҳуҷуми танкҳои душманро зада нобуд сохт. Бо камони худ танкзан мошинаҳои душманро аз кор баровард. Ин далерӣ ӯро сазовори номи Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ гардонид.
Собиқ деҳқони колхози К. Маркси ноҳияи Ленинобод Исмоил Ҳамзаалиев 8-10 июл баландии беномро ҳимоя карда, бо тиру тӯп танкҳои душманро нест намуд. Вай маҷрӯҳ шуда бошад ҳам, майдони набардро тарк накард. Корнамоии ӯ низ бо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ таҚдир карда шуд.
Тирамоҳи соли 1943 барои гузаштан аз дарёи Днепр 21 нафар фиристодагони Тоҷикистон, аз ҷумла Домулло Азизов, Саидқул Турдиев, Ҳайдар Қосимов, Тӯхтасин Мирзоев, Иван Крумин, Виктор Барутин, Ҳоҷӣ Мухаммадмирзоев, Бакир Давлатов ва дигарон сазовори унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ гардиданд.
5 октябри соли 1943 дар яке аз ҳуҷумҳо дар фронти Волхов собиқ колхозчии колхози “Коммунист”-и ноҳияи Ашт Тӯйчӣ Эрйигитов дар наздикии истгоҳи роҳи оҳани Любан, дар қисми ғарбии деҳаи Смердиня бо сари синаи худ зоти душманро маҳкам карда, ғалабаи рафиқонашро таъмин кард. Барои ин ҷасораташ баъди маргаш 21 феврали 1944 ба унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ сарфароз гардид.
Ҷанговарони тоҷик дар озод кардани ҷумҳуриҳои Балтика, Белоруссия, Украина, Лаҳистон, Чехославакия, шаҳри Берлин низ саҳмгузор буданд.
Дар давраи ҷанг дар қатори мардон занони тоҷик низ қаҳрамониҳои зиёд нишон дода, дар шикаст додани қушуни фашистони немис саҳми худро гузоштанд. Яке аз онҳо лётчикдухтар Ойгул Мамадҷонова мебошад, ки барои қир намудани тайёраҳои зиёди душман ба ордени “Ленин” мукофотонида шуд.
Духтарони тоҷик курсҳои кӯтоҳмуддати ҳамшираҳои шафқатро хатм намуда, дар майдони муҳорибаҳо ҳаёти ҳазорҳо ҷанговаронро наҷот додаанд. Аз ҷумла, С. Ниёзова, Н.Умарова, Р.Ёқубова, И.Қурбонова, Г.Ҳайдарова, А.Смагина, Р.Фозилова ва бисёр дигарон дар қатори мардон истода, корнамоиҳои ҷангӣ нишон доданд.
Ҳамин тавр, фиристодагони Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ҳамаи фронтҳои ҷангӣ қаҳрамониҳои беҳамто нишон дода, дар ғалабаи умумии мардуми шуравӣ аз болои Олмони фашистӣ ҳиссаи арзанда гузоштанд.
Мо фарзандони он миллате ҳастем, ки фашизмро шикаст дод ва барои озодии ҷаҳон ҷони худро қурбон кард. Хотираи шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ моро водор месозад, ки Ватанро бо тамоми ҳастӣ дӯст дорем ва сулҳро чун гавҳари нодир ҳифз кунем. Ғалаба нишонаи садоқати халқ ба Ватан ва далериву матонати беандоза буд. Мо бояд онро пос дорем ва аз он сабақ бигирем.
Қаноатова Гулдаста, дотсенти кафедраи таърих ва робитаҳои байнифарҳангӣ